Хониши бадеӣ. Сотим Улуғзода. «Ривояти суғдӣ” (Идома)
22
Роҳи Саид ба Хуросон аз болои Басра ва Форс (ҷанубии Эрон) афтода буд. Муовия ба волии Басра фармон навишт, ки ба Саид ёрӣ кунад ва чӣ қадаре ки тавонад лашкар, пул ва мол, аслиҳа барояш муҳайё созад.
Саид ин фармон ва парчами амириро гирифта бо мушоияти дусаду чанд нафар моҷароҷўён, муштоқони молу сарват ва мулозимон ба роҳ афтод.
Чун ба Басра расид, волии Басра фармони халифаро хонда, ба Саид ду миллион дирам лавозимоти сафари ўро дод ва ҳам амр кард, ки зуд аз тамоми вилоят мардуми силоҳдорро гирд оваранд.
Дар як ҳафта ду ҳазор мардуми бесару сомони ғазоталаб ва омодаи қатлу ғорат ҷамъ омаданд, инчунин волӣ аз зиндонҳо дуздону одамкушонро бароварда ба ихтиёри Саид дод. Ба ин тариқ амири нави Хуросонро сипоҳе иборат аз чор ҳазор сарбоз муҳайё гардид.
Саид бо ин лашкар ба сўи Форс саворӣ намуд.
Чун ба Шероз расид, волии Шероз аз лашкари ҷаррори Саид тарсида, ҳар чӣ Саид аз вай талаб кард, ҳамаро пазируфт ва ҳозир гардонид. Минҷумла зиндонҳои вилоятро холӣ ва бандиҳоро ба ихтиёри Саид вогузор кард.
Сипоҳи амири Хуросон боз ба ду ҳазор «дузду роҳзану каллабур» афзуд. Ин калимаҳоро дар даруни нохунак гирифтани мо аз он сабаб аст, ки гирифторони банду зиндонро арбоби замона ҳамин тавр меномиданд. Ҳол он ки агар ҷинояткорони касбию зотиро истисно кунем, бештарини зиндониён мардуми камбағали аз адои хироҷ саркашида, ё ба хоҷаҳои бемуруввати худ нофармонӣ карда, ё ба ҳукуматдорони ситамгар шўрида, ё ки ба тўҳмати нокасон дучор шудагон буданд. Фақат, ҷазои ноҳақ, маҳрумӣ аз мулку мол, хории аҳлу аёл, гирифтории дуру дароз ба азобу шиканҷаи зиндон оқибат шахсияти онҳоро табоҳ, ахлоқашонро фосид гардонида, худашонро ба дараҷаи ёбоигӣ расонида буд. Ба онҳо дигар чӣ мемонад? Дигар ҳар чӣ пеш ояд, барояшон фарқ надошт. Дар бораи зиндониёни Басра ҳам, ки акнун сарбозони амири Хуросон шуда буданд, гап ҳамин.
Саид дар беруни шаҳри Шероз ба даште чодир зада буд. Ду ҳазор марди ҷангҷўи ғоратмуштоқ дар пешгоҳи ў саф кашиданд. Саид он шамоилҳои аҷибу ғариб, он мардумони сарупобараҳна, мўи сарҳошон то китфу ришҳои чиркинашон то сари сина фуромада, чашмҳои гуруснаву пажмурдаи кунднигоҳ, дар дасту пою гарданҳошон нақши занҷиру кундаю завлонаро аз назар мегузаронд.
Дар байни онҳо чашми амир ба марди қоматбаланди хуштаркиб ва хушсимое ғалтид, ки бо ин «фазилатҳояш» аз дигарон ҷудо шуда меистод. Фармуд он мардро ба наздикаш оварданд, ў сўи амир баланду бурро:
– Ассаломалайкум, ё айюҳ-ал-амир,- гўён таъзим кард.
– Ту кистӣ? – пурсид Саид.
– Абд-ул-амир, – ҷавоб дод мард.
– Номат чист?
– Молик. Молик ибн- ур- Райб.
Оре, ин мард ў буд, ҳамон паланги биёбонҳои Ҳиҷоз, Сурия, Форс. Ўро дар он қарибӣ навкарони ҳокими Шероз бо таъқиби дуру дарози пурмашаққат дастгир карда буданд. Вай дар зиндон мунтазири ҳукми ҳоким буд. Саид дар Мадина номи ўро борҳо шунида буд ва ҳеҷ гумон накарда буд, ки бо вай дар Форс вомехўрад. Тааҷуб кард ва дам назад. Чун муоянаи сипоҳи форсӣ поён ёфт, амир ба чодири худ баргашт ва фармуд, ки Моликро ба наздаш оваранд.
23
Молик ба чодир даромада таъзим баҷо овард ва бо ишораи Саид дар пойгаҳ ба канори қолини сурх зону зад.
– Ту чӣ тавр ба Форс ғалтидӣ?
– Нахостам ба дасти Марвон бинни Ҳакам сарбурида ё сар ба дор шавам,- ҷавоб дод Молик.
Марвом бинни Ҳакам амири Ҳиҷоз ва аз бадхоҳони Саид буд. Молик, ки инро медонист, бо бурдани номи Марвон хост ба Саид рамуз кунад, ки «Бадхоҳи ту бадхоҳи ман ҳам аст».
– Туро ғуломони Марвон дастгир карданд, ту онҳоро куштӣ ва гурехтӣ?
– Ҳамин тавр, амир.
– Чӣ гуна тавонистӣ?
– Эй амир, сайёд агар палангро ба дом орад, бояд аз худ бохабар бошад, зеро паланг дар банду дом ҳам паланг аст. Сайёдони ман ин пандро фаромўш карда буданд.
