Хониши бадеӣ. Сотим Улуғзода. «Ривояти суғдӣ” (Идома)

Бо ин ҳама саффокию дарандагии ў занҳо ошиқаш мешуданд, зеро ҷавони барною ғаюре ва ба илова қасидагўй ва сарояндаи хушовозе буд. Зани Зиёд бинни Абусуфён, ки шефтаи Молик буд, баъзе шабҳо дар либоси мардона пинҳонӣ ба манзили ў ё дигар ҷои хилвати ваъдагӣ меомад. Боре шабҳангом Молик дар кўю кўчаҳо машғули мардумшикорӣ буд, ки марде, аз асас бехабар, фаши дастор бар рўй кашида, шитобон аз наздики ў гузашт. Молик аз паскўчаи торик барҷасту ўро хапгир ва бо як зарби ханҷар сарнагун кард. Дастори мақтул аз сараш париду аз зери дастор гесувони дарозаш баромада парешон гашт: вай зан буд, зани барнои амир, маъшуқаи Молик, ки дар либоси мардона шояд ба манзили ошиқи қотилаш мешитофт….

                                            18

Наниманчаи мусибатзада, азбаски дигар зани Виркан ва келини Ревахшиён ҳисоб намеёфт, гирёну нолон, дар қадаш кўдаки панҷмоҳа, бо модараш ба кулбаи пешинаашон кўчиданд.

Ревахшиён дар хона танҳо монд. Акнун вай, агар тавонад, мебоист ба бекасӣ одат мекард.

Рўзе чанд гузашт, як бегоҳ дар ҳавлии ғарибонаи Ревахшиён нохост Ёдхишетак пайдо гардид.

Ревахшиён дар зери толори баланди ток рўи суфа бедор хобида буд. Вай ба саломи паҳлавон алейк нагирифта, аз бистараш, ки намади кўҳнапорае буду бас, зеро пирамарди ғамзадаи дилафгор ба ҷогаҳ андохтан ҳам ҳавсалааш намонда буд, барнохост ва меҳмонашро ба нишастан ҳам таклиф накард.

Паҳлавон ба лаби суфа нишаста гуфт:

– Аз ман ранҷиданат беҷост. Гуноҳи ман чист?..Чаро ту шукр накунӣ, ки ба ҳар ҳол писарат зинда монд?.. Ноумед нашав, шояд вай рўзе ба ту баргардад. Инак, ман ба ту баҳои ўро овардам, ин чорсад дирамро бигир.- Гўянда ҳамёни пулро сўи Ревахшиён афканд.

Паҳлавон марде бошараф ва поктинат буд.

– Намехоҳам, бубар! – ба паҳлу хобида бо алам гуфт Ревахшиён. – Ба захми дилам намак мапош. Ман фарзандфурўш нестам.

– Ман бо писарат на бо ихтиёри худам набард кардам, на бо ихтиёри худам фурўхтамаш, аз ман наранҷ, падар. Пул аз они туст. – Ёдхишетак инро гуфта бархост ва тез-тез қадам монда аз ҳавлӣ бадар рафт.

МОЛИК ИБН – УР – РАЙБ

                                             19

       Чанде пеш навкарони ҳокими Мадина бори дуввум аз паи ў афтода буданд, лекин ўро ҳеҷ дошта наметавонистанд. Паланги биёбонӣ ҳилагар буд, дум ба даст намедод.

Падари бодиянишини Молик ибн – ур – Райб ҳам роҳзан буд. Шабҳо баромада дар биёбон роҳи мусофиронро, ки мепоид, гоҳо писари навҷавонашро низ ҳамроҳ мегирифт.

Молик пас аз марги падараш касби ўро маҳкам ба даст гирифт ва равнақ дод.

Чун баъди як ғорату куштори фаҷеъ навкарони ҳокими Мадина ба таъқиби роҳзани қотил баромаданд, Молик ба Ироқ гурехт ва дар Басра пайдо гашт. Амири Ироқ бародари халифа, мустабидтарин ва хунхортарини ҳокимони араб Зиёд бинни Абусуфён буд. Молик ба хизмати ў рафт, амир ўро аввал ҷаллод ва сониян асас, яъне миршаби Басра таъйин кард.

Боре мардумони Басра бар амиру амалдоронаш шўрида буданд, ки сарбозони амир шўришро ғарқи хун карданд ва сипас Зиёд гардиши мардумро баъд аз хуфтан дар кўю кўчаҳои шаҳр манъ кард, ба асасҳо фармон дод, ки шаб ҳар киро дар кўчаҳо ёбанд, бикушанд.

Он гоҳ теғи хунрези Молик ибн- ур- Райб ба ҷавлон омад.

Вай шаб ҳама шаб дар кўчаҳо одам шикор мекард ва ҳар киро медид, хоҳ мард, хоҳ зан ва хоҳ кўдак бошад, мекушт.

Дар аввалҳо вай қурбониҳои худро пеш аз куштан калимае чанд «истинтоқ» карда, боиси дар кўча пайдо шуданашон, аз фармони амир огоҳ будан ё набуданашонро мепурсид, лекин баъди як воқеа онҳоро бе ҳеҷ як пурсиш кушта партофтан гирифт.

Воқеа ин ки вай шабе аз шабҳо араберо бо ду гўсфанд дар буни деворе ёфт ва пурсид: Кистӣ ва чаро дар ин ҷо нишастаӣ? Араб гуфт: Аз бодия омада будам, мехостам гўсфандонамро кушаму фурўшам, лекин дер расидам, акнун онҳоро нигоҳ медорам, то ки пагоҳ бикушам. Молик бовар кард ва мардакро накушта ба зиндон бурд. Рўзи дигар ўро ба пешгаҳи амир ҳозир кард, амир узри он мардро шунида гуфт: Ба суханат бовар кардам, лекин ман дар мамлакат расм ниҳодаам, ки кўчагардони баъд аз хуфтанро бикушанд, акнун ман туро зинда гузорам, фардо шаб дигаре омада ҳамчунин баҳонае хоҳад кард ва ин расм табоҳ хоҳад шуд. Ту бегуноҳӣ, аммо барои табоҳ нашудани расм бояд кушта шавй.

Асас ин сухани амирро дар гўши ҳуш гирифт ва ба сафҳаи хотираш навишт. Вай арабро бо ишораи амир дар пеши ў бо шамшер сар бурид ва ду гўсфанди ўро тасарруф кард. Аз он баъд шабе набуд, ки Молик панҷ-шаш марду занро накушад.

Дар фосилаи байни ин кушторҳо вай ба хонаи мардум зер карда медаромад ва мардонро баста ё ки ронда, бо зану духтаронашон зино мекард.

Бо ин ҳама саффокию дарандагии ў занҳо ошиқаш мешуданд, зеро ҷавони барною ғаюре ва ба илова қасидагўй ва сарояндаи хушовозе буд. Зани Зиёд бинни Абусуфён, ки шефтаи Молик буд, баъзе шабҳо дар либоси мардона пинҳонӣ ба манзили ў ё дигар ҷои хилвати ваъдагӣ меомад. Боре шабҳангом Молик дар кўю кўчаҳо машғули мардумшикорӣ буд, ки марде, аз асас бехабар, фаши дастор бар рўй кашида, шитобон аз наздики ў гузашт. Молик аз паскўчаи торик барҷасту ўро хапгир ва бо як зарби ханҷар сарнагун кард. Дастори мақтул аз сараш париду аз зери дастор гесувони дарозаш баромада парешон гашт: вай зан буд, зани барнои амир, маъшуқаи Молик, ки дар либоси мардона шояд ба манзили ошиқи қотилаш мешитофт.

Молик нахустин бор аз куштори бошитобаш пушаймон гашт ва тарсид, аммо тарсаш аз пушаймонӣ бештар буд, вай гурехт.

Пас аз чанде вай, ҳамчун қотиле, ки бешуурона ба ҷои ҷинояташ бармегардад, боз дар Ҳиҷоз, дар навоҳии Мадина пайдо гардид. Ва боз як даста дуздону қотилонро ба худ гирд оварда, касби пештараашро ба роҳ андохт.

Қасди ғорати корвони суғдӣ дар биёбони Ҳиҷоз охирин қасди роҳзании Молик буд, ки ба нокомӣ анҷомид.

Дере аз ин воқеа нагузашта, вай дастгир шуд. Аммо ин бор ҳам толеаш ба вай мададгор омад. Сарҳанги ноэҳтиёткори мадинагӣ асири худро ба як нафар навкараш супурд, ки ба зиндон барад ва худаш пеш рафт. Молик дар як манзил аз навкар пинҳонӣ ресмонеро, ки дастҳояш бо он баста шуда буданд, ба тани дарахт молида қариб ба канда шудан расонидан буд.Чун боз ба роҳ афтоданд, навкар савор буд ва асирро пиёда меронд, дар биёбон Молик ба ногоҳ ресмонро канда ва дастҳояшро раҳо карда барҷасту ба қабзи шамшери навкар чанг зад, навкар ниёми онро гирифт, шамшер аз ниём баромада ба дасти Молик даромад. Молик онро ба сари навкар зада ўро кушт ва аспи ўро савор шуда, аз ақиби сарҳанг тохт, вайро ҳам ёфта кушт ва гурехт.

Ба Бодият- уш- Шом (биёбони Сурия) гурехт: аз он ҷо боз ба Басра ғалтид ва натарсид, зеро дар ин миён Зиёд бинни Абусуфён аз аморати Ироқ маъзул ва ба ҷои ў писараш Убайдулло бинни Зиёд таъйин шуда буд.

Молик дар дарёи Шатт-ул- Араб ба маллоҳии киштии бозаргонии ҳиндӣ киро шуда, муддате дар халиҷи Форс шино кард ва дар охир якчанд маллоҳи дигарро ба худ ёр гирифта, як миқдор зару сим ва ҷавоҳироти бозаргононро дуздида, дар бандари Абўшер ба хушкӣ – ба замини Форс фуромаду дигар ба киштӣ барнагашт.

Вай дар роҳи байни Абўшер ва Шероз аз нав ба роҳзанӣ сар кард…

Идома дорад)

Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,

мутахасисси шуъбаи адабиёти

    кӯдакон ва наврасон.