Хониши бадеӣ. Сотим Улуғзода. «Ривояти суғдӣ” (Идома)

Меҳмон дар интизории илтифоти соҳибхона як латифаи оид ба писари вай Абдуллоҳро ба хотир оварда, беихтиёр хандид. Латифа воқеӣ буд: Абдуллоҳи ба аблаҳӣ номбароварда рўзе ҳангоми шикор дар як деҳа ба харосе (осиёбе) бармехўрад ва мебинад, ки ба гардани хар зангўла бастаанд, аз соҳиби он мепурсад: «Агар харат истода сар ҷунбонидан гирад, ту аз куҷо медонӣ, ки вай гашта истодааст ё не?» Соҳиби харос ба вай чунин ҷавоб медиҳад: «Шукр, ки худои таоло харро чандон хирад надодааст, ки писари амиралмуслиминро додааст».

АМИРИ  ҲАЖДАҲУМ

20

Саид бинни Усмон, писари халифаи саввум, бо чаҳор зани шаръии худ дар Мадина осуда мезист.Ў марди порсое буд, дар байни намозҳои панҷкаратӣ нусхаи Қуръони бо дасти падараш навишташударо тиловат мекард. Рўзҳои сешанбе ва ҷумъа ба сайри зайъаташ – киштзору хурмозорҳояш, ки дар наздикии шаҳр буданду дар онҳо ғуломонаш кор мекарданд, мебаромад, дар бораи рафти корҳо арзи саркоронашро мешунид ва ғуломони мусолиҳакорро таъдиб (адаб додан) мекард, яъне ба саркорон фармуда чўб мезанонд.

Вай аз кашмакашҳои сиёсию мазҳабӣ канора гирифта буд, ба ҷангу ҷидолҳои қурайшиҳо ва умавиҳо, мадиниҳо ва шомиҳо ҳамроҳ намешуд, аз халифа Муовия розӣ буд, зеро Муовия бо падари Саид хеш буда, бо талаби хуни Усмон бо кушандагони вай ҷангида буд ва ҳам ба авлоди он халифаи шаҳид назари нек дошт.

Лекин замоне омад, ки Муовия пир шуд, дар империяи паҳновари аз Нил то Ҷайҳун доман ёзондаи халифаҳо гуфтугў бархост, ки вориси Муовия кӣ мешавад? Наход ки халифаи мўъминон, муршиди мусулмонони олам писари тундхў, шикордўст ва айёши ў Язид бошад?

Он гоҳ ба дили порсои Саид ҳам васваса афтод. «Охир ман,- мегуфт ў ба худ,- писари яке аз чаҳор ёри расули Худо бошам, на фақат обид, балки муҳаддиси маъруф ва фақеҳи машҳур ҳам бошам, чаро халифа ман нашавам? Валлоҳ, ки ба халифагӣ ман аз Язид муносибтарам. Падарам аз падари Язид ва модарам аз модараш авлотар буданд ва ман аз ў авлотарам».

Саид ин суханонро на танҳо ба худаш, балки ба ҷамоати Мадина ҳам гуфта гирифт. Гуфтори ўро шамоли бодияҳои Арабистон аз Ҳиҷоз ба Шом бурда ба гўши Муовия расонд.

Муовия бо вуҷуди ҳеҷ рақибе мадоро намекард, рақибонашро, агарчи хурд ва ночиз ҳам бошанд, бо ҳар воситае, ки аз дасташ меомад, нест мекард. Вай тавонист ҳатто Алии бузург ва тавоноро аз миён бардорад, писари ў Ҳасанро ба ҳила бо дасти зани худи ў кушонд ва сипас он зани ноқисулақли бевафоро ҳам кушт. Даҳҳо рақибони воқеӣ ва гумони худро дар хок кард. Акнун вай дар тараддуди он буд, ки дар зиндагии худаш ба писараш Язид аз бузургони мамлакат байат бигирад. Аммо инак ба халифаи оянда дар шахси Саид бинни Усмон рақиби наве пайдо шудааст!

Халифаи пир меандешид, ки бо Саид чӣ бояд кард?

Ўро аз миён бардоштан душвор набуд, лекин Муовия намехост бо тамғаи қотили Саид бинни Усмон, разиаллоҳу анҳу, ба гўр равад. Хуни Алӣ бинни Абўтолиб, Ҳасан бинни Алӣ ва ақрабои онҳо дар гардани ў бас аст.

Ў чораи дигаре ёфт ва қарор дод, ки Саидро ба пойтахти худ Димишқ даъват кунад.

21

Дусад фарсах камобеш масофаи аз Димишқ то Мадинаро қосиди уштурсавори халифа қариб якуним моҳ ва шутури Саид ба ин сў ҳамчунин якуним моҳ тай карданд, дар поёни моҳи саввум халифазодаи порсо ба дарбори Муовия ҳозир гардид.

