Хониши бадеӣ. Сотим Улуғзода. «Ривояти суғдӣ” (Идома)
36
Вакилон ба шаҳр наздики бомдод баргаштанд. Малика бедор ва мунтазири баргаштани онҳо буд. Вай ба пурсишҳои худ ҷавоби Саидро аз вакилон шунида ба даҳшат афтод, беқарор гашт, дар ҳузури онҳо виқору тамкини шоҳонаро фаромўш карда, аз курсӣ барҷаст ва ду даст бар сар зада, тамоми нафрати сўзонашро, ки нисбат ба зўроварони бемурувват дар дил дошт, бар забон ронд. Малика фаҳмид,ки хатари таҳлуканоке, балои азиме бар сари ў ва кишвараш қоим шудааст.
– Сесад ҳазор дирам! – мегуфт ў ва ба унвони амири Хуросон хитоб мекард:
– Эӣ ғоратгари аз шарму ҳаё бегона, эй гург, ман ин миқдор симу зарро аз куҷо меёбам, аз кӣ мегирам? Вой бар ҳоли Бухоро, вой бар ҳоли ин кишвари нагунбахт!…
Моҳбудон аз «монолог»- и дарози вай ба танг омада онро бурид:
– Малика, ҳарчи гуфтед, рост гуфтед, лекин амир суханони шуморо намешунавад, вай мунтазири ҷавоб аст.
Малика асабӣ шуд.
– Ба фикри шумо, ман чӣ ҷавоб диҳам? Оё шарти амирро қабул кунам? На, ман қабул карда наметавонам.
– Пас чӣ кор мекунем? Оё ба қатли ом, вожгунии тахту тоҷатон тан медиҳед?
– Ту маликаро натарсон! – ба Моҳбудон хитоб кард Вғашфарн, ки андаке пештар вориди боргоҳ шуда буд.
– Вғашфарн ҳеҷ набошад то як моҳ тоб меоварад,- гуфт малика,- дар ин миён аз Самарқанд, Кеш, Нахшаб мадад мерасад. Бигў, сипоҳдор, оё ҳамин тавр нест?
– Ҳамин тавр, малика,- ҷавоб дод Вғашфарн.
– Ту,сипоҳдор, лоф мезанӣ, маликаро ба роҳи хатарнок мекашӣ!- ба Вғашфарн ало нигоҳ карда гуфт Моҳбудон. Ғурури олинасабӣ ва давлатмандии Моҳбудон чунон буд,ки ў бо ҳамаи аркони давлат ва хусусан бо Вғашфарн, ки бадаш медид, мутакаббирона ва ҳатто нописандона гап мезад.- Аслаш ин балоро ба сари малика ва ҳамаи мо ту овардӣ!- таъна зад ў ба сипаҳдор.- Агар ту бо худсариву кўтоҳандешӣ шабохун намекардӣ, амир имрўз Бухороро муҳосира намекард, мегузашту мерафт. Вай ба мо ҳамин тавр гуфт.
– «Бо Хотун нияти ҷангидан надоштам, ба Самарқанд равон будам» гуфт,- илова намуд Нўфарн.
– Акнун ту боз ҳам тезӣ мекунӣ, лоф мезанӣ,- ба Вғашфарн нигариста таънаи худро давом дод Моҳбудон.- Чӣ ҷои лоф задан аст? Магар лашкари ҷаррору хунхори арабро надидӣ? Манҷаниқҳои қалъакўбашро надидӣ? Ту мехоҳӣ бар зидди лашкари чилҳазорӣ бо ҳамин чор панҷ ҳазор сипоҳи худ биҷангӣ?
– Оре, бо ҳамин сипоҳ!- ҷавоб гардонд Вғашфарн.- Бо ҳамин сипоҳ талояи арабро торумор кардам, бо ҳамин сипоҳи ҳафт- ҳашт карат камтар аз лашкари араб метавонам як моҳ – ду моҳ душманро дар паси бораи шаҳр нигоҳ дорам, то вақте ки ихшид ва дигар моликони Суғд ба ёрии мо бирасанд. Ҷавонони Суғд аз дуздону қотилони амири Хуросон диловартаранд.
