“Хӯшаи самарабахш”. Сарсухани профессор Муродӣ ба китоби И. Юсуфӣ “Адиби пулитсист”
Шералӣ Мӯсо дар фазои адабиву публитсистии тоҷик аз шахсиятҳои маъруф маҳсуб меёбад. Ў аз адибонест, ки сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар ва Сарвари онро содиқона дастгирӣ намуда, раванди татбиқи онро пайваста ба мушоҳида гирифтааст. Мавсуф ба ташаббусҳои созандагии Сарвари давлат, ҳадафи бунёдкориҳои Ҳукумати кишвар, ҷараёни сохтмонҳо, кору пайкори мардони шуҷоъ ва амсоли ин эътибори ҷиддӣ дода, дар ин ҷода асарҳои зиёде таълиф намудааст, ки дар қолаби жанрҳои гуногун дар матбуоти даврӣ ва китобҳои чудогона дарҷ гардидаанд.
Шералӣ Мӯсо аз зумраи нависандагонест, ки ба мавзуи бунёди сохтмонҳои азим, тасвири бунёдкориҳои замони Истиқлол ва нақши Пешвои миллат дар ин раванд таваҷҷуҳи хос дорад. Осори адабиву публитсистии ў аз назари пажуҳишгарон дар канор намонда бошад ҳам, то имрӯз ба таври монографӣ мавриди омӯзиши илмӣ қарор нагирифтааст.
Боиси дастгирист, ки публитсистикаи Шералӣ Мӯсо, хусусан бунёди иншоотҳои азим дар он, аз ҷониби муҳаққиқи ҷавон Ифтихор Юсуфӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Пажӯҳиши анҷомдодаи ӯ, ки муҳтавои ин рисоларо ташкил медиҳад, ба ҳаёти фаъолияти эҷодии гуногунпаҳлуи Шералӣ Мӯсо бахшида шуда, шомили ду бахш ва чор фасл аст.
Бахши аввал “Ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шералӣ Мўсо дар контексти сиёсиву иҷтимоии замон” унвон дорад ва ба ду фасл тақсим шудааст. Дар фасли аввал муҳаққиқи ҷавон таъсири омилҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва адабии замонро дар шахсияти эҷодии Шералӣ Мӯсо ҷӯё шуда, ташаккули пас аз фаъолияти ӯро дар ду давра – замони шуравӣ ва Истиқлололияти давлатии Тоҷикистон тасниф намуда, бо таҳлилу баррасиҳои илмӣ вежагиҳои умумӣ ва хоссаи онҳоро муайян кардааст.
Дар ташаккули шахсияти эҷодии Шералӣ Мӯсо се омили асосӣ: оилаву мактаб, касбу кор, фазои бевоситаи эҷодӣ таъсиргузор будааст. Маҳз ҳамоҳангӣ, робитаи қавӣ ва устуворӣ байни ин омилҳо боис гардида, ки симои Ш. Мӯсо ба сифати эҷодкори пуркор зуҳур ёбад.
Дар фасли дуввум самтҳои асосии фаъолияти эҷодии Шералӣ Мўсо тасниф шудааст. Бино бар тасниф ва баррасиҳои муаллиф Шералӣ Мӯсо дар навъҳои гуногуни эҷод: рӯзноманигорӣ, публитсистӣ, нависандагӣ ва ҳаҷвнигорӣ кувваозмоӣ намуда, ба комёбиҳо ноил гардидааст.
Дар публитсистикаи Шералӣ Мӯсо, хосса дар фаъолияти замони истиқлолияти ӯ бунёди сохтмонҳои азим, хосса НБО- и “Роғун” мавқеи намоён дорад. Ў ҳамчун нависандаи публитсист ба раванди бунёдкориҳои Тоҷикистони сохибистиқлол, ки аз оғози садаи XXI маншаъ гирифтааст, бо эҳсоси баланди шаҳрвандӣ ва масъулиятшиносии эҷодӣ таваҷҷуҳ намуда, на танҳо ин равандро ифтихормандона истиқбол, балки бо неруи қалами худ дар инъикос ва тасвири он саҳм гирифтааст.
Бахши дуюми рисола маҳз ба ҳамин мавзуъ бахшида шуда, дар он осори публитсистии адиби публитсист доир ба сохтмонҳои азим, аз нигоҳи мундариҷа таҳлилу таҳқиқ шудааст. Ҳарчанд муаллиф таҳлили мавзуъро дар заминаи асарҳои алоҳида ба роҳ мондааст, аммо ҷо-ҷо аз усули муқоиса низ кор гирифтааст. Аз ҷумла, зимни таҳлили достони “Мардистон“-и Шералӣ Мўсо ба “Нақби Истиқлол“- и Бахтиёр Муртазо руҷуъ мекунад, ҳангоми баррасии очерки сафарии “Роҳи биҳишт” ба асари Абдуқодири Раҳим “Пайвандгари марзу дилҳо” ишораҳо менамояд, ки аз як тараф, ба музокираҳояш неруи илмӣ бахшидааст, аз ҷониби дигар, доираи таҳқиқро васеъ намуда, натиҷаҳоро рангоранг гардонидааст.
Умуман, бо вучуди мазмунҳову ташреҳҳои ҳамгун ва мавқеъгириҳои гуногуни муаллиф, рисола аҳаммияти илмию амалӣ дорад. Он, ҳамчун хӯшаи самаровари муаллиф, на танҳо дар омӯзиши ҳамаҷонибаи эҷодиёти Шералӣ Мўсо, балки дар таҳқиқи публитсистикаи муосири тоҷик ҳамчун манбаи хуби илмӣ хидмат карда, барои муҳаққиқон, унвонҷӯён, омӯзгорон ва муҳассилини шуъбаву факултетҳои рӯзноманигорӣ ва филологияи тоҷики макотиби олии кишвар судманд буда метавонад.
Муродӣ Мурод, профессор
Маврид ба ёдоварист, ки рисолаи “Адиби публитсист” соли ҷорӣ дар нашриёти “Истеъдод” чоп шуда, дар он ҳаёт ва фаъолияти адабиву публитсистии Нависандаи халқии Тоҷикситон Шералӣ Мӯсоро дар доираи мавзуи илмии “Инъикоси бунёдкориҳои азим ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар публитсистикаи муосир” (1992-2020), мавриди таҳқиқу таҳлил қарор гирифтааст.
Китоб ба омӯзгорон, донишҷӯён, пажӯҳишгарони публитсистика ва рӯзноманигорону адабиётшиносон тавсия шудааст.
Нусхае чанд аз ин китоб ба Китобхонаи миллӣ ҳам расидааст, ки хоҳишмандон метавонанд истифода кунанд.
Анўшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари,
шуъбаи мукаммалгардонии фонд