Хониши бадеӣ. Сотим Улуғзода. «Ривояти суғдӣ” (Идома)

35

Саркардаҳои бухороӣ ба тавассути ҷосусони худ аз ҳаракати лашкари Саид огоҳ буданд. Сипоҳдор Вғашфарни далер бо понсад савори яккачин дар деҳаи Хуҷадаи воқеъ дар рабаз ба як фарсахии қароргоҳи Молик ибн ур- Райб камин гирифта буд. Ҷосуси ў – як нафар бошандаи деҳа шабона аз девори рабаз номаълумакак гузашта, ба лашкаргоҳи Молик роҳ ёфта, вазъи лашкаргоҳ ва шуғли лашкариёнро дид карда ба Вғашфарн хабар овард.

Вғашфарн ба шабохун задан қарор дод.

Вай дар тарафи чапи Молик истода буд, дусад саворро дарун-даруни рабаз ба тарафи рости ў фиристод, боқӣ сесад савор ба думи аспон намад баста бо сардории сипоҳдор нисфишабӣ аз паси девор ба наздикии қароргоҳи Молик омаданд. Шамшерҳо ва ханҷарҳоро ба дандон газида аз болои зинҳо ба девор ҷаҳиданду ба беруни рабаз гузаштанд. Аспҳо дар паси девор монданд. Посбонони хоболуди лашкаргоҳ оҳиста пахш карда шуданд. Сесад сарбоз барқвор ба сипоҳи дар ғафлат монда дарафтиданд. Аз дигар сў дастаи дусаднафараи бухориён низ расида шамшер ниҳоданд. Наъра мекашиданд, ҳаёҳу меандохтанд. Дар сипоҳи саросемаи душман воҳима ва гурезогурез афтод, лекин Молик тавонист як гурўҳи калони сипоҳашро нигоҳ дошта, ба ҳамлаи ҷавобӣ гузарад. Арабҳо бо вуҷуди талафоти бисёре, ки доданд, боз ҳам ба шумора бештар буданд, бухориён торикии шабро ба худ ёр гирифта ақиб гаштанд. Қариб нисфи сипоҳи Молик қир шуда буд. Талафоти бухориён як саду чор нафар буд (лекин Молик баъдан дар пеши Саид худписандӣ кард, ки ҳазор нафар суғдии «кофир»-ро кушт).

Шабохуни бухориён Саидро ва аз вай ҳам зиёдтар сарони сипоҳашро ба ғазаб овард.

Саид бо тезию тундӣ юриш карда омаду шаҳри Бухороро ба муҳосира гирифт.

Лашкарашро бо азми ҳуҷум ва гирифтани шаҳр  сафҳо орост, манҷаниқҳои қалъакўбро рост кард.

Бухориён аз болои бурҷу бораи шаҳристон лашкари бисёрҳазории душманро медиданд, ки ўрдугоҳашон бо ду-се ҳазор чодир ва галаҳои аспу уштурҳо, арабҳо ба қадду бар то як фарсах ҷойро ишғол карда буд. Бухориён сипоҳи Саидро камобеш чиҳил ҳазор тахмин мекарданд (аз Форс то Марв ба лашкари вай беш аз бист ҳазор нафар ҷангталабони ғоратмуштоқ ҳамроҳ шуда буданд). Лашкари яроқдори Бухоро бошад аз панҷ ҳазор зиёд набуд.

Хотун, ки аз шабохуни бомуваффақияти сипоҳдораш далертар шуда буд, ба азми худ дар бораи муқобилат кардану ҷангидан устувор меистод. Сипоҳдор ўро қавл медод ва бовар кунонд, ки ду-се моҳ ё дар бадтарин ҳол то як моҳ бурҷу бора ва дарвозаҳоро дифоъ ва шаҳрро муҳофизат карда метавонад. Дар ин муддат ихшиди Самарқанд, моликони суғдии ҳамсоя, ки Хотун аз онҳо мадад пурсида буд, лашкар хоҳанд фиристод.

Ихшиди Самарқанд, моликони Каш ва Нахшаб ба мадади Бухоро сипоҳ фиристоданд, лекин мо намедонем ин сипоҳ чи қадар буд. Ба қиёси рафторе, ки баъдан аз он сипоҳ ба зуҳур омад, мумкин аст гумон кунем, ки бисёре набуд: сарҳангон чун лашкари бисёрҳазории арабҳо диданд, «аз эҳтиёт» ба ҷанг надаромада сипоҳашонро ақиб кашиданд. Бухорои дар бало афтодаро ба тақдири худаш ҳавола карданду рафтанд.