Шунидам, ки ту аз он пештар корвони суғдиёнро зада будӣ?
– Муваффақ нашудам.
– Чаро?
– Паҳлавоне бо навкаронаш муҳофизи корвон буд. Ман то он рўз бо марди ҷангисаворе чун ў дучор нашуда будам.
– Ба зиндони Шероз чӣ гуна ғалтидӣ?
– Аз беэҳтиётии худам, амир.
– Марде бадин сурати некў ва мардонагӣ, ки туӣ, чаро роҳ заданро раво медорӣ, моли мардум ба ноҳақ мебарӣ, хуни бегуноҳон мерезӣ?
– Аз тангдастӣ, амир. Дигар ин ки пайваста мехоҳам бахшиш кунам, дар ҳаққи дўстонам эҳсон раво дорам, вале симу зар надорам. Меситонам, мехўрам ва мебахшам.
«Вай ҳоҷиби ман мешавад ва ҳам паҳлавони сипоҳ»- ба дил гузаронд Саид ва пурсид:
– Агар ман туро аз мўҳтоҷии симу зар бираҳонам, роҳзаниро тарк мекунӣ?
Молик ғаниматҳои ҷанг ва дар кишвари суғдиёни «кофир» имкони фарохи ғорату яғморо ба хаёл оварда ҷавоб дод:
– Чаро накунам? Дар хидмати ту хулқу атвори хуб пайдо мекунам ва шукри онро ба худ лозим мешуморам.
– Пас биё, дар хидмати ман бош,- гуфт амир,- то он чӣ худо рўзӣ диҳад, бо ҳам харҷ кунем. Хўроку пўшокат аз ман. Ғайр аз ин, ба ту ҳар моҳ панҷсад дирам медиҳам, то ба касе ки мехоҳӣ бубахшӣ.
– Зиндагонии амирам дароз бод, қабул дорам,- бархоста таъзим кард Молик.
Вай чунин бахту давлатро ҳаргиз ба хаёлаш ҳам наёварда буд…
ХОҶА ВА ҒУЛОМ
24
Корвони суғдиҳо аз сафари дусолаи бозаргонӣ баргашта, дар баҳори соли 675 ба диёри худ расид.
Корвониён чун дар Омул аз Ҷайҳун гузаштанд, ба чашмашон манзараҳое басо ғамангез боз шудан гирифтанд: аз соҳили рўд то Бухоро шаҳру деҳоти валангор, бисёрии ҷўйҳо хушкида, бештарини заминҳои киштро шўраву янтоқ пахш карда, дарахтони боғҳо бурида, ё аз бех барканда ва ё каллак шуда буданд. Ҷо-ҷо барзгар бо суғдӣ кадевор – деҳқони ҷулҳундипўше ба назар мерасид, ки бо ҷуфти говони лоғару коҳил замин шудгор мекард.
Суғди Бухоро тороҷ шуда буд.
Гўё тўфони офатборе аз ин сарзамин гузар карда буд.
Оре, гузар карда буд, аммо на тўфони табиат, балки тўфони ғорату яғмо.
Онро кишваркушоёни бегонае оварда буданд, ки ба як даст шамшеру ба як даст қуръон, сарзаминҳои он сўи Ҷайҳунро забт ва салтанати худро ба устухони халқҳои он тараф устувор гардонида ва акнун дар тараддуди он буданд, ки мамолики ин сўи рўдро ҳам тасхир кунанд, валекин аз шикастани муқобилати мардонаи суғдиён ва туркони муттафиқи онҳо оҷиз омада, ҳоли ҳозир ба тохтутозҳо, бо мақсади ғоратгарӣ ва асиргирӣ, иктифо менамуданд. Порсол амири Хуросон Убайдуллоҳ бинни Зиёд нохост бо лашкари гароне ҳуҷум овард. Бухориён ба ҷанг бархостанд. Бо талаби Хотун – маликаи Бухоро туркон ба вай як миқдор лашкар фиристоданд. Лашкари Убайдуллоҳ агарчи шуморааш бештар ва силоҳаш мукаммалтар буд, бо вуҷуди ҳамлаҳои пуршиддат шаҳри ба муҳосира афтодаро гирифта натавонист. Вай барои он ки бухориёнро ба таслим шудан водор кунад, дар шаҳрчаҳо ва деҳоти атроф харобкории азиме сар кард, ҷанги ғоратгариро бо ниҳояти бераҳмӣ бурд.
Бо фармони вай лашкариёнаш «дарахтонро меканданд, – хабар медиҳад ровии ахбор, – деҳаҳоро вайрон месохтанд ва шаҳрро низ хатар буд», яъне Бухороро ҳам харобазор гардонданӣ буданд.
Аз гирди шаҳр ба шаш ҷониб деҳаҳои сераҳолӣ, киштзорҳо, боғҳо, ҷўйборҳо, роҳҳо дар масофаи чандин фарсах ба биёбон табдил ёфтанд. Бухориён маҷбур шуданд сулҳ бихоҳанд.
Убайдуллоҳ зар ва моли фаровон талаб кард.
Хотуни шўрбахт барои халосӣ аз офати ҷангу муҳосира ва наҷоти кишвар аз харобии тамом ночор ба додани хироҷи талабкардаи Убайдуллоҳ розӣ шуд. Ғоратгарон ин хироҷро рўёнида, чандин ҳазор ҷавонон ва духтарони суғдиро асир гирифта, «ғанимат»- и беҳисоби яғмогариашонро ба садҳо шутур бор карда, хоку хокистари ободиҳои дирўзаро дар қафои худ гузошта рафтанд.
25
(Идома дорад)
Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахасисси шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасон.