Дар меҳвари китоб
Муҳимтарин бахши ин китобхона 195 китобе мебошад, ки аз тарафи муаллифон бо дастхат ба Акбар Абдулло ҳадя шудаанд. Дар ин 195 китоб ҳам таманниёти муаллифон, ҳам эътимоду самимияташон ба шоир, ҳам эҳтирому садоқаташон нишон дода шудааст. Тавре маълум аст, аз рӯи илми хатшиносӣ ва таърихнигорӣ ҳар як соядаст ба қисми таркибии хатнигораҳо дохил шуда, ҳатман як замоне барои корҳои илмӣ доир ба ин ё он соҳа хидмат хоҳанд кард.
**** **** ******
Китоб муҳимтарин василаи интиқоли маърифат, шинохти миллат, дарки худшиносию худогоҳӣ ва пойдории таъриху арзишҳои фарҳангии ҳар як кишвар мебошад. Ҳар қавму миллате, ки бо китобу китобхона пайвандӣ дорад, бешубҳа ба саодати илмию фарҳангӣ ноил мешавад.
Дар шароити муосир, ки техника ва технологияи иттилоотӣ ба таври бесобиқа рушд ёфтааст, китоб ҳамоно мавқеи маънавии худро дар ташаккули афкори солим ва равшаннамоии шуури ҷамъиятӣ ҳифз карда, барои густариши фарҳангу маънавиёт ва рушд арзишҳои миллӣ хидмати арзишманд мекунад.
Миллати маърифатоини тоҷик аз ибтидои ташаккули тамаддуни башарӣ то имрӯз бо китоб омезиши ногусастанӣ дошта, дар ҳар як хонадони тоҷик китоб ҷойгоҳи хосу мақоми муқаддас дорад. Ҳикмати бузурги ниёкони мо аст, ки зери болини тифли навзод барои ҳифзи кӯдак аз неруҳои ифритӣ китоб мегузоштанду китоб мегузоранд. Ин вежагӣ боис гардидааст, ки шахсиятҳои фарҳехта ва посдорони фарҳанги миллии тоҷикӣ зиндагию рӯзгори худро бо китоб бахшиш намуда, онро як қисми аслии рӯзгори худ месозанд.
Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки бо китоб будан, бо китоб зистан ва пос доштани китоб боиси ташаккули китобхонаҳо дар аксар хонаводаҳо мегардад. Таҳлилҳои ҷомеашиносӣ нишон медиҳанд, ки китобхонаҳои оилавӣ ба қисми таркибии ғановати фарҳангии миллату давлат шомил шуда, барои миллати тоҷик ҳар як китобхонаи шахсӣ манбаи нуру махзани маънавии ҷомеаи мо ҳисобида мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз тибқи нишондодҳои оморӣ 1363 китобхонаи оммавӣ амал мекунад, ки дар таъмини аҳолӣ бо маводи илмию фарҳангӣ нақши созгор доранд. Аммо то ҳол китобхонаҳои шахсӣ – хонаводагӣ, ки шумораашон ба ҳазорҳо мерасад, ба таври дақиқ ҳисоб карда нашудаанд. Бояд таъкид кунам, ки дар бештари ҳолат китобхонаҳои хусусии шахсиятҳои илмию фарҳангӣ ва шоирону нигорандагони миллати мо аз лиҳози ғановати адабӣ қавитар аз китобхонаҳои ҷамъиятӣ мебошанд.
Пӯшида нест, ки баъд аз носуботиҳои мамлакат дар қатори дигар сохторҳо, фаъолияти китобхонаҳо то андозае суст ва камранг гардид. Дастёбӣ ба ваҳдати миллӣ, қавӣ шудани аркони давлатдорӣ ва рушди иқтисоди миллӣ дар мамлакати хуршедии мо таваҷҷуҳро ба китобу китобхонаҳо ба таври шоиста боло бурда, соли 2012 бо ташаббуси Пешвои миллат “Китобхонаи миллӣ” бо тарҳи муосир бунёд ва ба истифода дода шуд.
Китобхонаи миллӣ бо намои китоб боз як таҳаввули бузурге дар самти фарҳанги китобдорию китобхонӣ гардид. Ин даргоҳи илму маърифат дар баробари фонди бузурги китобии худ, ки фарогири беш аз 4 миллион нусха китоб, фарҳангу луғатномаҳо, қомусҳо, китобҳои чопи сангӣ, матбуоти даврии Тоҷикистон ва ҷаҳон, адабиёти хориҷӣ, дастхатҳои нодири тоҷикӣ – форсӣ, китобҳои электронӣ, имову ишора – видеоӣ, нашрияҳои рақамӣ, китобҳо барои афроди камшунав – аудиоӣ мебошад, ҳамзамон, китобхонаҳои шахсии олимону муҳаққиқон ва адибону пажуҳишгаронро дар худ нигоҳдорӣ ва дастраси дӯстдорони китоб месозад.
Китобхонаҳои шахсии академикҳо, докторони илм, кормандони илмӣ ва адибону донишмандони кишвар, ки то имрӯз ба Китобхонаи миллӣ супорида шудаанд, шумораашон ба 37 расида, муҳимтарин хазинаи китоби Китобхонаро ташкил медиҳанд, ки ҳамарӯза муҳаққиқон, донишҷӯён ва пажӯҳандагони риштаҳои гуногун аз ин китобхонаҳо баҳраманд мешаванд.
Чанде пеш дар масъалаи китобхонаҳои шахсӣ ва фонди китоби ин бахши китобхона боз як воқеаи фараҳбахшу фарҳангӣ сурат гирифт, ки он ҳам бошад ҳадя гардани китобхонаи шахсии шоири шаҳири кишвар, донишманди фарҳехта ва ҳуқуқшиноси варзидаи мамлакат устод Акбар Абдулло ба Китобхонаи миллӣ мебошад.
Китобхонаи мавсуф фарогири китобҳои нодиру арзишманди соҳаҳои адабиёт, таърих, забон, ҷуғрофиё, ҳуқуқ, фалсафа ва нашрияҳои даврии солҳои гуногнун буда, ҳудудан 3500 нусхаро дар бар мегирад.
Дар ин ганҷури маънавии адиби маърифатсолор мо, осори шоирону ҳикматофарони дирӯзу имрӯзи адабиёт, аз ҷумла, падари шеър устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, нусхаҳои гуногуни “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ, ҷилдҳои мухталифу мунаққаши “Маснавии маънавӣ”-и Мавлонои Балхро бо шарҳу тафсир, ашъори Носири Хусрави Қубодиёнӣ, чакидаҳои Ҳофизу Бедилу Ҷомӣ, Саъдию Ҳилолию Навоӣ ва даҳҳо шоирони дигарро шоҳид мешавем. Инчунин, дар ин махзан осори адибони Тоҷикистон аз устод Айнӣ то нависандагони имрӯзи кишварро дучор меоем.
Як вежагии дигари ин китобхона дар он аст, ки он дорои китобҳои нодир ва гаронарзиш бо хати ниёкон буда, аз кишварҳои Эрон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон ва соири давлатҳои дигар ба устод Акбар Абдулло ҳадя шудаанд ва ё дар вақту замонҳои гуногун ин китобҳоро устод аз ин кишварҳо харидорӣ карда, ба китобхонаи шахсии худ, ки як ғурфаи маънавии кишвар мебошад, ворид кардаанд. Ба хусус фарҳангномаҳо, қомусҳо, китобҳои минятурӣ, тафсири осори классикон ва дигар асарҳои шоирони ҳавзаи забону адаби форсӣ дар китобхона ҷамъоварӣ шудаанд, ки дар айни замон дархӯри талаботи насли фарҳангдӯсти кишварамон мебошанд. Ҳамзамон, китобҳо аз шоирону адибони бузурги рус, украин, белорус, ӯзбек, қазоқ, намояндагони адабиёти Аврупову Амрико ва кишварҳои Ховари Миёна дар ин китобистон гирдоварӣ шудаанд.
Муҳимтарин бахши ин китобхона 195 китобе мебошад, ки аз тарафи муаллифон бо дастхат ба Акбар Абдулло ҳадя шудаанд. Дар ин 195 китоб ҳам таманниёти муаллифон, ҳам эътимоду самимияташон ба шоир, ҳам эҳтирому садоқаташон нишон дода шудааст. Тавре маълум аст, аз рӯи илми хатшиносӣ ва таърихнигорӣ ҳар як соядаст ба қисми таркибии хатнигораҳо дохил шуда, ҳатман як замоне барои корҳои илмӣ доир ба ин ё он соҳа хидмат хоҳанд кард.
Тавре ҳамагон медонем, китоб манбаи ташаккули афкори ҳамидаи инсон ва зиннатбахши зиндагию ҳувияти миллатҳо мебошад. Дарвоқеъ бо тамошои китобкадаи устод Акбар Абдулло инсон зиндагии зебо, зиннату маънавиятро дар як хонадони тоҷики сарфароз эҳсос мекунад.
Як нуктаи ҷолиб ин аст, ки дар ҳифзу нигоҳдошт ва ғанӣ гардидани ин китобхона заҳмати ҳамсари устод – Зеварой Абдуллоева, ки як бонуи фариштахисол аст, амиқан эҳсос мешавад. Лаҳзаҳое, ки барои интиқоли китобхонаи устод ба Китобхонаи миллӣ дар ҳавлии эшон ҳузур доштам, ҳамсари устод ба бастаҳои китоб бо чашми муҳаббат менигарист. Гӯё фарзандеро барои сафари дур гусел мекард.
