«Хотироти театрӣ”-и Ортиқ Қодирро дар Китобхонаи миллӣ бихонед
Яке аз китобҳои тозавуруди толори хониши адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар китоби ҳунарманди варзида, яке аз чеҳраҳои шинохтаи олами санъат, нависанда ва рӯзноманигор Ортиқ Қодир бо номи “Хотироти театрӣ” мебошад. Китоби мазкур соли 2005 дар нашриёти “Адиб” ба теъдоди 1000 нусха чоп шудаву, инак барои хонандагони Китобхонаи миллӣ ҳам дастрас шудааст.
Ба китоб адиб ва донишманди тоҷик Раҳмоналӣ Мирализода бо номи “Хотироти театрӣ” дар шинохти чеҳраҳои ҳунар ва аҳли зиёи кишвар” сарсухани пурмуҳтаво навиштааст, ки онро комил меорем.
**** **** *****
Ортиқ Қодир – шахсияте, ки дар кишвар ва берун аз он ба ҳайси як ҳунарманди мумтози театри тоҷик маъруфу машҳур аст, аммо ў нависанда, ровӣ ва рўзноманигори соҳибзавқе низ мебошад, ки шояд доираи начандон фарохе аз мухлисонаш аз ин фазилати фардии ў огоҳ бошанд. Оре, ў аз зумраи камшумор ҳунармандони театрии соҳибқалам аст, ки бо тахаллуси «Меҳрафзун» мақолаву мусоҳиба, ёддошту хотира ва осори танзӣ иншо кардаасту мекунад. Хонандаи тоҷик ба лутфи қалами ў дар саҳифаҳои матбуот ба рўзгору афкори пасисаҳнагии хеле аз ҳунармандони маъруфи театру синамои тоҷик сар задаву аз ҷаҳони маънавӣ ва зиндагии шахсии онҳо огоҳ гаштааст.
Ҳар ҳунарманд ҳамосаи зиндагии хешро дорад – диданию хонданӣ, хусусан онҳое, ки ба зумраи бузургони ҳунари театрӣ ва синамоии тоҷик шомиланд, мисли устодон Аслӣ Бурҳонов, Ҳабибулло Абдураззоқов, Туҳфа Фозилова, София Тўйбоева, Ато Муҳаммадҷонов, Маҳмудҷон Воҳидов, Убайдулло Раҷабов, Ҳошим Гадоев, Тўрахон Аҳмадхонов, Тоҳир Собиров, Борис Нематиев, Нурулло Абдуллоев, Шодӣ Солеҳов, Саидмурод Мардонов, Қиёмиддин Чақалов, Лутфулло Давлатзода, Аловуддин Абдуллоев ва даҳҳо ҳунармандони хушноми дигар. Ва шояд касе беҳтар аз Ортиқ Қодир наметавонист онҳоро аз зовияи диди як ҳунарманд, як ҳамкор ва як шоҳиди айнии рўзгору эҷодашон ба ҷомеа ҷаззобу хотирмон муаррифӣ кунад. Навиштан дар бораи ходимони ҳунар шоҳкорест, ки мо бояд ба Меҳрафзун аз ин бобат изҳори сипосу қадрдонӣ кунем.
Ҳар ҳунарманд дар ҳар нақше, ки меофарад, хоҳ хурд бошаду хоҳ бузург, чеҳраи миллат ва фарҳанги мардуми худро ба намоиш мегузорад.
Аз ин дидгоҳ китоби «Хотироти театрӣ» сарчашмаи муътамаде барои шинохти чеҳраҳои ҳунари миллии мо маҳсуб мешавад. Нависанда бо диққати том дар ироаи ҳар маводи он ё бевосита бо қаҳрамони худ тамос гирифтааст ва ё аз касоне маълумот ба даст овардааст, ки бо қаҳрамононаш иртиботи зинда ва воқеӣ доштаанд. Ба туфайли собиқаи тулонии корию эҷодӣ ў муҳити театр ва синамои тоҷикро хеле амиқу васеъ шинохтааст, хулқу атвор ва завқу истеъдоди ҳунармандонро хело хуб медонад. Бинобар ин, арзиши таърихии ин китоб бо мурури вакт бештару муҳимтар мегардад ва барои наслҳои имрўзу оянда дар шинохти чеҳраҳои ҳунар ва аҳли зиёи кишвар кумаки хубе хоҳад кард.
Ҷолибияти китоб боз бештар да он аст, ки Ортиқ Қодир дар банду баст ва унвонгузории он аз сабке истифода кардааст, ки метавон онро сабки хосаи муаллиф унвон кард. Ин сабк пеш аз ҳама дар омехтасозии анъанаҳои насри классикӣ ва муосири тоҷик намоён мешавад. Аз сўйи дигар, нависанда дар муаррифии қаҳрамонҳояш аз сабки анъанавӣ фаротар рафта, аз равишҳои танзомезу пардапўшона истифода мебарад, ки матолибашро хонданию ҷолибтар месозад. Вожаҳо ва таъбирҳое дар онҳо ба кор рафтааст, ки ҳар хонандаи огоҳ аз завқи хоси Ортиқ Қодир таровидани онҳоро равшан эҳсос мекунад. Азбаски муаллиф худ донандаи хуби ин ду давраи адабиёти мо аст ва ҳамчун ровии тавоно низ дар муаррифии осори гаронбаҳои назму насри тоҷик саҳми арзишманд дорад, ба хотири ҷалби таваҷҷуҳ ва ангеза бахшидани хонанда ба мутолиаи матолиб китобро ба чаҳор бахши мустақил фаслбандӣ намудааст, ки иборатанд аз «Хотироти театрӣ», «Воқеъ-ул-ҳикоёт», «Латоиф-ут-теотур» ва «Саҳначаҳои ҳаҷвӣ». Тавре аз унвонҳои фаслҳо бармеояд, завқи ҳунарии муаллиф бар истеъдоди нависандагии ў сабқат гирифтааст ва ин рўйкард таъсири амиқе рўйи завқи хонанда мегузорад, то бо шавқу рағбати бештар ба китоб таваҷҷуҳ намояд.
Ортиқ Қодир дар эҷоди ҳикояҳо ва саҳнаҳои ҳаҷвӣ низ истеъдоди баланд дорад. Бахши «Воқеъ-ул-ҳикоёт» ҳамин даста аз чакидаҳои килки эҷодашро дар бар мегирад, ки бар мабнои мушоҳидаҳои борикбинона ва хеле зарифи муаллиф рўйи варақ омадаанд. Маҳз шўхтабъӣ ва зарофати хосаи Ортиқ Қодир ҳамчун бозигари саҳнаҳои ҳаҷвӣ ба ў имкон додааст, ки ҷаҳони ботинӣ, муколама ва рафтори қаҳрамононашро бо назокати хос тасвир намояд. Намунаи боризи инро мо метавонем дар ҳикояи «Маърака нозук» бубинем, ки дар бораи Бобои Давлат ва Усто Шамсиддин – ду мўйсафеди поку беғаш, шўху зиндадил ва хушчақчақу суҳбаторо нақл мекунад. Нависанда вақте Бобои Давлатро ба хонанда шинос мекунад, ўро «бедаступо» тавсиф намуда, дарҳол меафзояд, ки «не, дасту по дошт, вале бедасту по буд, яъне кундкору кундҳаракт ва ба қавли мардум он сўйи ағба «бесулуқай» буд. Бале, Ортиқ Қодир бо таъбирҳои мардумӣ, бо забони мардум сухан мегўяд. Хусусиятҳои мардуми деҳро хеле боназокат нишон медиҳад ва балки дар рафтору гуфтори қаҳрамонаш хулқу атвори як ҷомеаро ҷамъбандӣ менамояд. Як нафар гўё намоянда ё сафири мардуми як деҳ аст. Усто Шамсиддин қабл аз ворид шудан ба маърака ба дўсташ Бобои Давлат, ки ба бедаступойӣ ном бароварда буд, таъкид мекунад: «аз ёд набарор, ки маърака бисёр нозук аст. Худат нағз медонӣ, ки дар он ҷо киҳо мешаванд. Боз нашавад, ки дар назди ҳамон шахсони муътабару баобрў обрўйи деҳаро резонӣ!». Ва оқибат ҳамон чизе рух медиҳад, ки аз он метарсиданд, аммо ҷолиб ин аст, ки нависанда дар хилоли гуфтугўи қаҳрамононаш хонандаро дар бораи донистани оқибати кор ба васваса меандозад.
Ҳунармандон шўхию зарофатҳои хос доранд. Бештари қиссаҳои дилошўби онҳо одатан аз даҳон ба даҳон мераванду дар миёни мардум зуд интишор мешаванд. Агар ҳамаи он қиссаҳои ҷолиб гирдоварӣ шаванду дар шакли як китоб ба нашр расанд, ҳатман аз хонданитарин китобҳо хоҳад шуд, зеро одамон ба ин мавзуъ ҳамеша бо рағбати зиёд таваҷҷуҳ мекунанд. Ортиқ Қодир дар ин китоб боберо ба ҳамин мавзуъ бахшида, онро «Латоиф-ут-теотур» ном гузоштааст, ки воқеан мутолиаи он табъи касро хеле хуш мекунад. Нависанда ҳамчун шоҳиди бевосита ва балки иштирокдори фаъоли он моҷароҳо қиссаҳоро кўтоҳ ва бо шеваи ҳаҷву мутоиба баён доштааст. Агар ҳунармандони мо пас аз ошноӣ бо ин китоб латифаҳои театрии дидаву шунидаи хешро барои мардум рўйи коғаз биёранд, имкон фароҳам мешавад, ки аз миёни онҳо як мунтахаби бисёр ҷолиб таҳияву мураттаб шавад.
Албатта, бахши дигари китоб – «Саҳначаҳои ҳаҷвӣ» низ бисёр ҷолибу хонданӣ аст, ки нависанда онҳоро аз дидгоҳ ва завқу салиқаи як ҳунарманди касбӣ таълиф намудааст. Муҳтавои он сарчашмаи хубу муфидест барои гурўҳҳои ҳаҷвнигор ва донишҷўёну ҳаваскорони санъат, ки метавонанд аз онҳо дар маҳфилҳои зарифон ва барномаҳои дигари ҳунарӣ истифода баранд ва дар тарбияи завқи зебоишиносии ҷомеа саҳми худро гузоранд. Зеро мавзуъ ва забони ҳаҷви имрўзи баъзе аз ҳаҷвнигорони мо, ки аз забони адабӣ фосила гирифта, мубталои ҳарза гардидааст, ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад ва маҳз ҳунармандони хушсалиқа метавонанд ин дардро даво кунанд.
Хоҳишмандон метавонанд китоби Ортиқ Қодир “Хотироти театрӣ”-ро дар толори хониши адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар мутолаа намоянд.
Сафармоҳ ШЕРАЛИЕВА,
корманди шуъбаи адабиёт доир
ба фарҳанг ва ҳунар: