Иди китобу дарҳои бози Китобхона

КитобхонаИмрӯз саҳни  бинои Китобхонаро фазои идона фаро гирифта буд. Дар назди даромадгоҳи китобхона намоиш – фурӯши китобҳои тозанашри шуъбаҳои китобхона ба роҳ монда шуд, ки ин ҳолат боиси хурсандии дӯстдорони китоб гаштааст. Бояд гуфт, ки чорабинии мазкур  дар як сол ду маротиба гузаронида шуда, ҳадафи асосии он ин ҷалби ҷавонону наврасон ба китобу китобхонӣ ва ошноии онҳо бо китобҳои тозанашри китобхона мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки барои дар сатҳи хуб муаррифӣ кардани китобҳо ва имкониятҳои Китобхона ба сайёҳону меҳмонон аз ҳисоби кормандони тамоми шуъбаву бахшҳо 50 нафар кормандони ҷавон сафарбар карда шудаанд, ки онҳо иштирокчиёнро роҳнамоӣ мекунанд. Ҳамчунин меҳмонон пас аз сайёҳати китобхона таассуроти худро баён менамоянд ва аксарияти онҳо дар китобхона аъзо мешаванд.

дархои-бозҲамчунин қайд кардан ба маврид аст, ки чорабинии “Рӯзи дарҳои боз” солҳои пешин ду рӯз идома мекард. Ин навбат бошад бо ибтикори роҳбарияти Китобхонаи миллӣ он се рӯз давом мекунад. Мувофиқи маълумоте, ки то ин дам ба мо расида аз тамоми вазорату кумитаҳо ва муассисаҳои давлатию донишгоҳҳо зиёда аз 600 нафар ба Китобхонаи миллӣ   омадаанд, ки қисми зиёди онҳоро наврасону ҷавонон ташкил медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзи “Дарҳои боз” аз 16 – ум то 18 апрел  идома ёфта, дар баробари китобҳои тозанашри шуъбаҳои Китобхонаи миллӣ, асарҳои рассомӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ намоиш дода мешвад. Баргузории “Рӯзи дарҳои боз” барои муаррифии фарҳанги деринаи китобдории миллати тоҷик ва арҷ гузоштан ба ҳунарҳои миллӣ мусоидат менамояд.