Хушназар Майбалиев: Ҳунарманде, ки бо ёдҳои ширин тарки олам кард
Ин матлаб бо супориши ҳафтаномаи “Рӯзгор” навишта шуда буд ва солҳо сипарӣ шуданд. Зумрае аз ҳамсуҳбатони банда, ки ҳарфҳояшон иқтибос шудаанд, ҳоло худ тарки олам кардаву бо ҳунарманди маъруф пайвастанд. Дар зодрӯзи Хушназар Майбалиев ин навиштаро мурур кардам, чизеро дар он куҳнашуда наёфтам. Хостам бори дигар он ёдҳо дар фазои маҷозӣ гардон шаванд, то рӯҳи ҳанарманди нотакрор шод гардад.
**** **** ****
Даме, ки аз хонуми шуъбаи кадрҳои театр чанд варақ аз зиндагиномаи мухтасари ӯро гирифтам ва ба сатрҳои чопии он чашм давондам, хаёлам хеле парешон шуд. Дар миёни ҳар сатр сурати ӯ пеши назарам меомад. Сурате, ки дар фосилаи замонии беш аз бистсола дар гӯшаҳои хаёлам сайр мекард.
Қомати рост, чашмони зебову ҷӯянда, сару либоси тозаву озода ва утизада… Сурати аз дидаҳо рафтаву дар дилҳо маскан гузида. Ва ҳар боре бо ӯ дучор меомадам ва лаҳзае ҳамсуҳбат мешудам, ба назарам мерасид, ки хеле бо диққат менигарист, мисли оне буд, ки аз ҳар ҳаракати ҳамсуҳбаташ барои персонажаш образ меҷуст. Ин аввалин таассуротам аз мутолиаи тарҷумаи ҳоли коргардони маъруф буд. Муаллифон басо мухтасар ва муъҷаз менавиштанд, ин ба замоне рост меомад, ки ӯро барои дарёфти ордени “Шараф” дараҷаи 1 муаррифӣ мекарданд. Ҳарчанд вай эҳтиёҷе ба муаррифӣ надошт, вале ҳатман бояд хидматҳояш дар коғаз иншо ва пешкаш мешуданд.
ЧИҲИЛ СОЛИ ҲУЗУР ДАР САҲНАИ ТЕАТР
Ҳунарманди маъруф, профессор Қурбони Собир мегӯяд, “Хушназар Майбалиев дар ин бештар аз чил соли охир дар саҳна, дар фазои театрии кишвар ҳузур дошт. Ва аз ин 30 соли он бо ин марди ҳунар ошноӣ доштам. Ҳоло пеши назарам меояд, ки дар ин сӣ соли умр ҳамеша бо устод будаем. Аз дарсхонаҳои донишгоҳ то ҳимояи корҳои дипломӣ, аз саҳнаҳои театр то озмуни “Парасту”, ки ҳама кори яксолаву дусолаи театрҳои кишварро ба як хирман мерехт ва онҳоро варзидатарин мунаққидону ҳунармандон нақд мекарданд ва аз миёни ин хирмани бузург хӯшаи боровардаро ҷудо менамуданд, мо нақши устодро медидем. Ва устодон, шаҳсутунҳои санъати театрии тоҷикро агар хоҳем ном бубарем, ҳатман номи устод Майбалиев ба забон меояд”.
Ҳанӯз касе шояд дар ёди Хушназар Майбалиев набуд, ки шогирди гиромиаш Шералӣ Абдулқайсов, яке аз фаъолтарин ҳунармандон дар саҳифаи иҷтимоии “Фейсбук” зодрӯзи қарибулвуқуъашро ба хотири шефтагони ҳунари воло ва шогирдону мухлисонаш андохт. Ва чӣ ёде! Таҳлили хеле кутоҳи устоди саҳна ва ҳамсафари роҳи ҳунар. Ёди шахсе, ки умре зебогӣ офарид ва талқин кард, ки инсонҳо бояд ин гуна зебо зиндагонӣ кунанд. “Ғофилон бар онанд, ки Инсони Комилу Ҳунарманди асил мисли обу оташанд. Аммо дар асл ғановати олами рӯҳу андеша мояи пойдории ҷаҳони ботин ва зоҳири эҷодгари асил аст”,-навишт Шералӣ Абдулқайсов.
Вай ҳамчунин бар ин назар аст, ки “шинохти ботину зоҳир Хушназар Майбалиевро аз равзанаи тамкину таҳаммул ба майдони ҳунар овардааст. Дар ҳама ҳолатҳо баробарӣ – гармонияи рӯҳу ҷон ва хирадро дар мувозанат нигоҳ медоранд. Аз ин рӯ тамошобоб будани намоиш ҳадафи устод нест, балки аз манфиати таъҷилӣ орӣ набудани он барояш муҳим аст. Намоишкорона ба ҷилва овардани истеъдод не, балки ҷасурона ва ё хирадмандона нобуд кардани намоишкорӣ ҳадафи ҳамешагии устод аст. Ҳунарманде, ки қобилияти тафаккур ва бунёдкорӣ надошта бошад, дар коргоҳи устод хору залил мемонад”.
БО МАЙБАЛИЕВ ФАЛСАФАВУ ҲИКМАТ БА САҲНАИ ТОҶИК ОМАД
Шогирдонаш таҳлилҳои жарф ва бардоштҳои олимона аз фаъолияти ҳунарии ӯ доранд. Ба назар мерасад хеле мушикофонаю кунҷковона ба ҳар имову ишорааш нигариста ва бардоштҳои ҷолиб кардаанд. Аз назари Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Ортиқи Қодир “Хушназар Майбалиев ба саҳнаи тоҷик ҳикмату андешаву фалсафаро ворид кард. То Майбалиев театр ҳамчун театри актёрӣ маҳсуб мешуд, дар он пафоcи лирикӣ ва романтизм бештар буд. Майбалиев онро ба театри реализм табдил дод, реализми хеле баланд ва дорои ҳикмату андеша. Ва иштибоҳ нахоҳем кард, агар бигӯем, ки ин як равияи комилан нав, яъне рафтану ворид шудан ба ҷаҳони ботинии персонаж буд, ки устод тӯли солҳои коргардонӣ ба он муваффақ шуд. Чанд насли баъдинаи театр дар ҳамин мактаб тарбия гирифтанд ва ташаккул ёфтанд”.
Ибодулло Машрабов, ки низ худро парвардаи мактаби театрии Хушназар Майбалиев медонад, вуруди ӯро ба олами санъат чун падидаи нав ёд мекунад. “Аз аввалин намоишномаашон, ки дар саҳнаи театри ба номи Лоҳутӣ гузоштанд, як нафаси тоза, як диди тоза, нигоҳи тоза ва эҷодиёти тозаро ба театр оварданд. Ва аз аввалин солҳои фаъолияташон даст ба тарбияи як зумра ҳунармандони ҷавон заданд, ки имрӯз онҳо дар сафи аввали ҳунармандони театрҳои кишвар қарор доранд”,-мегӯяд ӯ.
Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Аҳмадшо Улфатшоевро шеваи бархӯрди Майбалиев бо ҳунармандон дар саҳна мафтун карда буд. Мегӯяд боре надидааст, ки Майбалиев иродаи худро болои ҳунарманд бор карда бошад. “Хушназар коргардоне набуд, ки ба ҳунарманд дикта кунад, ки дар саҳна ин гӯву он гӯй. Вай ҳадафи спектакл ва ғояи аслии онро мефаҳмонд ва мегуфт, ки мо бояд чиро ифода кунем. Ва боқӣ ҳунармандонро дар саҳна озод мегузошт, ки худ эҷодкорона образи супурдашударо такмил диҳанд. Баъзе коргардонҳое дорем, ки тақрибан ҳама чизро ба актёр мефаҳмонанд: ин гуна рафтор кун ва ё ин гуна бигӯ. Аммо Хушназар кӯшиш мекард ба ҳунари ҳунарманд эҳтиром гузорад. Вай мақсад мегузошт ва боқӣ ҳамаро ба худи ҳунарманд ҳавола мекард. Ин аст, ки ҳунармандон истеъдоди худро сайқал медиҳанд, кушода мешаванд“,-мегӯяд ӯ.
Ҳамин нуктаро ба шакли дигар Шералӣ Абдулқайсов таъкид мекунад. Ба андешаи ӯ “талаботи Майбалиев, мақоми эҷодӣ, вазифагузории ӯ усули симоофарии театри академӣ -драмавии ба номи А. Лоҳутиро ба таҳаввули фаврӣ ҳидоят кунонд. Ва он мисли борони найсон муҳити эҷодии театрии ҷумҳуриро фаро гирифт”.
ДАР САҲНА ВА БЕРУН АЗ ОН
Хушназар Майбалиев дар саҳна ва дар зиндагии берун аз он ҳамон гуна зебову дилнишин дар ёду хотири ҳамкорону шогирдонаш боқӣ мондааст. Касе, ки умре дар саҳна зебоиро васф карду нишон дод, дар ҳаёти беруни саҳна низ зебову дилнишин буд. Чуноне Қурбони Собир мегӯяд: “Устод Майбалиев дар гаштугузораш чун як зиёии воқеъӣ ба назар меомад. Ва ин бисёр чизи муҳим аст. Набуд он гуна, ки ба гуфтор дигар бошаду ба рафтор дигар. Набуд амсоли касоне, ки Хоҷа Ҳофиз мазамматашон мекард, ки “чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд”. На, устод шахсияте буд, ки рафтораш ба аъмолаш комилан муносиб ва мувофиқ уфтода. Нишастухезаш дар маъракаҳо, суҳбаташ бо мардум, муносибаташ дар саҳна, бо ҳамкорон вижагиҳои хос ва омӯзандае дошт. Бо шогирдонаш хеле нарму гарм, вале дар ҳолати зарурат хеле ва хеле қотеъ буд. Ба ҳалли ҳар мушкил солорона ва бо тамкини хос даст мезад, тезиву тундиро намепазируфт ва метавон гуфт, ки барои ҳар кадоме аз шогирдону ҳамкоронаш метавонист як улгу бошад”.
“БИСЁР МЕХОНД, НАБУД КИТОБЕ, КИ ВАЙ НАХОНДА БОШАД…”
Аҳмадшо Улфатшоев мегӯяд вай маҳз бо ташвиқи Майбалиев вориди саҳна шуд, вагарна дар ансамбл найнавозӣ мекард. Ва маҳз бо дастгирии Майбалиев вай ба ин сатҳ расид. “Кӯшиш мекард касеро дилшикаста накунад, ба касе гапи сахт нагӯяд, касеро наранҷонад, хотирашро озор надиҳад. Бисёр китобхон буд. Набуд китобе, ки вай нахонда бошад. Нисбати рафиқон ва ҳамкасбону ҳамкоронаш бисёр меҳрубон буд. Тавре мегӯянд “пашшаро озор намедод“.
Кӯшиш мекард муҳити корӣ муҳити эҷодӣ бошад. Инсонҳо оромона эҷод кунанд, ҳунари худро сайқал диҳанд. Баъди ҳар спектакл ширкаткунадагони саҳнаҳоро даъват мекард, онро баррасӣ менамуд, ки дар куҷо кӣ чӣ гуна иштибоҳ кард ва чаро. Дар назари вай инсони бад вуҷуд надошт. Ҳатто пиёлаи чойро бо рафиқ медид. Аз суҳбатҳояш барои худ чизҳои зиёд мегирифтем. Яъне, суҳбати сари як пиёлаи чой бо Хушназар беҳтарин суҳбат буд, ки инсон беҳуда гузаштани вақтро ҳисс намекард”.
МАРГЕ, КИ ЗИНДАГИСТ
Мегӯянд баъди марг зиндагонии дубора барои ҳунарманди асил оғоз мешавад. Адибро асарҳояш ва актёрро филму намоишномаҳояш зинда медоранд. Хушназар Майбалиевро Худованд зиндагии шоиста, ҳунари воло ва эҳтироми хоса миёни мардум насиб карда буд. Ва ҳатто охирин саҳнаи зиндагӣ барояш суҳбати телевизионии ӯ будааст.