Ба кўфтагии роҳи дур хотирпарешонии омехта ва ҳаросонӣ зам шуда буд, зеро Саид ба ваҷҳи даъват шудани худ пай бурда буд.

Вақте ки ўро ба назди халифа дароварданд, пирамард дар ҳолати муроқаба нишаста буд ва бо чашмони пўшида тасбеҳ мегардонд, лабонаш тез – тез ҷудою пайваст мешуданд- вай оятеро беовоз мехонд. Саид аз пойгаҳ салом кард:

– Ассалом, эй халифаи муслимин.

Муовия чашм накушода дар ҷавобаш саре ҷунбониду ба вай ишорати нишастан кард.

Саид дар рўбарўи ў зону зад.

Тасбеҳ оҳиста- оҳиста як давр гашт, соҳиби он чашм накушод, аз оятхонии беовоз бознаистод. Саид ўро дар синни кўдакии худ дида буд ва чандон ба хотир надошт, шунида буд, ки халифаи умавӣ шахси пурсалобатест, ки салобати ҳамсўҳбаташро пахш мекунад. Дар воқеъ дастори ниҳоят калон, риши сафеди душоха, абрувони ғафси дарозмўи дарҳамкашидаи Муовия ба вай салобате мебахшид.Тасбеҳ ба даври дуввум сар кард. Меҳмон дар интизории илтифоти соҳибхона як латифаи оид ба писари вай Абдуллоҳро ба хотир оварда, беихтиёр хандид. Латифа воқеӣ буд: Абдуллоҳи ба аблаҳӣ номбароварда рўзе ҳангоми шикор дар як деҳа ба харосе (осиёбе) бармехўрад ва мебинад, ки ба гардани хар зангўла бастаанд, аз соҳиби он мепурсад: «Агар харат истода сар ҷунбонидан гирад, ту аз куҷо медонӣ, ки вай гашта истодааст ё не?» Соҳиби харос ба вай чунин ҷавоб медиҳад: «Шукр, ки худои таоло харро чандон хирад надодааст, ки писари амиралмуслиминро додааст».

Муовия баногоҳ чашм кушода пурсид:

– Ба чӣ механдӣ?

Саид пушаймон шуд ва тарсид, лекин тарс ба ҳозирҷавобии ў монеъ нашуд:

– Дурўғ гуфтани баъзе мадинагиҳо ба ёдам омаду хандидам,- ҷавоб дод ў, – онҳо маро метарсонданд, ки «Агар ба дорулхилофа равӣ, Муовия туро ба наздаш даромадан замон мекушад», ҳол он ки тасбеҳи амиралмўъминин ду давра гашт ва ман ҳанўз зиндаам.

Халифа нахандид, ба рўи Саид нигоҳ накарда пурсид:

– Ин чӣ суханест, ки аз ту ба мо мегўянд?

Дили Саид таҳ зад. Вай мефаҳмид, халифа кадом сухани ўро дар назар дорад, бо вуҷуди ин бо гулўи аз тарс хушкидаву овози дигаргуншуда суол дод:

– Чӣ мегўянд?

– Ту гуфтаӣ: «Пас аз Муовия ман ба хилофат аз писари вай сазовортарам».

Саид як нафас сукут кард ва дар аснои ин сукут худро як қадар ба даст гирифта қарор дод, ки мункир нашавад, зеро халифа аздусар ба воситаи шоҳидон метавонад дурўғи ўро фош кунад. «Тасдиқ мекунам, ҳар чи бодо бод»- ба дилаш гуфт ў ва ҷавоб дод:

– Агар ҳамин тавр гуфта бошам. Чӣ шудааст? Ин сухан рост буд ҳақ гуфтаам.

– Мехоҳӣ ҷои маро бигирӣ? – ба қаҳр ва оҳиста боз пурсид Муовия, лекин Саид дар пурсиши ў таҳдиди ниҳонӣ шунид.

– На, мо хилофатро ба таслим кардаем ва бар ту инкоре надорем, ту пас аз худат онро ба писарат Язид хоҳӣ гузошт.

– Пас чаро гуфтаӣ: «Ман аз Язид сазовортарам?»

Эӣ халифа, охир ин ҳақиқат аст, наход ки ту инкор кунӣ? Худои ягона шоҳид аст, ки падари ман аз падари Язид, модарам аз модари Язид беҳтар буданд ва… ман…ман аз вай беҳтарам…

Ин бор Муовия сукут кард ва дар поёни сукуташ бори аввал нохост табассум карду бар хилофи интизории Саид гуфт:

Рост мегўӣ. Усмон, разиаллоҳу анҳу, беҳ аз ман ва модари ту алҳақ беҳ аз модари Язид буд, зеро зани қурайшӣ ба зоту насаб беҳ аз зани яманист.

Воқеан халифаи ислом чӣ тавр метавонист ба худаш афзалият доштани Усмонро, ки хеш аз ёри пайғамбар буд ва бартарии қабилаи қурайшро, ки пайғамбар аз он қабила баромадааст, инкор кунад?

Пас Муовия ба ҷиддияти аввалааш баргашта боз гуфт:

Аммо, эй Саид, ин ки мегўӣ, «Ман аз Язид беҳтарам», дили ман ба ин ҳаргиз розӣ намешавад. Савганд ба Худо, ки ягонагӣ сифати ўст, агар аз Ироқ то ин ҷо ки ман нишастаам, ресмоне кашанд, монанди ту касон даст дар он ресмон карда аз он ҷо то ин ҷо қатор шуда бошанд, ман Язидамро аз ҳамаи онҳо дўсттар дорам.

«Ин аст падар!»- ба дилаш гуфт Саид.- Ин аст меҳри падарӣ! Кошки падари ман маро ҳамин тавр дўст медошт. Усмонхалифа, ки нўҳто зан гирифта буд (ва аз инҳо ду зан духтарони пайғамбар буданд), меҳри шавҳариаш аз меҳри падарӣ бар ёздаҳ писару шаш духтараш бештар буд…

Лекин туро ҳуқуқ бисёр аст,- суханашро давом дод Муовия. – Дил хуш дор, ки Хуросонро ба ту додам.

Саид аз ҳайрату шодӣ даҳонаш во шуда монд. Ба по ҷаста дасти Муовияро бўсид.

Эй падари мусулмонони олам, эй муршиди …- Саид мехост бо беҳтарин калимаҳои забони араб бандавор изҳори шукр ва миннатдорӣ намояд, лекин халифа сухани ўро бурид:

Аз имрўз,- гуфт ў,- ту амири Хуросонӣ. Фармон ва байрақ бигиру ба некбахтӣ ба он сў равон шав. Бошад ки худованд шаҳру қалъаҳоеро, ки дар он диёр ҳанўз кушода нашудаанд, ё агар кушода шуда бошанд, боз аз даст рафтанд ва Мовароуннаҳрро, ки дар вай ҳанўз кофирон салтанат доранд, ба дасти ту бикушояд.

Эй халифаи мўъминон, ту маро ба кишвардорӣ мефиристӣ ё кишваркушоӣ?

Ба ҳар ду,- гуфт Муовия ва илова кард:- Ин сўи Ҷайҳун то Балх кушода шудааст, он сў на. Ман Хуросонро чун ба Убайдуллоҳ бинни Зиёд додам, фармуда будам, ки аз Ҷайҳун бугзар ва Суғдро бигир. Вай аз рўд гузашт, то Бухоро рафт, лекин аз гуфтаи ў ба мардумони Суғд ва туркон сахт муқовимат кардаанд, сахт ҷангидаанд. Убайдуллоҳ фақат навоҳии Бухороро ғорат карду баргашт. Ман ўро аз аморати Хуросон маъзул кардам. Акнун туро мефиристам, то ки ту он кишварро тасхир ва ба мамлакати мо мулҳақ гардонӣ. Мегўянд, ки Мовароуннаҳр, Суғд хеле сарватманданд. Ба ту нақдина, сипоҳ ва ҳарчӣ лозим бошад, дода хоҳад шуд…

Ба ҳамин тарз Муовияи ботадбир Саид бинни Усмонро ҳам шод ва ҳам аз сари худ дафъ кард. Ў вақте ки шунид Саид худро ба халифагии баъд аз Муовия ҳақдор мешумораду дар сараш савдои салтанат мепазонад, дар ҳаққи вай ҳамин тадбирро андешида буд, яъне бигузор вай ба Хуросони дур биравад ва бо бухорхудоту ихшиди афшинҳо ҷангида ба ғорату яғмои Мовароуннаҳр машғул шавад: агар вай дар он ҷангу ҷидолҳо кушта шавад, хонадони Муовия аз як рақиби худ халос хоҳад шуд ва агар зафар ёбад, боз ҳам фоидаи халифа аст, зеро вилоятҳои нав қаламрави халифа мешаванд ва ҳам хумс- панҷяки ғаниматҳои ҷанг ва дигар дастбурди ғорату яғмо ба хазинаи ў медарояд.

Халифа ва ноибони онҳо дар Ироқ (вилояти шарқии фатҳшудаҳо тобеи ноиби ироқии халифа буданд) аз соли 645, ки соли таъин шудани Саид бинни Усмон ба Хуросон аст, яъне дар арзи сӣ сол ҳафдаҳ касро паи ҳам ба аморати он кишвар фиристодаанд. Ҳар кадоми ин амирон ва соҳибмансабони онҳо дар муддати кўтоҳи ҳукмронии худ аз ҳисоби халқҳои зеридастшуда на фақат хазинаи халифаҳошонро пур мекарданд, балки худашон ҳам аз он сарзамин ниҳоят тавонгар шуда бармегаштанд.

Саид бинни Усмон амири ҳаждаҳум буд.

Идома дорад)

Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахасисси шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасон.