Идомаи рақобатҳо миёни 574 довталаби даври ниҳоии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

Сафина ҒафуроваМувофиқи омори дастрасгардида, дар даври якуми озмун  251 ҳазору 266 нафар ширкат намуда , 49 ҳазору 267 нафари онҳо ба даври дуюм роҳхат гирифтаанд. Аз ин шумора 3749 нафари онҳо ба  даври сеюм роҳ ёфта, дар даври ниҳои 574 нафар довталаб миёни ҳам рақобат мекунанд.

Ошёнаи якуми Китобхонаи миллӣ толори барҳавои шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон барои довталабони номинатсияи якум хондан ва азбарнамудани адабиёти кӯдакон омода гардидааст. Дар толори  мазкур ҳамчунин барои омӯзгорон ва наздикони иштирокчиён дар мониторҳо ба таври мустақим баромади ҳар як довталаб намоиш дода мешавад. Ин барои шаффоф баргузор намудани озмун ва рақобати солим  миёни ширкатдорон муҳим арзёбӣ мешавад. Давоми ду рӯз зиёда аз 20 нафар довталаб дар ин номинатсия  аз ҷониби ҳакамон пурсида шуда, баҳогузори карда шуданд.

Сафина Ғафурова хонандаи синфи 1 – ум иштирокчии номинатсияи адабиёти кӯдакона аст. Сафина  аз ноҳияи Спитамени вилояти Суғд омадааст, ӯ дар суҳбат бо мо аз омодагиаш ба озмун нақл кард.

“Барои то ин давр омадани ман саҳми омӯзгорам хеле зиёд аст. Ҳамаи китобҳоро маҳз бо омӯзгорам якҷоя хонда мазмуну муҳтавои онҳоро нақл мекардам. Омӯзгори ман хеле меҳрубон ва ҳалим аст”- бо лафзи бисёр ширини кӯдаконааш мегӯяд Сафина.

Шоира Юлдошова омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 и ноҳияи Спитамен аст. Ӯ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки бо кӯдакон кор кардан душвор аст, чунки онҳо зуд меранҷанд ва  бо як муносибати нодурусти мо метавонанд аз хондан дилсард гарданд. Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки шогирдаш Сафина аз низомнома баъзе китобҳоро пешниҳод мекард, ки мо ёфта наметавонистем, аммо ин монеи мо нашуд. Мо то даври ҷумҳуриявии озмун соли аввал аст, ки роҳхат гирифтем. Дар пайдо намудани баъзе китобҳо аз ҷумла “Занбури айнакдор”-и Абдумалик Баҳорӣ мушкилӣ кашидем, вале иштироки ӯ дар даври ниҳоӣ барои ман ҳамчун омӯзгор мувафақияти калон аст”- мегуяд Шоира Юлдошова.

Ширкаткунандаи дигар Муборак Неъматова соли дуюм аст дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок мекунад. Баромади ӯро ҳакамон хеле хуб баҳогузорӣ намуданд, вале ӯ дар суҳбат бо мо гуфт, ки миқдори  китобҳои мутолианамудааш дар муқоиса бо чанде аз довталабон кам  будааст ва ин чиз ӯро каме рӯҳафтода мекунад. Муборак ҳоло хонандаи синфи 4 ум аст ва ӯ дар руйхати китобҳои пешниҳоднамудааш аз дигар номинатсияҳо низ китоб пешниҳод намудааст, ки инро ҳакамон эрод гирифтаанд.

Чанде аз иштирокчиёни дигарро дар толори адабиёти кӯдакон вохӯрдем, ки машғули тамошои баромади рақибонашон буданд ва нахостан пеш аз баромадашон бо онҳо суҳбат кунем.

Бояд зикр кард, ки имсол барои ҳавасмандсозии иштирокчиёни озмун и “Фурӯғ…” Шоҳҷоизаи он аз 1 адад ба 4 адад расонида шуд ва номинатсия адабиёти кӯдакона низ “Шоҳҷоиза”-ро ба яке аз довталабони сазовори худ пешниҳод хоҳад кард. Зиёд гардидани Шоҳҷоиза бо назардошти хусусияти синусолии ширкаткунандагон мебошад, зеро барои дарёфти Шоҳҷоиза, ки хондан ва азбарнамоии зиёда аз 70 дарсад осори назмию насрӣ аз рӯи 4 номинатсия барои онҳо каме душвор буд. Ҳамчунин ғолибони ҷойҳои 1, 2 ва 3 юм ба 126 нафар расид, ки дар маҷмуъ 130 нафар ғолибонро ташкил медиҳад

Маблағи умумии барои озмун ҷудогардида 4 миллиону 570 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба  соли гузашта 695 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Мувофиқи омори дастрасгардида, дар даври якуми озмун  251 ҳазору 266 нафар ширкат намуда , 49 ҳазору 267 нафари онҳо ба даври дуюм роҳхат гирифтаанд. Аз ин шумора 3749 нафари онҳо ба  даври сеюм роҳ ёфта, дар даври ниҳои 574 нафар довталаб миёни ҳам рақобат мекунанд.

Дар рӯзи аввали озмун аз ҳар 4 номинатсия, ки барои гурӯҳи якуми иштирокчиён хонандагони синфҳои аз 1- то 4 уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро ташкил медиҳад, қариб 50 нафар баромад карда, аз ҷониби ҳакамон баҳогузорӣ карда шуданд.

Озмун то 23 – уми ноябр идома карда, ғолибон бо туҳфаҳо, ҷом, диплом ва маблағҳои пулӣ то 70 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Наргис НАЗАРЗОДА
Бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.