“Як рӯз ба телевизиони “Сафина” даъват шуданд бо чанд ҳунармандони дигар. Мавзӯъ вазъи театрҳои кишвар буд ба назарам. Аз театри мо Хушназар, Баҳодур Миралибеков ва Савриниссо рафта буданд. Ва дар ҷараёни сабти барнома як бор сухан гуфтанд, фикрашонро баён карданд ва дар навбати дуюм микрофон дар даст афтиданд. Фишорашон боло рафт. Ба бемористони Қаряи боло интиқол доданд, ба назарам ҳудудан як моҳ хобиданд. Каме ба худ омаданд, вале ба по нахестанд ва аз олам даргузаштанд“,-ба ёд меорад Аҳмадшо Улфатшоев.
Марги бармаҳали Хушназар Майбалиев ҳама шогирдон ва мухлисонашро ҷигархун карда буд. Вай ғайриинтизор аз олам рафт. Ӯро хеле пазмон шуда буданд. Гумон мекарданд аз бистари беморӣ боз ба саҳна бармегардад, чуноне борҳо ин гуна шуда буд. Вале вай барнагашт, то шогирдони интизорашро шод кунад, мухлисонашро навиди хуш расонад. Саломатиаш тадриҷан ба вахомат гароид ва дар ҳалқаи азизону пайвандон олами фониро тарк кард.
Ҳамчуноне Қурбони Собир мегӯяд, ҳайф аст рафтани ин гуна инсон. “Ман ҳамеша инро такрор мекунам, ки рафтани инсонҳое назири устод Майбалиев ҳайф аст. Ҳайф аст, ки ӯ рафту шогирдонаш бе пир монданд. Ҳайф аст, ки ӯ рафту донишҷӯёни ҷавон дарсашро нашунида монданд, нишастухез, ҳатто тарзи либоспӯшии озодаи ӯро надиданд. Нашуниданд, ки як зиёии воқеъии соҳибмаърифат чӣ гуна бо атрофиёнаш ҳарф мезанад. Бисёр мушкил аст будани бе ин гуна шахсиятҳои барҷаста”.
Ортиқ Қодир ҷойи чунин як устоди бузургро холӣ мебинад. “Бисёр инсони наҷиб ва ботамкин буд. Асарҳое, ки вай ба саҳна мегузошт, умри хеле тӯлонӣ доштанд ва баъзе аз спектаклҳои вай бо гузашти чанд насл ҳам побарҷоянд. Иддае умри сисола доранд. Яъне, 30 сол ба инҷониб мардум онро тамошо мекунанд ва куҳна намешаванд. Мисли намоишномаи “Фарёди ишқ”-и Ғанӣ Абдулло, ки бар асоси достони “Дувалронӣ ва Хизирхон”-и Амир Хусрави Деҳлавӣ тавлид шудааст, сӣ сол умр дид ва ҳоло ҳам куҳнашавӣ надорад. Яъне, устод Майбалиев мекӯшид ҳамин гуна асарҳои ҷовидонаро рӯи саҳна орад , ки куҳнашавӣ надорад”.
МЕКӮШИД БА ҶАВОНОН БЕШТАР ТАКЯ КУНАД
Қурбони Собир аз он мутаассиф аст, ки дар ягон спектакли Майбалиев нақш наофарид, чун иттифоқе пеш наёмад. “Вале мо чун устоду шогирд ҳамеша дар таҳлилҳо бо ҳам будем. Вазъро баррасӣ мекардем, андешаҳои ҳамдигарро мешунидем. Ва ман ҳатто як мақола ҳам дар бораи устод дар “Адабиёт ва санъат” чоп карда будам. Ва дар китобам ҳам як мақола аз бардоштҳоям дар бораи фаъолиятҳои устод Майбалиев, равишҳои эҷодии ӯ дорам ва нуктаҳои дигаре ҳам дар ёдам ҳаст, ки бояд бо мурури замон рӯи коғаз орам”,-мегӯяд ӯ.
Ибодулло Машрабов аз рӯйдоди хотирмони соли 1999 ёд мекунад, ки “Шоҳ Исмоили Сомонӣ” аз рӯи асари Меҳмон Бахтӣ дар таҳияи шодравон Фаррух Қосимов рӯи саҳна меомад ва ӯ низ дар радифи устодони бузурги ин театр Ҳошим Гадоев ва Ато Муҳаммадҷонов барои иҷрои нақши Исмоили Сомонӣ интихоб шуда буд. “Азбаски аз миёни дигарон ман нисбатан ҷавонтар будам ва барои он ки ҳам ҳайати роҳбарии театр ва ҳам коргардон Фаррух Қосимов мехостанд боварӣ дошта бошанд, ки оё ман ба иҷрои ин нақш мувофиқат мекунам, аз уҳдааш мебароям ё не, ҳамин гуна як имтиҳоне шуд. Хато намешавад агар гӯям, ки бандаро устодон имтиҳон карданд.
Вақте мо матнро мехондем ҳам Фаррух Қосимов ва ҳам устод Майбалиев ҳузур доштанд ва гӯш мекарданду назорат менамуданд. Ва чун кор анҷом ёфт, Фаррух ба устод Хушназар рӯ овард. Ва устод, ки як одами табиатан ботамкину солор ва боандеша буданд, хеле қотеъона гуфтанд, ки “ман боварӣ дорам Ибодулло аз уҳдаи ин нақш мебарояд”. Ва ин як дастгирии шогирд аз ҷониби устод буд. То андозае ман эҳсос кардам, ки шояд устод як навъ бовар намуданд ба ҳунарманди нисбатан ҷавон, дилбардорӣ карданд, як навъ қувват бахшиданд, боварии ҳунармандро дар иҷрои ин гуна як нақши мушкил устувор гардониданд.
Баъде, ки ман роҳбари театр шудам, устод ду асарро ба саҳна гузоштанд, ки яке “Раъду барқ“-и драматурги чинӣ ва дигар асари Сафармуҳамади Аюбӣ буд. Ва бо ин ду кори охирин, ки бештар ҷавононро ҷалб карда буданд, медидам, ки устод боз ғамхорӣ зоҳир мекунанд, то насли ҷавон қотеътар ва устувортар рӯи саҳна оянд”.
УСТОДОНЕ, КИ ШОГИРДАШ ШУДАНД
Шералӣ Абдулқайсов аз замони тамрину рӯи саҳна омадани “Корвони бахт“-и Мирсаид Миршакар хотироти ҷолибро ҳикоят мекунад. Аз навиштаи ӯ пай бурдан душвор нест, ки ба ҳунари коргардонии Хушназар Майбалиеви он замон хеле ҷавон устодони саҳна, аз қабили Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Аслӣ Бурҳонов мафтун шудаву ҳатто ӯро ба устодӣ қабул кардаанд. “Раванди таҳаввули иҷборӣ одатан дар ҳайати эҷодии театрҳои мамлакат ба села-села нофаҳмиҳо ва ихтилофот оварда мерасонд. Аммо мавқеи дуруст ишғолкардаи режиссёри ҷавон дар мавриди таъсири фаъолона расондан ба камолоти маънавии ҷомиа маҳаки зангзудои ҷамъии ҳунармандон гардид.
Аввалин шуда пири кор, устоди гиромӣ Ҳунарманди Халқии СССР Аслӣ-ака Бурҳонов дар талқини Майбалиев ногузирии таъбиру тафсири замонавии симои доҳиро эҳсос карданд ва ӯро ба устодӣ пазируфтанд. Ин иқдоми устод Аслӣ-ака рамзи эътироф ва боварии наслҳои гуногуни театр нисбати завқу салиқа ва ҳунари волои устод Майбалиев буд. Ҳунармандони маъруф Ҳ.Мамадзоҳиров, Н.Ҳасанов, Қ. Ҳимматшоев, Н.Ойматов, М.Тоҳирӣ, Б.Сабзалиев, Н.Шомансурова, Т.Абдушукурова, Р.Ҳусейнов, У.Раҷабов, А. Холиқов, Саидаҳмадов, ҳамагон дар маҷрои психологизм тобишҳои рангоранги истеъдодро ошкор сохтанд”.
ЁДИ МАЙБАЛИЕВ ДАР МАСКАВ
Хушназар Майбалиев бидуни шак коргардони ҳирфаӣ буд. Дар замони побарҷо будани Иттиҳоди Шӯравӣ ҳусну қубҳи ҳар намоишнома аз Маскав арзёбӣ мешуд ва на ҳар спектакл баҳои мусбати мунаққидони маскавиро сазовор мегардид. Аммо Хушназар Майбалиев аз ҷумлаи камтарин коргардонҳое буд, ки ба ҳар асари дар саҳна офаридааш таҳсине аз маҷалла ва рӯзномаи он замон маъруфи “Театр” ва “Советская култура” мешунид ва дар аксар маврид ҳунармандони варзида ва мунаққидони борикбин изҳори назар мекарданд.
Ҳамчуноне Ортиқ Қодир мегӯяд, Майбалиев яке аз режессёрони хеле қавии Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб мешуд. “Ревизор”-е, ки вай ба саҳна гузошта буд, дар собиқ Шӯравӣ камназир буд”. Ва ӯ ба ёд меорад, ки замони донишҷӯӣ, вақте таҷрибаомӯзи “ГИТИС”-и Маскав буд, хост дар театри Эфрос “Отелло”-и Шекспирро тамошо кунад. “Ба назди хазинаи театри Эфрос қариб се соат пеш аз намоиш ҳозир гашта, интизорӣ кашидам. Даричаи хазинаҳо баста ва дар оинаашон эълони зерин часпонида шуда буд: “Тамоми билетҳо фурӯхта шудаанд”. Аммо лаҳзае пас худи Эфрос вориди ҳуҷраи сармаъмур гашта, ба ӯ дастуру супорише дод.
Ин лаҳза марде дигар аз паҳлӯи ман ба равзана наздик шуду гуфт: “Анатолий Василевич, пайёму дуруди Ӯзбакистонро бипазиред” ва бо амри А. Эфрос соҳиби билети беҷой гардид. Ман низ ҷуръат пайдо карда бо садои баланд ба ӯ аз Тоҷикистон, аз шогирдаш Хушназар Майбалиев салом гуфтам ва аз ӯ билет хостам. Коргардони машҳур бо табассум аз шогирдаш Майбалиев пурсон шуд ва ба сармаъмур фармуд, ки ба ман ройгон билети беҷой бидиҳад. Ин барои мани роҳҷӯи ҳунар беҳтарин туҳфаи тақдир ва лаҳзаи хушбахтӣ буд…”- гуфт ӯ.
Рӯйдоди шабеҳи инро дар суҳбат коргардони маъруфи синамо Сафарбеки Солеҳ иброз дошт. Вай аз ҳодисае ёд кард, ки то кадом ҳад шуҳрат доштани Майбалиев дар хориҷ аз кишварро нишон медиҳад. “Дар кинофоруми соли 2006 дар Маскав, баъди намоиши филми ман, баҳси киношиносон хеле авҷ гирифт. Баъди анҷоми он албатта, ки ҳоло ҳам бинандаҳову коршиносон суҳбатро идома медоданд, назди ман як киношиноси маълуми эстонӣ Николай Хрусталев омад, муборакбодӣ карду гуфт, ки аз филми шумо бӯи Хушназар, ба машомам расид. Ман ҳайрон шудам. Гуфт, ман ҷавониямро дар Душанбе зери тарбияти Хушназар Майбалиев гузарондаам. Ҳунарпешаи ҳирфаии театр будам. Баъд ба киношиносӣ рӯ овардам. Ҳатман ки рафтӣ, ба устод салому эҳтироми маро расон ва бигӯ, ҳар чӣ хубиву пирӯзие агар дар касбу зиндагиям дорам, аз баракати ӯст. Вақте ки ба Душанбе баргаштам, рафтам зиёрати устод ва ин пайёми Хрусталевро расондам. Устод хеле шод шуданду гуфтанд, маро ба ёди 40 сол пеш бурдӣ, он замон ман худам шогирд будам, лек шодам, ки бо шогирдиям, низ боз дӯстоне аз ман баҳрае бурдаанду маро фаромӯш накардаанд, ташаккур”.
ОРЗУЕ, КИ БО ХУД БУРД
Маъмулан ҳунармандони асил чун чашмаи ҷӯшонанд, ки илҳоми эҷодашон хушк намешавад. Онҳо ҳамеша новобаста ба синну сол, дарду ранҷ ва хастагии ҷисмониву руҳонӣ дар такопӯ ва дар пайи иҷрои тарҳҳои нав ба нави эҷодианд. Хушназар Майбалиев низ даме, ки сар ба болини марг мениҳод, дар дил ҳавасҳои дигар дошт. Аз вай намоишномаи нотамом боқӣ намонд, яъне он чӣ рӯи даст гирифтаву мехост таҳия кунад, анҷом ёфта буд. Вале қасд дошт ду спектакл аз эҷодиёти адиби машҳури рус Антон Чехов, ки ба гуфтаи Улфатшоев яке “Се хоҳарон” буду дигар бино ба шаҳодати Ибодулло Машрабов “Боғи олуболу“-ро ба саҳна гузорад. Вале умр вафо накард.
Оре, умр бевафост ва аҷал дар камин аст. Аммо на барои ҳунарманди асил. Хушназар Майбалиев даҳҳо шогирдони дигар дорад, ки метавонанд ин орзуи бо худ бурдаи устодашонро амалӣ созанд ва рӯҳи ӯро шод намоянд. Метавонанд саранҷом ин ду шоҳасарро рӯи саҳна оранд, даҳҳову садҳо бинанда ва мухлисони ҳунари ӯро бори дигар ба толор бихонанд ва рӯҳи ӯро шод созанд…
Бобоҷони Шафеъ
ДАР БОРАИ ХУШНАЗАР МАЙБАЛИЕВ ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ БОЗ МЕТАВОНЕД ИН МАТОЛИБРО ҲАМ БИХОНЕД:
Дастовези театр: Ба саҳна гузоштани драмма аз рўи достони «Писари Ватан»-и Мирзо Турсунзода дар театри шаҳри Қурғонтеппа // Ҳақиқати Қурғонтеппа. – 1981. – 15 сентябр.
Образи драммавӣ ва маҳорати актёр: Саҳифае чанд аз ҳолномаи эҷодии ҳунарпешаи Театри академӣ – драммаи ба номи А. Лоҳутӣ Н. Ойматов / ҳаммуаллиф Ҷ, Қуддусов // Адабиёт ва санъат. – 1985. – 8 август.
Хазинаи дил: Аз эҷодиёти Артисти Хизматнишондодаи Республика Б. Наматиев / ҳаммуаллиф Ҷ, Қуддусов // Адабиёт ва санъат. – 1985. – 28 март.
Мусоҳибаҳо:
Тағйири ташкили кор бояд: Мусоҳибаи рузноманигор М. Бобоев бо сарежисёри Театри академии драммаи ба номи А. Лоҳутӣ Х. Майбалиев дар бораи кори театр // Адабиёт ва санъат. – 1986. – 17 июл.
Мавсими умедҳо: Мусоҳиба бо саррежисёри Театри давлатии академии драммаи Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ оид ба мавсими 59-солагии театр // Адабиёт ва санъат. – 1987. – 24 сентябр.
Барор мехоҳам: Мусоҳибаи рузноманигор Расулӣ бо саррежисёри театри ба номи А. Лоҳутӣ Ходими шоистаи санъати РСС Тоҷикистон Х. Майбалиев // Тоҷикистони Советӣ. – 1989. – 23 май.
Театр бедор мешавад: Мусоҳибаи Ф. Хилватшо бо директор ва саррежисёри театри драммавии ба номи Лоҳутӣ оиди дигаргуниҳо дар ҳаёти театр / ҳаммуаллиф И. Абдурашидов // Паёми Душанбе. – 1992. – 15 январ.
Истеъдод дар асп муҳаббат ба касб аст: Мусоҳибаи Х. Ҳушанг бо коргардони шинохтаи тоҷик Х Майбалиев перомуни ҳаёт ва фаъолияти Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Носир Ҳасанов // Адабиёт ва санъат. – 2003. – 26 сентябр.
«Театр дар Тоҷикистон Оянда дорад»..: Мусоҳибаи Қ. Собир бо коргардони театри ба номи А. Лоҳутӣ Хушназар Майбалиев оиди театрҳои Ҷ умҳурии Тоҷикистон // Садои мардум. – 2003. – 31 май.
Дар борааш:
Ба театр ояд: Оид ба фаъолияти эҷодкорони театри академӣ–драммавии ба номи А. Лоҳутӣ // Комсомоли Тоҷикистон. – 1985. – 27 март.
Режисёри советии тоҷик: Шарҳи мухтасари ҳаёту эҷодиёт // Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. – Душанбе. – 1989. – Ҷ.2. – С. 135.
Таҳияи Шаҳноза Садирзода
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