Бо як сипосгузорӣ аз модар, ки китобхонаро хуб нигоҳдорӣ кардаанд, ашк дар нигоҳи ӯ ҳалқа зад ва таъкид кард, ки “ҳар куҷое падари фарзандонро барои адои хидмати давлатӣ сафарбар мекарданд ин китобҳоро дар баробари чор фарзандам ҳамеша бо худ мебурдам, аз онҳо муроқибат кардем ва кӯшидем, ки ин китобҳо дар сахттарин лаҳзаҳо газанд набинанд. Акнун, шумо – кормандони Китобхонаи миллӣ ин фарзандони маънавии маро бо иззат нигоҳдорӣ кунед ва кӯшиш кунед, ки насли ҷавон ба ин китобҳо дастрасӣ дошта бошанд”. Дарвоқеъ, китобхонаи устод бо назокати хос нигоҳдорӣ шудааст. Имрӯз бошад ин китобҳо дар фонди бузурги Китобхонаи миллӣ ворид шуда, барои фарҳангу адаби кишвар ва барои насли навини ин сарзамини ҳикматоину адабгустар хидмат хоҳанд кард.
Агар ба масъалаи тақдими китобхонаҳои шахсӣ ба фонди Китобхонаи миллӣ назар намоем, то имрӯз китобхонаҳои шахсиятҳои шинохта ба мисли устодон Муҳаммадҷон Шакурӣ, Аҳрор Мухторов, Талбак Назаров, Фозил Тоҳиров, Раҷаб Амонов, Мӯсо Диноршоев, Хуршеда Отахонова, Рамазон Раҳимзода, Саймумин Ятимов, Маҳкам Маҳмудзода, Файзулло Шарифзода, Муҳаммад Лутфуллозода, Убайд Зубайдов, Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ, Сайф Раҳимзоди Афардӣ ва дигарон ба Китобхонаи миллӣ супорида шудаанд. Аммо мехоҳам таъкид намоям, ки ин иқдом аз лиҳози мантиқӣ дорои се вижагӣ мебошад. Аз ҷумла:
- Хидмат ба пажӯҳандагони ҷавони кишвар. Ҳар китобе, ки ба фонди Китобхонаи миллӣ ворид шавад, метавонад дар таъмини маънавияти хонандагон ҳамчун манбаъ ва ё сарчашмаи омӯзиш ба кор ояд, ки ҳам аҷри маънавӣ дорад ва ҳам хидматгузорӣ дар дастгирии кадрҳои ҷавони соҳаи адабу фарҳанг мебошад. Иқдоми устод Акбар Абдулло тасмими хирадмандона дар самти дастгирии хонандагони кишвар ва ниёзмандони маърифат бо китобу сарчашмаҳои адабӣ мебошад.
- Ҷовидонӣ гардонидани китобхонаи шахсӣ. Устод бо тақдими китобкадаашон ба Китобхонаи миллӣ умри китобҳои ҷамъкардаашонро ҷовидонӣ гардониданд, зеро ҳар як китобе, ки вориди фонди китоби кишвар мешавад тибқи низоми фаъолияти китобдорӣ санад мешавад ва сарчашмаи он қайд мегардад. Ин китобхонаи низ ба қисми таркибии китобхона ворид шуда, барои ҳамеша дар хидмати халқу миллат ва ҳаводорони китоб қарор мегиранд.
- Пайравӣ аз сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат. Аснои ифтитоҳи Китобхонаи миллӣ Сарвари давлат ба зиёиёни кишвар рӯй оварда, доир ба ғанӣ гардонидани фонди китобии Китобхонаи миллӣ таъкид намуданд. Ҳамзамон, аз шахсиятҳое, ки китобхонаҳои худро ба Китобхонаи миллӣ супоридаанд, таъкиди хос намуданд. Ин иқдоми устод Акбар Абдулло як қадами устувор дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти рушди фарҳанги миллӣ ва низоми фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар маҷмуъ, иқдоми устод Акбар Абдулло заминаи шоистаеро ҷиҳати қавӣ гардидани фонди китобии Китобхонаи миллӣ, ки бузургтарин боргоҳи адабию фарҳангӣ ва илмию таърихии миллати тоҷик мебошад, гузошта, барои рушди фарҳанги тақдими кибот заминаи устувор хоҳад гузошт.
Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар посух ба ин иқдоми фарҳангию хирадмандонаи шоир Акбар Абдулло бо дастури директори он, профессор Файзализода Ҷумахон Хол тасмим гирифтааст, ки феҳристи осор ва китобномаи шарҳиҳолии Акбар Абдуллоро таҳия ва нашр намояд. Яъне, кормандони Китобхонаи миллӣ новобаста аз сарбориҳои афзун талош мекунад дар хидмати касоне бошад, ки онҳо барои фарҳанги миллӣ заҳмат кашидаанд.
Муҳаммадиқбол Атозода,
номзади илми филология,
муовини директори “Китобхонаи миллӣ”
теги: китобҳои тақдимшуда