Хониши бадеӣ. Сотим Улуғзода. «Ривояти суғдӣ” (Идома)
15
Дар бозгашт ба шаҳр Ёдхишетак аз ақиби ихшид дар сари саворони вай мерафт. Ихшид дар нисфи роҳ ўро ба назди худ хонд. Ёдхишетак шитобон рафта дар наздики вай аз асп фуромаданӣ шуд (дар пешгоҳи подшоҳ савора ҳозир шудан мамнўъ буд), лекин ихшид ишора кард – иҷозат дод, ки савора ояд. Паҳлавон чанде дар паҳлўи вай асп ронд. Ихшид пурсид:
– Ҳарифатро чӣ гуна ёфтӣ?
– Ҳарифи шоистаест, шоҳам, – ҷавоб дод Ёдхишетак.- Бо неру шерро монад, ба тезчангӣ палангро ва ба чобукӣ гурбаро.
– Ту аз ў бим дорӣ?
– На, шоҳам, ғуломи шоҳам умедвор аст, ки бо мадади худоён ва меҳрубонии шоҳи бузург фардо бар вай зафар ёбад.
– Аммо чунин умедро ў ҳам дорад?
– Оре, лекин ғуломи шоҳам гумон намекунад, ки умеди Виркан бо дилпурӣ бошад.
– Пас ту бо дили пур умедворӣ?
– Охир, ғуломи шоҳам бо мадади худоён ва меҳрубонии шоҳи бузург дар се соли гузашта се навбат бар рақибон зафар ёфт, пас чаро бо дилпурӣ умедвор набошад, ки ин навбат ҳам худоён ва шоҳи бузург ба вай меҳрубон ва мададгор хоҳанд буд?
– Мо хоҳони зафари туем, аммо… ҳайф аст, ки ҷавонпаҳлавоне чун Виркан кушта гардад.
– Савганд ба Зарвони бузург, ки инро ғуломи шоҳам низ намехоҳад ва агар шоҳи бузург нафармояд, ғуломи шоҳам ўро намекушад, аммо ғуломи шоҳам чӣ кунад, ки ин расмро пешиниён ниҳодаанд…
Оре, паҳлавони номдори найзаву шамшеру каманду камон Ёдхишетак ба зафар ёфтани худ дар набарди фардо дилаш пур буд.
Пас Виркан чӣ?
Виркан ба шубҳа афтода буд.
Ёдхишетак аз гумони ў пурзўртар, пурҳунартар баромад. Дар гўштии савора Виркан қариб буд, ки мағлуб шавад.
Дар хонаашон вай парешонхотир менамуд, камгап буд. Ревахшиён, ки дар маърака ҳозир ва гўштигирии писарашро бо дили тапон назора карда буд, ба андешаи Виркан пай бурд ва гуфт:
– Бешак, Ёдхишетак аз ту пурзўртар аст, аммо назар ба ту тезтар монда мешавад. Ту аз вай ҷавонтар, чобуктар ва ҳам пурбардошттарӣ: ба гумонам, агар ту тавонӣ, ки набардро кашол дода ўро монда кунӣ, шояд ба ў даст ёбӣ.
Аммо ин маслиҳати падар хотири Вирканро осуда накард. Вай шабҳангом боз ба зиёрати оташкада рафта аз мағупат дуою фотиҳа гирифт…
16
Пагоҳӣ роҳи аз шаҳр то майдони машқи сарбоз беш аз пеш сертараддуд буд. Тўда- тўда пиёдаҳо, аспакиҳо, харакиҳо ба он сў мешитофианд. Ихшид бо мушояати дарбориён ва чокаронаш низ дар он ҷо ҳозир гашт.
Ёдхишетак савори аспи гарданфарози йўрғаи ҷиран, Виркан савори саманди қашқаи худ ба майдон даромаданд. Ҳар ду бо ҷиҳозу аслиҳаи ҷанговарон: найза, зиреҳ, сипар, кулаҳхўди мисини рўпўшакдор муҷаҳҳазу мусаллаҳ.
Бо ишораи ихшид гулбонги дуҳулу наъраи карнайҳо оғози набардро эълон кард.
Паҳлавонон аз ду ҷониби майдон аспони шиҳакаши беқарорро бо чорхези пурҳайбате андохта, найзаҳоро ба пеш рост карда ба муқобили якдигар тохтанд.
Пайконҳои пўлодини найзаҳо яке ба сипари Ёдхишетак ва аз они ў ба зиреҳи Виркан дар ғояти тундӣ кўфта шуданд, аммо нахалиданд, ғеҷиданд, аспони ҷангии ба ҳам бархўрда шиҳаи пурғулғулае кашида ду пои пеш барафроштанд, гузаштанд, рафтанд.
Издиҳоми халқ аз ҳаяҷони қалбӣ дам ба дарун кашида, садое намебаровард. Имрўз ин набард бояд ба ҳалокати яке аз паҳлавонон анҷомад.
Ҳамлаҳо, мусодамаҳои шадиду қаттол дувоздаҳ карат такрор ёфтанд. Найзаи ҳамлаовар гоҳ бо зарби найзаи муқобил гардонда мешуд, гоҳ ба сипару зиреҳ ё кўҳаи зин бармехўрд, гоҳо ҳариф дар лаҳзаи хатар зуд ба ин ё он паҳлў хамида пайкони ҷоншикорро чапғалат медод.
Дар карати ёздаҳум найзаи Виркан аз зарби силоҳи рақиб шикаст, Ёдхишетак ҳамон лаҳза бо тамоми қувваташ ба зери шиками зиреҳпўши Виркан найза зада ўро аз болои зин чаппагардон кард.
Ғиреве аз издиҳоми халқ бархост. Фарёди ҷигархароши марде баланд гардид.
– Вой писарам! Ҷавонмарг шудӣ! Э вой хок бар сарам!
Ревахшиён ду дасти мусибат ба сар мезаду менолид.
Виркани латхўрдаву дар замин ёзида ҳаракати бархостанд кард, лекин Ёдхишетаки савор найзаашро ба синаи ў фишурда ўро ҷунбидан намемонд.
Ғолиб дар ҳамин ҳолат сўи ихшид таъзим кард.
Ихшид бояд ба вай бо ишора иҷозати куштан диҳад ва он гоҳ паҳлавон найзаашро ба гулўи мағлуб халонда ўро хоҳад кушт.
Аммо ихшид даранг мекад,- шояд дилаш ба Виркан месўхт.
17
Дар ҳамин лаҳза як марди фарбеҳҷуссаи паҳнриши ҷомадароз аз байни издиҳом шитобон пеш баромада сўи ихшид таъзим кард ва бо овози баланд гуфт:
– Зиндагонии подшоҳи бузург дароз бод, ман хуни Вирканро харидам!
Гўянда бозаргони машҳури бухороӣ Нўфарн буд, ки бо кори бозаргонии худ ба Самарқанд омада буд. Маънии хитоби Нўфарн ин буд, ки: агар Ёдхишетак розӣ шавад, ман Вирканро аз вай ба ғуломӣ мехарам. Мағлуби набард асири ғолиб ҳисоб меёбад, ғолиб одатан ўро мекушад, аммо агар подшоҳ иҷозаташ диҳаду харидор пайдо шавад, метавонад накушаду фурўшад.
Агарчӣ Виркан мағлуб шуд, Нўфарн паҳлавониву диловарии ўро дар майдон дида тан дода буд. Бо бозаргони давлатманде чун ў барои муҳофизати корвонҳояш дар роҳҳои пурхатари машриқу мағриб ҳамин гуна чокири далер даркор буд.
Виркан ба Ёдхишетак хитоб мекард, ки:
– Бикуш маро! Ба фурўхтан розӣ нестам, зудтар бикуш!
Ёдхишетаки зотан нармгуфтор ва хушмуомила ба вай ҷавоб медод,ки:
– Худат медонӣ, додар, ризоияти асирро намепурсанд. Баъд, инак ихшид ишора кард, ки туро фурўшам. Хайрият! Аз рехтани хуни ту халос шудам. Ту зинда мемонӣ, Виркани далер!
Вай баҳои Вирканро чаҳорсад дирам кард. Мардумон ҳайрон монданд: охир, ин – баҳои як нафар ғуломи одист. Ёдхишетак метавонист асири паҳлавонашро ақаллан ду баробар зиёд баҳо кунад.
– Паҳлавони Суғд кўдаквор сода аст, – мегуфтанд мардумон.
Асп, сипар, ҷавшану кулоҳи Виркан ҳам азони Ёдхишетак шуданд. Бозаргон аспро аз вай ҳамчунин ба чорсад дирам харид.