Ман худро ба хатар задам, шабохун кардам, зеро мурдан дар майдони ҷанг беҳтар аст аз зиндагӣ дар таслиму бандагии нангин. Ту ва ин бузургон тарсидед,- ба ҳамроҳони Моҳбудон ишора карда, гуфтори пур аз ғуруру ифтихорашро давом дод сипоҳдор,- лекин тарси шумо аз ғорати молу мулки худатон аст, на аз харобии кишвару вожгунии давлати бухорхудотҳо. Ба ҳар шарте,ки бошад, сулҳ мехоҳед, зеро хироҷро аз халқ чида медиҳанд ва гарчанде дар ин ҳол аз шумо чизе ситонанд ҳам, ба давлататон осебе намерасад.
– Мубоҳиса бас аст!- гуфта Хотун кашмакаши саршударо қатъ кард.
– Шумо умедвори мадади ҳамсояҳо ва турконед, малика,- ба гуфтугузор ҳамроҳ шуд яке аз шарикони Моҳбудон,- онҳо дар ҷанги Убайдуллоҳ ҳам ба мадад омада буданд, лекин аз боиси носозӣ ва нифоқу талош,ки бо ҳам доштанд, коре карда натавонистанду рафтанд.
– Боз кошкӣ ба нағзӣ мерафтанд,- илова кард дигаре аз бозоргонон,- Лашкари ҳоқон дар саросари роҳи бозгашти худ шаҳрҳо ва деҳкадаҳоро ғорат карда рафт.
– Шумо ба ҳар гуна лофу газоф гўш наандозед,ки худатон ва подшоҳиатонро ба хатар меандозед, малика, балки маслиҳати мани пири ҷаҳоншинохтаро гиред.Шарти амир ҳарчанд гарон бошад ҳам, ғайр аз қабул чора нест,- бо шевае,ки эроду эътирозро намебардошт, гуфт Моҳбудон.- Шумо аз амир як-ду ҳафта мўҳлат мехоҳед, то ки фидяву ҷизяи зормондаро ба аҳолӣ саршикан кунем.
– Аҳолӣ аз тороҷи Убайдуллоҳ ва саршикани маблағе, ки вай аз мо ситонд, ҳанўз ба худ наомадааст, аҳолӣ имрўз ҳатто хироҷи муқаррариро ҳам бо ҷангу ҷидол базўр адо карда истодааст, хироҷи нави саронаро намебардорад,- гуфт малика.
– Кадеварон (зироаткорон) муғамбиранд, малика ва шумо раҳмдил,- лабханд карда гуфт Нўфарн.
– Ақаллан нисфи сесад ҳазорро саршикан мекунем,- боз маслиҳат дод Моҳбудон ва худписандона илова кард: Худи ман панҷ ҳазор дирам медиҳам.
– Нисфи дигараш– чӣ?- пурсид малика.
– Аз хазина.
– Ҳозир дар хазинаи мо ин миқдор нақдина нест…
Ниҳоят гуфтугузор ба он анҷомид,ки малика бо исрору фишори Моҳбудон ба қабули шарти Саид розӣ шуд. Вғашфарни диловар мағлуб гашт, фақат на аз душман, балки аз ҳамватанони тавонгари худ. Оҳ?
37
Сесад ҳазор дирамро аз хироҷи сарона, қисман аз хазина ва қисман ба воситаи қарз гирифтан аз Нўфарн ҷамъ карданду ба Саид бурда доданд.
Шодӣ карданд,ки гарчанде ба баҳои гарон бошад ҳам,аз ҷанги ғоратгарон растанд, лекин маълум шуд,ки шодиашон барвақт будааст. Саид боз гаравгони зинда талаб кард: бигузор малика аз ҷумлаи хешу табори худ бист нафар ҷавонро ба гарав назди вай фиристад.
– Ман чун сафари Самарқанд пеш гирифтам, бояд аз ақибгоҳи худ эмин бошам,- гуфт амир ба вакилони дарбори Бухоро.- Мабод ки бухориён пас аз рафтани ман аҳд бишкананду монанди он шабе, ки талояи маро ғофилгир карданд, дар пушти лашкари ман фитнае барангезанд. Дар ин сурат ҳамаи гаравгонҳо кушта хоҳанд шуд.
Ночор ин талаби фотеҳ низ қонеъ гардонида шуд. Бист нафар шоҳзода аз авлоди бухорхудотҳо ҳамчун асирон дар ўрдугоҳи арабон ҳозир шуданд.
Бо талаби амир гаравгонон ҳама бо нишонаҳои олинасабӣ, яъне ҷомаю мўзаҳои гаронбаҳо пўшида, ба миёнҳошон камарбандҳои заррину ханҷарҳои ҷавоҳирнигор баста омада буданд. Ба ақидаи амир, ин тўдаи шаъшаадори асирони олинасаб мебоист бар ҷалолу шавқати ў меафзуд.
