Иди саиди Фитр ва Наврӯзи байналмилалӣ муборак бод!
Ҳамватанони азиз!
Имрӯзҳо дар кишвари азизи мову шумо ду ҷашни бузург: ҷашни Наврӯзи ориёию байналмилалӣ ва Иди саиди Фитр истиқбол мегарданд. Ин ҷашнҳои фархунда, ки дар фазои сулҳу суботи комил, ваҳдату ҳамгироӣ ва тантанаҳои 35 солагии Истиқлоли кишвари азизамон фаро расидаанд, далолат бар он аст, ки ояндаи неку равшан моро интизор буда, Меҳани муқаддаси мо таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷашнгоҳи бузурги инсонию маънавӣ мубаддал гардидааст.
Иди саиди Фитр ва ҷашни Наврӯзи оламафрӯз таҷассумгари беҳтарин арзишҳои инсонӣ, файзу баракат, хайру эҳсон ва руҳияи инсонпарварона ба ҳисоб рафта, фарорасии ин ду иди саидро ба кулли мардуми меҳнаткашу шарафманди кишвар самимона табрик намуда, бароятон саодати рӯзгор ва хайру баракат орзу менамоем.
Доир ба фазилати моҳи Рамазон ва рӯзи Иди саиди Фитр Пешвои муаззами миллат чунин гуфтаанд: «Ин моҳ инсонро ба сабру таҳаммул ва парҳезкорӣ даъват карда, дар табиати одамон меҳрубонӣ ва раҳму шафқатро нисбат ба якдигар бедор месозад ва онҳоро ғолиби нафсу ҳомии рӯҳ мегардонад. Мардуми мо дар арафа ва рӯзи иди мубораки Фитр ба зиёрати падару модарони худ, аёдати беморону азодорон мераванд, дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр мекунанд, ба ятимону маъюбон ва дигар шахсони ниёзманд кумак мерасонанд».
Ҳамчунин, Пешвои муаззами миллат доир ба вежагиҳои муҳимми ҷашни байналмилалии Наврӯз таъкид доштанд, ки «Ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Нарӯз гувоҳи он аст, ки одамони сайёра ба ин ойини воқеъан ва моҳиятан фарҳангиву инсонпарварона эҳтиром доранд ва онро ҳамчун воситаи сулҳу субот, покиву садоқат ва зебоиву бедорӣ эътироф менамоянд.» Дар воқеъ иди саиди Фитр ва ҷашни байналмилалии Наврӯз барои мардуми мо натанҳо хушнудиву шодмонӣ меоранд, балки як восита ва айёми созандагиву ободкорӣ буда, ба пешрафту ободии ҳар як хонадон, маҳалли зист, шаҳру ноҳия ва дар маҷмуъ ба ободии сарзаминамон мусоидат менамояд.
Боиси шодмонӣ ва ифтихори зиёд аст, ки ҷашни Наврӯз дар кишвари азизи мо сол то сол дар фазои хурраму ободтар баргузор мегардад. Иди Наврӯз аз замони пайдоиш то ба имрӯз аз ҷашнҳои бузургтарини суннатии ҳамаи мардумони ориёинажод шинохта шуда, таи ҳазорсолаҳо арзи вуҷуд дорад ва имрӯз бошад барои иттиҳод ва ҳамбастагии инсоният хидмат мекунад.
Наврӯз дар тасавуроти ниёгони мо оғоз ёфтани соли нав аст, зеро давомнокии шабу рӯз дар ин вақт баробар шуда, рӯшноӣ афзуда, ба торикӣ пирӯз шудан мегирад. Яке аз фазилатҳои барҷастаи таҷлили ҷашни Наврӯз ҳамдиливу сарҷамъии аҳли ҷомеа ва хушҳоливу хурсандии хурду бузурги мардум мебошад. Эҳёи бомароми расму оинҳои накӯи наврӯзӣ ба тарғибу ташвиқи шоистаи он дар ҷумҳурӣ ва берун аз он бешак собит месозад, ки Тоҷикистон Ватани Наврӯз ва ворису посдори ин суннати пурифтихори бостонӣ аст.
Бори дигар ҳамагонро бо Иди саиди Фитр ва Ҷашни Наврӯзи оламафрӯз самимона табрик гуфта, барои ҳар яки Шумо хонаи обод, ризқи фаровон, тандурустӣ ва саодати рӯзгорро орзу менамоям. Бигзор, сулҳу субот, оромиву осоиш, файзу баракат ва фаровонии рӯзгор дар Ватани маҳбубамон ҳамеша ҳукмфармо бошад.
Ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ва Иди саиди Фитр хуҷаста бошад, ҳамватанони азиз!!!
Бо эҳтиром, директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумахон ФАЙЗАЛИЗОДА.