Никоҳи Виркану Наиманча бекор шуд, зеро дар паймони заношўӣ, ки ба расми суғдиён домоду арўс бо ҳам дар пеши қозӣ мебастанд, гуфта шуда буд, ки агар яке аз тарафайн ба асорат ё ғуломӣ афтад, тарафи дигар аз қайди никоҳ озод шумурда мешавад.
Бозаргон ғуломи зархаридашро бо ҳамроҳии падари дилрешу дилафгори вай ба манзили худ – ба меҳмонхонаи ошнои самарқандиаш бурд.
Бо падару писар гуфтори нарм дошт, меҳрубонвор муомила мекард.
Ревахшиён аз вай иҷозат хост, ки Виркан ба ревдод рафта бо занаш хайрбод кунад.
– Албатта,- гуфт бозаргон.- Худам ҳам дар ин фикр будам. Бо падарат бирав Виркан, то фардо ба ту рухсат. Фардо ба ҳамин ҷо биё, пасфардо сафар дар пеш аст.
Вақте ки падару писар ба Ревдод расиданд, посе аз шаб гузашта буд.
Он шаб ҳавлии онҳо мотамсаро гардид…
Ба зинда чун мурда гўё азо медоштан. Модару духтар навҳа андохтанд. Наниманча рўю мўйканон бехудона фиғон мекард. Доду фарёдро шунида ҳамсояҳо омаданд. Яке аз занҳо дар ҳоле, ки худ мегирист, Наниманчаро ором карданӣ мешуд:
– Худатро дор, духтарам, дуҷон ҳастӣ, мабод ки ба бачаат зиёне расад.
– Бачаам ба дунё наомада ятим шуд,- менолид ў. – Вой Виркан! Вой мани тирабахти ноком!
Виркан бо ду даст сарашро фишурда дар кунҷи айвон нишаста буду ба худ орзуи марги муфоҷот мекард. Пушаймонӣ аз кардаи худ, пушаймонии дардноктар аз захми теғи ба ҷигар халида вуҷуди ўро месўзонд. Дар дилаш зор-зор аз Ёдхишетак шиква мекард, ки чаро ўро накушт. Дидани ин фоҷиаи тоқатфарсо, ки бо гуноҳи ў ба сари хонавода омадааст, барояш аз марг бадтар буд. Чӣ бояд кард? Фикри гурехтан, пинҳон шуданро вай аз сараш дур меронд. Ба куҷо гурезад? Ғуломи гуреза дар ҳеҷ ҷо паноҳ намеёбад, ўро мекобанд, мегиранд. Занаш ва падараш дар банд меафтанд. Худи ихшид ўро дастгир хоҳад кард,- охир ихшид ба накуштану фурўхтани мағлубшудаи набард фармони муфт намедиҳад, албатта аз Нўфарн «музд»- фармонашро рўёндааст.
Мўсафеди деҳа Ревахшиёни мусибатзадаро таскин медод:
– Шикебо бош, додар, сабукии гарониҳо, осонии мушкилҳо аз шикебоист. Сипос бигў, ки писарат зинда монд, чун ў аз меҳрубонии яздон зинда монд, яздони пок пас аз ин ҳам ўро аз меҳраш бебаҳра нахоҳад гузошт. Писарат то равон дар бадан дорад, умеди халосиаш ҳаст.
Пагоҳӣ Ревахшиён, Наниманча ва модараш Вирканро то сари роҳи Самарқанд гусел карданд. Монанди азодорон навҳа мекарданд, айнан монанди азодороне, ки Чигарбандашонро ба роҳи охирин мегуселонанд.
Дар кўчаи деҳа ба онҳо як тўда мардон, занон ва бачагон ҳамроҳ шуданд. Аксари онҳо низ мегиристанд. Виркан чеҳрааш тирагун гашта буд, хомўшона қадам мезад.
Падараш, занаш, модарарўсаш ўро охирин бор оғўш карданд, фиғон карданд, видоъ гуфтанд, ашки аламу ҳасрат рехтанд.
Чун вай ба раҳи калон афтод, Наниманча худро ба замин партофт, дар хок ҷўлид, ду даст ба қафои шавҳараш ёзонда фарёд зад:
– Виркан! Бидон, ки шавҳари аввалу охирам туӣ!.. Аввалу охир!…Аввалу охир!!!
Баъди ду рўз бозаргони бухороӣ Виркани нокому номуродро ба ватани худ гирифта бурд.
Дар он ҷо вай Вирканро саиси калон- сари саисони худ таъин кард.
(Идома дорад)
Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахасисси шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасон.