Ибни Сино аз нигоҳи академик Бертелс. Бахши 2.

ibni-sino-az-nigohi-akademik-bertelsАбулҳасани Саҳл вазири Хоразмшоҳ ин донишмандро бахубӣ пазируфт ва Ибни Сино дар он ҷо ба пажӯҳишҳои хеш идома дод. Аммо панҷаи ҳарисонаи Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ба сӯи Хоразм дароз шуда буд. Овардаанд, ки Маҳмуд аз Хоразмшоҳ хоста буд, ки чанд тан аз донишмандони барҷаста, аз ҷумла Абӯалӣ Синоро ба дарбори ў бифиристад. Гӯиё Хоразмшоҳ пинҳонӣ ба Ибни Сино ҳушдор дода буд, ки дар нишасти ояндаи дарбор, номаи Маҳмуд, ки дар он хостори фиристодани донишмандон шудааст, эълом хоҳад шуд ва дигар сарпечӣ аз анҷоми ин фармон номуяссар хоҳад буд.

Ибни Сино пеш аз нишасти дарбор, ҳамон шаб ҳамроҳ бо донишманде дигар, Абусаҳли Масеҳӣ гурехт. Онҳо аз роҳи регзор ба сӯи Абевард ва Нисо рафтанд ва дар ин миён Абусаҳл натавонист душвориҳои роҳро таҳаммул кунад ва дар регзор мурд. Ибни Сино ба Нишопур расид ва мехост ҳамон ҷо бимонад, аммо ҳамин ки дарёфт зери пайгард аст ва дар ҷустуҷӯяш ҳастанд, фаротар рафта, худро ба Гургон расонид. Мегӯянд, ки дар он ҷо Қобус ибни Шамгирди Зиёрӣ, фарҳанпарвари номдор ӯро пазируфт. Аммо ба ростӣ чунин чизе наметавониста бошад, зеро Қобус пеш аз расидани Ибни Сино ба он ҷо ба дасти сипоҳиёни шӯришӣ халъ ва дар диже бандӣ шуда буд. Худ Ибни Сино дар зиндагиномааш, ки Ҷузҷонӣ аз забони ӯ навиштааст, дар ҳамин бора сухан мегӯяд. Достони Маҳмуд ва Хоразмшоҳ то андозае росту дуруст менамояд, бо ин ҳама заминае дорем, ки бияндешем ин достон ҳам ба сони достони бисёр густардаи Маҳмуд ва Фирдавсӣ ва афсонаи дӯстии Низомулмулк, Ҳасани Саббоҳ ва Умари Хайём танҳо аз сохтаҳои пасини тазкиранигорон аст, ки афсонасозиро бисёр дӯст медоштаанд. Ибни Сино дар яке аз шеърҳояш дар бораи хештан мегӯяд: «Бо он ки бузургӣ ёфтаам, қаламравам густарда нест, бо он ки арзишам бисёр аст, харидоре надорам».

Гумон намеравад ин суханонро бо ин достон, ки Маҳмуд ҳамчун шикоргаре ба дунболи ин донишманд буда, созгор сохт. Ин моҷаро чӣ рост бошад чӣ не Ибни Сино дар Гургон дере намонда худро ба Рай, ки дар он ҷо Маҷидулдавлаи ҷавон ба сарпарастии модари пуртаҷриба ва боазму иродааш фармон меронд, расонид. Аммо дасти Маҳмуд ба Райи пурсарват ҳам дароз шуд ва Ибни Сино аз он ҷо ҳам рахти сафар барбаст ва назди бародари Маҷидулдавла Амир Шамсуддавла Абутоҳир (997- 1021)-и милодӣ ба Ҳамадон рафт.

Шамсуддавла сахт ба бемории меъда гирифтор буд. Бӯалӣ ӯро дармон кард ва ба подоши он ба вазорат расид. Аммо сипоҳиёни Шамсуддавла сар ба шӯриш бардошта, хостори барканор кардани Бӯалӣ шуданд.

Донишмандро аз вазорат барканор карданд ва ӯ чанде ба ночор пинҳон мезист, андаке нагузашт, ки Шамсуддавла дубора бемор шуд ва аз ӯ хоҳиш кард, ки ба кори пешин баргардад. Дар соли 1021 – масеҳӣ, Амир ҷаҳонро бадруд гуфт ва писараш, Самоудавла бар тахт нишаста, яке аз наздикони худро ба вазорат гумошт. Дигар мондан дар Ҳамадон барои Ибни Сино суде надошт ва ба номанигорӣ ба фармонравои Исфаҳон Алоуддавла Ҳасомиддин Абӯҷаъфар Муҳаммад Ибн душмани Ибни Зиёри Кокуя, оғоз кард.

Ҳамин ки Самоуддавла аз ин номанигорӣ огоҳ шуд, дарёфт, ки Ибни Сино мехоҳад қаламрави ӯро тарк кунад. Пас фармон дод ӯро дар Дижи Бурдон дар банд кунанд. Донишманди номдор чаҳор моҳ дар зерзамини ниматорик ранчу сахтӣ кашид ва сипас озод шуд. Аз он пас ба гӯшанишинӣ пардохта, ҳамаи вақти худро сарфи кори илмӣ кард. Аммо андешаи Исфаҳон ӯро ором намегузошт ва саранҷом дар ҷомеаи дарвешон ҳамроҳ бо бародараш ва ду ғулом гурехт ва худро ба қаламрави Алоуддавла расонид. Дар он ҷо ба гунаи бояста ӯро гиромӣ доштанд ва пас аз он зиндагии орому осуда ёфт ва танҳо як бор аз бим ва хашми фармонраво ночор шуд ба Рай паноҳ барад ва дар он ҷо пинҳон шавад. Дар оғози тобистони 1036 ё 1037-масеҳӣ Алоуддавла, ҳавои рафтани Ҳамадон ба сараш афтод ва Ибни Сино мебоист ҳамроҳи ӯ бошад. Дар он ҳангом Ибни Сино бемор буд ва ба ҳеҷ рӯй наметавонист ранҷи сафар бар худ ҳамроҳ кунад, аммо наметавонист аз фармони фармонраво сар бупечад. Худро ба гунае ба Ҳамадон расонид, аммо бемориаш дар он ҷо шиддат ёфт ва рӯзи якуми рамазони соли 427, 28-июни соли 1036-и милодӣ ё тибқи дигар, соли 428, 18-июни соли 1037-и милодӣ донишманде, ки ҳаммонандаш дар он рӯзгор, дар саросари гетӣ набуд, ҳанӯз ба шастсолагӣ ҳам нарасида, аз ҷаҳон рафт ва ҳавасбозии фармонравоёни худкома ӯро кушт.

(Давом дорад)

Ин як пора аз пажӯҳиши донишманди варзида, академик Евгений Эдуардович Бертелс дар бораи Абуалӣ ибни Сино буд, ки дар китоби ӯ “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ” чоп шудааст.

Китоби мазкур аз сислсилаи “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) аз ҷониби Китобхонаи миллӣ соли 2025  зери назари академик Носирҷон Салимӣ интишор ёфтааст. Китобро Сируси Эзадӣ ба форсӣ баргардон кардааст.

Таҳияи Маҳинбонуи Ҷамолиддин
Маркази “Тоҷикшиносӣ”