Аммо ҷалолу шавкатхоҳии амири навбаромад бо ин ҳам қонеъ нашуд. Вай хост,ки худи Хотун омада ба вай таъзим кунад.
Хотун бо нафрат ин иддаои ўро рад кард.
Он гоҳ Саид бо бекор кардани сулҳнома ва шурўъ кардани ҷанг таҳдид намуд.
Малика бо маслиҳати надимонаш ночор ба урдугоҳи Саид рафт. Дар тахти равон бо канизу парасторонаш ва бо мушояати сесад нафар муқаррабон ва чокирони хоса рафт.
Як даста сипоҳиёни Саид дар пеши чодари ў ба ду қатор саф кашида буданд, маликаро дар назди чодари ў се нафар соҳибмансаби сиёҳриши салладор истиқбол карданд,аммо гуфтанд,ки ҳазрати амир фармуданд – малика бояд ба назди ҳазрат фақат бо ду нафар мулозимаи худ дароянд.
Малика бо мушояати Моҳбудон ва боз як нафар марди дарборӣ дохили чодари амир шуд, дигар мулозимон, чокирон ва канизони хосааш дар берун монданд.
38
Саид дар пешгоҳ бо ҳашамату карруфар бар тахт ва муқаррабон, сарони сипоҳаш дар чапу рости ў қатор нишаста буданд. Малика ба ҷои таъзим сарашро саҳл хам карда, мартабаи худро нигоҳ дошта салом дод.
– Хато шуд, малика, шартро хилоф кардӣ, моро таъзим накардӣ,- бо мулоимат гуфт амир.
Малика вазъи ҷиддии худро дигар накарда тарҷумаи сухани ўро аз забони мутарҷим шуниду дам назад, ҷавоб надод. Саид боз гуфт:
– Хуб, мо ин хатои туро ба лиқои ту бахшидем. Шунида будам, ки хотуни Бухоро хушлиқост, вале гумон накарда будам,ки то ба ин дараҷа соҳибҷамол бошад. Марҳамат фармой, малика, биншин.
Ҳамин гуфтаи Саид роҷеъ ба ҳусну ҷамоли малика сабаб шуда, баъдҳо дар Арабу Аҷам гап хоҳанд кард,ки вай бо як дидан ба Хотуни Бухоро ошиқ ва ҳатто хостгори издивоҷ шудаасту Хотун хоҳиши ўро рад кардааст…
Малика дар тарафи рости амир ба курсӣ нишаст. Лаҳзае чанд хомўшӣ ба миён омад. Саид гўё меандешид, ки мусоҳибаро аз чӣ сар кунад.
Малика гуфт.
– Оё амир ба мо боз сухане дорад ё бо ҳамин таърифи ҳусну ҷамоли Хотуни Бухоро иктифо мекунад?
– Туро ба ҳузури худ хостанам на фақат барои таъзим буд,- ҷавоб дод амир,- балки ман хостам Хотунеро,ки бо чунин сиҳҳати раъю тадбир мулк медорад ва марду зан, пиру барно ҳама гўш ба фармони ўянд, боре бо чашми худ бубинам. Акнун сухан аз туст, малика.
Хотун як дам сукут карда, нохост чунин суоле дод:
– Оё дар мамлакати шумо калламушҳо ҳастанд, амир?
Аз ин суоли аҷиб ҳам Саид ва ҳам атрофиёнаш ҳайрон шуда монданд.
– Чӣ…Калламуш?.. Ин суол ба чӣ маънист, малика?
Хотун бо чеҳраи кушод ва як навъ лаҳни нуктаомез ба сухан даромад.
