“Хусравнома”-и Шайх Аттор дар Телеграмканали мо

Шайх-АтторХусравнома”-и Шайх Аттори Нишопурӣ соли 1990 дар таълиф ва сарсухани доктори илмҳои филологӣ Наҷми Сайфӣ бо хати крилӣ чоп шудааст. Ин маснавӣ бе ягон шак аз ҷумлаи шаҳкорҳои адабиёти форсу тоҷик аст. Ягона достони шоир аст, ки дорои хати сужа мебошад ва аслан достони ишқиву романтикист.

Дар сарсухан омадааст, ки соли таълифи ин манзума маълум нест, чун ин одати шайх буд, ки аслан соли навишта шудани асарҳояшро махсус қайд намекард. Аммо Аҳмадӣ Суҳайлии Хонсорӣ, ки “Хусравнома”-ро нашр кардааст, соли таълифи онро  600 ҳиҷрӣ (1204 милодӣ) медонад.

Худи Аттор борҳо достонашро “Хусравнома” гуфтааст ва барои мисол ин чор мисраҳо мурур кунед:

Пас аз ман дӯстонро бӯстон аст,
Ки алҳақ, достоне дилситон аст.

Ба номи хусравӣ рӯи заминро,
Ниҳодам ном “Хусравнома онро.

 Он чи дар бораи ин достон гуфтан лозим аст, дар сарсухани китоб мехонед ва такрор намекунем. Танҳо ин ки аз шумо даъват мекунем ба ин достони шавқангези Шайх Аттор таваҷҷуҳ намоед.

Онро метавонед ин ҷо бихонед ё боргирӣ кунем: ХУСРАВНОМА” 

 Бо вуруд ба ТЕЛЕГРАМКАНАЛИ Китобхонаи миллӣ шумо садҳои китоби дигарро ҳам метавонед мутолиа кунед.