ХУСРАВ НОЗИРӢ: Тоҷикон ва мисриён: чанд намуна аз таърихи робитаҳо
Чу зар дурахшанда бар лоҷвард…
Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Миср ҳамагӣ 28 сол умр доранд (1 апрели 1993 барқарор шуданд). Вале, бо вуҷуди ҷавонии муносибатҳои дипломатӣ байни Душанбе ва Қоҳира, таърихи робитаҳо байни тоҷикону мисриён ба ҳазорон сол пеш бармегардад ва будани санги лоҷварди бадахшӣ дар зеваролоти фиръавнӣ, аз ҷумла дар оромгоҳи фиръавни ҷавон Тутъанхомун (1342-1325 пеш аз мелод) далели ин гуфтаҳост. Ҳоло ганҷинаи Тутъанхомун, ки шомили беш аз 3500 шайъ аст, дар Осорхонаи миллии Миср воқеъ дар майдони Таҳрири Қоҳира қарор дорад ва чанде пас ба Осорхонаи нави бузурги Миср, ки сохтмони он дар наздикии Аҳромоти бузург дар Ҷиза ба итмом мерасад, интиқол хоҳад ёфт. Зимнан бояд гуфт, ки Осорхонаи нав, ки ба сохтмони он тақрибан 1 млрд доллари америкоӣ сарф шудааст, бузургтарин осорхона дар ҷаҳон хоҳад буд, ки танҳо ба як тамаддун ихтисос дорад.
Пажӯҳишгарон бар онанд, ки лоҷварде, ки дар зеваролоти фиръавнҳо истифода шудааст, ба Мисри Бостон аз Бадахшон омадааст. Чунон ки маълум аст, истихроҷи лоҷвард дар Бадахшон таърихи беш аз шашҳазорсола дорад ва аз қадим ин санги кабудранг дар атрофу акнофи олам шуҳрат дошт. Мояи масаррати роқими ин сатрҳост, ки дар давоми маъмурияти дипломатиаш дар Миср, ки аз июли 2014 то апрели 2019 идома дошт, тавонист ин пайвандҳои таърихиро ба чашми худ бинад.
Ҷаҳондор Доро сипаҳ баргирифт…
26 октябри 2018 бино ба даъвати Вазири осори бостонии Миср Холид ал-Инонӣ дар ҳайате иборат аз гурӯҳи сафирони муқими Қоҳира аз воҳаи ал-Хориҷа воқеъ дар Саҳрои Ғарбии Миср бозид намудам. Воҳаи мазкур аз он ҷиҳат барои таърихи тоҷикон аҳаммият дорад, ки дар он осори зиёди марбут ба дудмони Ҳахоманишиён боқӣ мондааст. Аз ҷумла дар деворҳои парастишгоҳҳои фиръавнии Ҳибис ва ал-Ғувайта нақшҳо ва хартуши шоҳи Эрон Дориёши I (550–486 пеш аз мелод)-ро метавон дид. Дориюши Бузург пас аз он ки Мисрро фатҳ намуд, худро фиръавни ин кишвар эълон кард. Ӯ фиръавни чаҳоруми дудмони 27-уми Мисри Бостон ба шумор меравад. Дар воҳаи ал-Хориҷа осори салафи Дориюши I шоҳ Комбизи II низ боқӣ мондааст. Бино ба манбаъҳои таърихӣ, Комбизи II, ки фиръавни якуми сулолаи 27-уми Мисри Қадим мебошад, дар роҳ аз воҳаи ал-Хориҷа ба сӯи воҳаи Сива, ки дар шимоли ғарби саҳрои Миср воқеъ аст, дар биёбон бо лашкараш дар соли 522 пеш аз мелод нопадид мешавад.
[wp-embedder-pack width=”100%” height=”400px” download=”all” download-text=”” attachment_id=”2182″ /]