– Вақти омаданам аз деҳи вайронае гузаштам, дидам- калламуше, ки шояд мири ҳамҷинсонаш бошад, пораи нони хушке ба дандон газида мегурехт, аз қафо якчанд калламушони дигар медавиданд. Ин ҳолро дидаму соли қаҳтӣ ба ёдам омад. Ҳафт сол аз ин пеш дар кишвари мо баҳору тобистон хушк омада қаҳтӣ рўй дода буд. Мушу калламушҳо аз гуруснагӣ чандон бебок шуда буданд, ки дар рўзи равшан гала-гала дар хонаҳо, анборҳо, даштҳо такопў доштанд, ҳама ҷо ва ҳама чизро мешикофтанд, медариданд, меканданд, мехоиданд. Турфа махлуқони палиде ҳастанд ин калламушҳо. Зиндагониашон фақат аз роҳи дуздиву яғмогарист. Чӣ зарарҳое ки ба мардумон намерасонанд, чӣ офатҳое ки намеоваранд. Онҳоро бо калтак, заҳри марги муш, оби ҷўш, бо ҳар чӣ дар дастраси мардумон бошад, куштан, нест кардан савоб аст. Он мири калламушон ҳам, ки дидам, эҳтимол охирин пораи нони бевазане ва ятимеро бурда бошад…
Дар маҷлиси амир турфа ҳолате барқарор гашт. Вай ва атрофиёнаш чандон бефаҳм набуданд, ки маънии кинояро нафаҳманд. Саид чин ба абрў овард, лабони борики камхунашро ба ҳам фушурда, ба зонувони худ назар дўхта буд, атрофиёнаш ҳар яке ба касе монанд шуда буд, ки ногоҳ ба унвонаш дашноме шунида ё худ як торсакӣ бар рўяш хўрдаасту намедонад чи аксуламале нишон диҳад.Ҳама хомўш ва нигарон буданд, ки пешвояшон чӣ мегуфта бошад.
Саид ниҳоят сар боло карда ба Хотун нигарист ва оҳиста беқаҳр гуфт:
– Ин чӣ суханест, ки ту дар мо гуфтани онро ба худ раво доштӣ, малика?
– Одамӣ он чи ба хотираш меояд, мегўяд, амир. Гуноҳи он мири калламушони дузд аст, ки офатеро ки дар соли қаҳтӣ аз онҳо зуҳур карда буд, ба хотирам овард,- бо зоҳири соддалавҳнамо посух дод малика.
– Чӣ магар дар хотири ту он гоҳ, ки вориди маҷлиси мо шудӣ, фақат ҳамин буд?
– Фақат ҳамин, амир.
– Калламушон?
– Оре, калламушон, палидии онҳо, яғмогарии онҳо.
– Хостӣ тамсил бикунӣ, малика?
– Иҷозат фармой, ки ман ба ин пурсиши ту посух надиҳам, амир.
– Ту тамсил кардӣ, сухан ба киноя гуфтӣ, малика, аммо кинояи ту чунон буд, ки шаъну шарафи киноягўйро аз байн мебарад.
Мансабдорон ва сарони сипоҳ магар ин сухани амири худро ҷавоби шоистае донистанд, ки мамнунона ришханд карда, дар ҷоҳои нишасташон ҷунбон шуданд. Малика чеҳрааш барафрўхт, чашмони шаҳлояш шўълафишон гаштанд. «Акнун бе рамзу киноя мегўям, ошкор мегўям,- ба дилаш қарор дод ў.- Ҳарчӣ бодо бод. Сипас ин калламушон, ғоратгарон, қотилони саропо мусаллаҳ, агар хоҳанд, бигузор ба як нафар зани оҷизаи беяроқ дарафтанду шармандагӣ ва бадномии абадро ба гардан гиранд». Пас гуфт:
– Бешаъну шараф на он касест, ки аз калламушон сухан мегўяд, балки он касест, ки кирдораш калламушони гуруснаро ба хотир меорад.
Мансабдорон, сипоҳиён худро таҳқиршуда дониста беқарор гардиданд: нидоҳои қаҳру ошуфтагӣ, овозҳои ғазаболуд бароварданд. Ҳатто даст ба қабзаи шамшеру ханҷарҳо бурданд. Моҳбудон ва шарики вай, ки то ин дам қиёфаҳошон аз гуфтори кинояомези малика норозӣ буданашонро ифода мекарду лекин вайро аз он гуфтор боздошта натавониста ба танг омада буданд, акнун рангу ҳангашон канд ва раъша дар андомашон афтод. Малика бошад ҳеҷ дигаргун нашуда ба амиру атрофиёнаш бо назари нафрату кароҳат менигарист.
Саид ба атрофиёнаш ишораи ором шудан намуда, ба малика хитоб кард:
– Ту, Хотун, мустаҳиқи сар буридан шудӣ, лекин ман намехоҳам теғи худро ба хуни зани ҳарзагўе олуда кунам. Мукофоти ин ҷасоратро мо ба ту дертар хоҳем дод.
Вай инро гуфта бархоста ба чодири дарун даромад.
(Идома дорад)
Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахасисси шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасон.