Хотираи Гулчеҳра Сулаймонӣ дар бораи Клавдия Улуғзода
Ман он рӯзро ҳаргиз фаромӯш намекунам. Он рӯз якумрӣ дар лавҳи хотирам нақш бастааст.Чаҳор сол пеш, дар яке аз рӯзҳои баҳор Шумо, Клавдия Александровна, бо ҳам ба Норак рафтанро таклиф кардед.
– Медонӣ ҳоло он ҷо бодом шукуфтааст, кӯҳҳо саросар гулпӯшанд. Мо бо як тир ду нишон мегирем – рафта корҳои ташкилии Норакро мебинем, фолклор ҷамъ мекунем ва ба сайри гул мебароем.
Ман бо ҷону дил розӣ шудам. Рӯзи дигар, дар соати таъиншуда бо машинаи худ ҳозир шудед, бо чеҳраи хандон дари машинаро кушода, ба ман аз паҳлуи худ ҷой додед.
Мо роҳи Норакро пеш гирифтем. Машина аз хиёбонҳои сабзпӯши шаҳрамон мегузашт. Шумо Душанбеи солҳои 30 –умро ба хотир меовардед.
Баҳор да ҳама ҷо ҳукмронӣ мекард. Ҳамин ки аз шаҳр баромадем, худро дар оғӯши гулу баҳор дидем, кӯҳу камар, деҳаҳои гирду атроф ҳама сарсабзу тоза, ҳама гулпӯш буд, бӯи хуши гулҳои худрӯ касро маст мекард. Мо дар бораи гулҳо гап мезадем, шумо чун табиатшиноси ботаҷриба анвои гулҳоро номбар мекардед. Якбора суҳбати мо ба китоб ва шеър гузашт. Шумо маро кам менависӣ гӯён сарзаниш намудед. Ман бачаҳои хурдамро ба ин баҳона карда гуфтам, ки вақт надорам.
– Медонӣ, вақте ки кӯдакони ман хурд буданд, ман ҳозира барин шароит надоштам, вале аз баҳри эҷоду кор набаромадам. Бачаҳоямро аллагӯён китоб мехондам, таҳрир мекардам, афсонаҳои ҷамъкардаамро дида мебаромадам, ман ҳаргиз аз кори дӯстоштаам даст намекашидам, – гуфтед шумо.
Ман дар ҷавоб чизе нагуфтам, зеро Шумо ҳақ будед.
Дере нагузашта мо ба Лангар расидем. Дар ҳар қадам ба шумо одамон салом мегуфтанд, пурсупос мекарданд.
– Клавдия Александровна, дар ин ҷо ин қадар шиносатон бисёр, Шумо бо онҳо кай шинос шудед? – бо тааҷуб пурсидам.
– Ман ба ин ҷо бо Сотим Улуғовия зуд-зуд меоям. Ҳоло Улуғзода ба ҷойҳои Восеъ аспакӣ рафтанд, дар бораи Восеъ материал ҷамъ мекунанд, баъд чанд сол романи “Восеъ”-ро хоҳем хонд. Ман ҳам ба ин баҳона фолклор ҷамъ карданӣ.
Мо Пули Сангинро тамошо карда, ба Норак баргаштем. Он вақт дар ба ғайр аз чанд хобгоҳи якошёна ва як бинои назарногири боғчаи кӯдакон чизе набуд.
Инженери ҷавон, ки бо мо қадам мезад, якзайл таъкид мекард, ки баъди як сол омада Норакро тамошо кунем ва албатта онро нахоҳем шинохт.
Мо тамоми рӯз Норакро тамошо кардем, ба соҳили Вахш фаромадем, бо мактаббачаҳо, бо коргарон суҳбат кардем. Аз аҳолии муқимии он ҷо чанд таронаву афсонаҳо шунидем. Шумо ҳамаи онро як-як навишта гирифтем.
Мо ба болотарин кӯҳ баромада, шукуфтани гулҳоро дидем. Гули бисёреро чида гулчамбар сохтем ва гашти рӯз ба Душанбе баргаштем.
Ҳеҷ аз ёдам намеравад, ҳангоми хайрухӯш гулҳои чидаи худро низ ба ман дароз карда хандакунон:
– Ҳавлии ман пури гул. Ба хонаи мо биё, гулҳои маро тамошо кун, – гуфтед.
Баъди он ман борҳо ба Норак рафтам, аз дигаргуниҳои азими Норак завқ бурдам. Вале ҳар дафъа сафари нахустини Норак дар назарам тофта меистод.
Баъди он борҳо Шумо сарвари мо шуда дар вохӯриҳо бо хонандагон иштирок мекардед. Бачаҳо аз суҳбати самимии Шумо завқ мекарданд. Шумо ҳам аз завқи онҳо ба шавқ омада, кӯдак барин механдидед.
Ҳоло ҳамаи онро ба хотир оварда, бовар намекунам, ки дигар Шумо бо мо ба сайри гул намебароед, бо мо дар бораи асарҳои нав суҳбат намекунед ва барои навишта гирифтани кадом як афсонаи нав намешитобед. Бовар намекунам. Ва забонам намегардад, ки шуморо марҳум гӯям, зеро зиндадилӣ ва ҳаётдӯстии Шумо ба марг ғолиб буд. Аз ин рӯ Шумо дар ёди дӯстони худ бо ҳамон хондонрӯи ва зиндадилӣ умрбод хоҳед монд.
Гулчеҳра.
“Садои Шарқ”, 1965, №2.
Таҳияи Чаман Одинаева,
сармутахасиси шуъбаи матбуоти даврӣ