Иқдоме дар роҳи ободониву созандагӣ бо иштироки кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизби “Китобдор”

Аксияи умумишаҳрии ҳизбиёни пойтахт “САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН” дар доираи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром давом дорад.
Бо ташаббуси ҲХДТ Душанбе ва бо мақсади саҳмгузорӣ дар ободонӣ, тозагӣ ва беҳтар намудани муҳити зист дар шаҳри Душанбе аксияи тозагӣ баргузор гардид.
Дар доираи ин иқдоми созанда Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Китобдор”-и Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе корҳои ободонӣ ва поккорӣ анҷом доданд.
Иштирокдорони аксия гирду атрофи маҳалларо аз партобҳо тоза намуда, барои беҳтар гардидани ҳолати санитарӣ ва зебоии муҳити зист саҳми худро гузоштанд. Ин гуна иқдомҳои ҷамъиятӣ дар баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандон, тарғиби фарҳанги тозагӣ ва ҳифзи муҳити зист нақши муҳим доранд.
Баргузории чунин аксияҳо минбаъд низ ба таҳкими фарҳанги ободкорӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба корҳои созандагӣ мусоидат хоҳад кард.
Махфират МУҲИДДИНОВА


