Иқлима Амирбекова: «Таълимоти машшоияи шарқӣ дар бораи зан»
Дар монографияи илмӣ заминаҳои ғоявӣ ва иҷтимоии таълимоти машшоияи шарқӣ дар бораи зан, мақом ва ҷойгоҳи зан дар афкори динӣ-фалсафии Эрони бостон, таҳаввули тасаввурот дар бораи моҳияти зан дар фалсафаи Юнони Қадим, таъсири ислом ба фалсафаи машшоияи шарқӣ доир ба мақоми иҷтимоии зан, мақоми зан дар фалсафаи машшоияи шарқӣ, хусусияти инсонмеҳваронаи таълимоти Абунасри Форобӣ дар бораи зан ва мақоми он дар ҷомеа, вазифаҳои иҷтимоии зан дар фалсафаи Абуалӣ ибни Сино ва Насируддини Тӯсӣ, инчунин, таъсири таълимоти машшоиёни шарқӣ дар бораи зан ба ташаккули муносибатҳои гендерӣ дар ҷомеаи муосири тоҷик таҳлил ва баррасӣ шудаанд.
Маводҳои монографияи илмиро мутахассисони соҳаи фалсафа ва дигар ҷомеашиносон дар фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ (навиштани монографияҳои номзадию докторӣ ва гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ) ва омӯзгории худ, махсусан, дар таълими фанҳои таърихи фалсафа, таърихи фалсафаи форсу сотсиологияи тоҷик, таърих, сотсиологияи гендерӣ, сотсиологияи дин ва дигар фанҳои иҷтимоӣ – гуманитарӣ истифода бурда метавонанд.
Ин китоб бо қарори шурои илмию методии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 28.03.2025 ба чоп тавсия шудааст ва аз 152 саҳифа иборат мебошад.
Китоби Иқлима Аирбекова «Таълимоти машшоияи шарқӣ дар бораи зан» дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолиа мебошад.
Фарзона Шарифова
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.