Иқтибосҳо аз Паём. Фарҳанг ва моариф дар мадди аввал

Паёми муҳтарам Эмомалӣ РаҳмонҲар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон паёми сарнавиштсоз номид. Он барномаи амал аст, дастурест, ки рушди минбаъда ва роҳҳои ҳалли мушкилотро таъйин мекунад.

Он раҳнамост барои кулли ақшори ҷомеа. Он барномаи амал барои ҳалли мушкилоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ, фарҳангист.

Мо рӯзи 28-уми декабри соли равон саодати онро доштем, ки  Паёми  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» – ро бишнавем ва барои худ аз ин раҳнамоиҳо ва таҳлилҳо бардоштҳое бикунем.

Инак, чанд нукта аз ин Паёми сарнавиштсоз:

“Дар доираи нақшаи зикргардида дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд”.

****    ****    ****

“Ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад”.

****    ****    ****

“Иқдомоти дар замони соҳибистиқлолӣ амалинамудаи Хукумати мамлакат ба рушди фарҳанг, ҳифзи меросу анъана ва суннату арзишҳои миллӣ ва дар натиҷа ба раванди болоравии сатҳи маънавиёти ҷомеа такони бузург бахшиданд”.

****    ****    ****

“Дар робита ба ин, бори дигар таъкид мекунам, ки фарҳанг ҳастии миллат аст. Агар соли 2000-ум аз буҷети давлатӣ барои соҳаи фарҳанг ва варзиш ҳамагӣ 13 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2024-ум ин нишондиҳанда 1 миллиарду 716 миллион сомониро ташкил дод”.

****    ****    ****

“Тайи 33 соли истиқлоли давлатӣ дар кишвар 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғат ва 20 осорхона бунёд карда шуд, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба мардуми Тоҷикистон хизмат карда истодаанд”.

****    ****    ****

“Мо дар соҳаи фарҳанг истеъдодҳои зиёде дорем, ки гулчин ва тарбия кардани онҳо вазифаи мову шумост”.

****    ****    ****

“Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад”.

****    ****    ****

“Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад”.

Исмоил Саидзода, муовини сардори Медиатекаи Президенти Тоҷикистон.