Он гоҳ Хотун ночор ба сулҳ хостан маҷбур гардид.

Шабҳангом ҳафт марди савори беяроқ аз шаҳр баромада ба сўи урудгоҳи Саид раҳсипор шуданд. Дарвозабонҳои шаҳр ба онҳо монеъ нашуданд, зеро саворон рухсатнома доштанд ба мўҳри малика.

Лашкариёни Саид онҳоро ба нишастангоҳи амири худ бурданд. Чодири калон ва баланди сегонаи дарун ба даруни амир ду мил дуртар аз дарвозаи шаҳр, миёни чандин чодари дигар, ки дар онҳо муқаррабон, мушовирон, муҳофизони амир ҷо гирифта буданд, меистод. Саид ханҷари зарандуд дар камар зада ва шамшере, ниёмаш мурассаъ ба ҷавоҳирот, бар зону гузошта, дар пешгоҳ рўи қолини сурх бар пўсти паланг нишаста буд. Дар паҳлўи рости ў солхўрдамарди сиёҳҷурдаи паҳнрише ҷо гирифта буд,ки дастори ниҳоят калоне ба сар, ҷомаи сиёҳ бар тан дошт ва дар ҳолати ниммуроқиба тасбеҳ мегардонд. Вай амакбачаи пайғамбари ислом- Қуссам ибни Аббос буд. Ин зоти акдас ба пиронсолии худ нигоҳ накарда, дар ин сафари дури пурмашаққат бо чи мақсад ба амири нави Хуросон ҳамроҳӣ карда буд, мо намедонем. Шояд имоми лашкар буд? Хатиб буд? Ё қозии лашкар? Ё балки дар паи молу сарват омада буд?

«Сурат-ул-ғанимат»-и Қуръон дар ҷанги кофирон молу мулки онҳоро ба мусулмонон ҳалол кардаасту-ку. Хумс, яъне панҷяки ғанимати ҷанг аз рўи ин сура бояд ба пайғамбар ва пас аз ў ба халифаҳо дода ва боқӣ чаҳор ҳисааш ба лашкар тақсим карда шавад. Эҳтимол ба ҳазрати Қуссам ба эътибори хеши пайғамбар буданаш ҳиссаи зиёдтар мерасид?..

Мушовирон ва сарони лашкар дар пешгоҳи Саид давра нишаста буданд. Обиди порсо акнун ба солори мутакаббиру мағруре табдил ёфта буд, ки манаҳашро боло, риши тунуки нўгборикашро ба сўи мухотабаш сих карда ва чин ба абрў оварда гап мезад. Пеши ў рўи курсии пастаки шашқирраи мунаққаш Қуръони ғафси кушода ба ҷилди чармин меистод. Шўълаи шамъҳои дарозе, ки дар шамъдонҳои зарҳалкорӣ фурўзон буданд, дар қабзаҳои тиллоӣ ва дар ниёми ҷавоҳирнишонии шамшеру ханҷарҳои амир ва сарони сипоҳ бозӣ мекард.

Мулозими амир бухориёнро дароварда дар дами даромадгоҳи чодир қатор гузошт. Онҳоро ба нишастан таклиф накарданд. Онҳо Моҳбудон, Нўфарн, дигар деҳқонони бузург ва бозаргонони номии Бухоро буданд, ҳама мардони бовиқору салобат. Тарҷумони эронӣ, марди тануманди сиёҳриши калончашми пайвастаабрў, гуфтугўро бо суғдӣ ва арабӣ тарҷума мекард.

– Кистед? Чӣ мехоҳед?- итобомез пурсид Саид, ки аз шабохуни бухориён ҳанўз дар ғазаб буд.

– Мо фиристодагони маликаи Бухороем,- иззати худро нигоҳ дошта бо тамкин ҷавоб дод Моҳбудон.

Фиристодагон фаҳмиданӣ буданд, ки оё Саид ба сулҳ раъй мекунад ва агар раъй кунад, чигуна шартҳо пешниҳод менамояд.

Раиси ҳайъати вакилон Моҳбудон суханашро давом дода гуфт:

– Маликаи муаззама аз амир мепурсад: ба мулки мо барои чӣ омадӣ? Мақсадат чист?

Саид бо лабханди истеҳзоомез ба ҷои ҷавоб суол дод:

– Малика аз ман боз чӣ мепурсад?

– Маликаи муаззама мегўяд: ту агар чун дўст омада бошӣ, марҳамат фармой, ту меҳмони олиқадри моӣ ва агар чун душман омада бошӣ, ваҷҳи душманиат чист? Аз мо чи бадӣ дидӣ? Даъвоят чист? Магар ҳуҷуми ноҳақ ва қатлу ғорате, ки ду сол аз ин муқаддам салафи ту Убайдуллоҳ бинни Зиёд дар кишвари мо кард, басанда набуд, ки боз ту ба озори мо омадаӣ? Агар барои симу зар, мол ва асирон омада бошӣ, пас ҳар чи мо доштем, Убайдуллоҳ аз мо ситонд ва бурд, дигар чизе намондааст. Аммо агар барои он омада бошӣ, мулки мо ва подшоҳии моро бигирӣ, пас моро бо ту ба ҷуз ҷангидан то охирин тири камону охирин сарбоз чора нест.

Пас аз тарҷумаи ин суханон Саид андак тааммуле карду гуфт:

– Маликаи шумо ваҷҳи омадани маро пурсидааст. Ҷавоби маро шунаведу ба малика расонед. Худои ягона қавми арабро бар ҳамаи ақвоми олам афзалият дода, пайғамбари худро аз байни вай интихоб кардааст. Пайғамбари мо, саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ ва саллам, ки ҳар як суханаш аз Худост, мефармояд, кофиронро ба дини ман оред, агар наоянд, биҷангед, ки хуни онҳо ва мулку молашон бар мусулмонон ҳалол аст. Шумо кофирон ва мушриконед, мо мулку молро аз шумо ба ҳақ меситонем. Худо бо мост, пайғамбар бо мост, ҳақ бо мост. Баъд, ман бо малика нияти ҷангидан надоштам. Ба Бухоро кордор набудам, мақсади ман Самарқанд буд, лекин малика, бе он ки ман баҳонае барояш дода бошам, ба ҷанги ман бархост, сипоҳашро ба роҳи ман дар камин нишонд ва шабохун кард. Акнун дасти ман боз аст, ман бояд маликаро ва шумо бухориёнро ҷазо диҳам.

Мушовирон ва сарони сипоҳи Саид дар ҳар як ҷумлаи ў ба аломати тасдиқу таҳсин сар меҷунбонданд: ҳар гоҳ ки вай дар аснои суханронии худ ба сўяшон менигарист, онҳо ба вай нимтаъзим мекарданд.

Саид таҳдиди худро бо ҷумлаи зерин тамом кард:

– Ман фармон додам, лашкари фотеҳи ман пагоҳ қалъаи шуморо зерузабар, шаҳратонро толон ва қатли ом хоҳад кард.

Хун дар рагҳои Моҳбудон ва ҳамроҳонаш ях баст: кандани рангҳояшон ҳатто дар рўшноии хиратоби шамъҳо аён буд.

Мувофиқи фармони малика вакилонаш дар ин гуфтушуниди аввал ғайр аз суолҳои боло, ки ба Саид дода шуданд, дигар чизе нагуфта, ҷавоби Саидро ба вай расониданашон лозим буд,- малика гумон карда буд,ки агар Саид раъе ба сулҳ дошта бошад, инро дар зимни ҷавоби суолҳои зикрёфта изҳор ва шартҳои худро баён хоҳад кард,- бигузор гапи сулҳро аввал вай гуяд!- Лекин Саид аз сулҳ калимае бар забон наронд, бинобар ин Моҳбудон аз ғорату яғмо ва қатли ом сахт тарсида, дар асари он тарс аз фармони малика таҷовуз карду пурсид:

– Агар аз сулҳ сухан ба миён ояд, шарти амир чӣ бошад?

      – Сулҳ?- гашта пурсид Саид ва гуфт.- Агар хоҳони сулҳ бошед, шарти он сесад ҳазор дирам аст. Сад ҳазор ҷизъя, сад ҳазор фидя ва сад ҳазор товони шабохун.

(Идома дорад)

Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахасисси шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасон.