Ифтихори Китобхонаи миллӣ: Кумитаи ибтидоии ҳизбии “Китобдор” бори дуюм ғолиби озмуни ноҳиявӣ шуд

Ҷумахон ФайзализодаЗарфи ду соли охир ин дуюмин бор аст, ки Кумитаи ибтидоии ҳизби “Китобдор”-и Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ғолиби озмунҳои ҳизбӣ мешавад. Соли гузашта дар номинатсияи “Беҳтарин раиси ташкилоти ибтидоӣ”  ва имсол дар бахши “Кумитаи иҷроияи ибтидоии фаъол”.

2 декабри соли 2025, дар толори «IT PARK»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, бахшида ба таҷлили 31-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва бо ҳадафи қадрдонии ғолибони даври ноҳиявии озмунҳои умумишаҳрии ҳизбӣ, ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло, роҳбарону намояндагони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи И. Сомонӣ, намояндагони маҷлисҳои вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Дар ин ҳамоиш директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  профессор Ҷумахон Файзализода ва  як қатор кормандони Муассиса иштирок намуданд.

Ҷумахон ФайзализодаТаъкид гардид, ки ҳамоиши мазкур ва озмунҳои ҳизбӣ дар доираи татбиқи ҳадафҳои барномавии Ҳизби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ дар шаҳри Душанбе», бо мақсади таҳким ва густариши неруи ташкилоти ҳизбӣ, омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти сиёсиву ҳизбии аъзои ҲХДТ роҳандозӣ гардидаанд.

Зикр гардид, ки ин иқдомҳо ба рушди фаъолияти идеологӣ, ҳавасмандсозии аъзои фаъол, тақвияти масъулияти таблиғотчиён, вакилону роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ ва таҳкими низоми идоракунии дохилиҳизбӣ мусоидат менамоянд.

Дар идома, маросими қадрдонии ғолибони даври ноҳиявии озмунҳои умумишаҳрии ҳизбии “Кумитаи иҷроияи ибтидоии фаъол”, “Ташкилоти ибтидоии фаъол”, “Вакили ташаббускор”, “Корманди шоиста”, “Беҳтарин таблиғотчии ҳадафҳои барномавӣ” ва “Хабарнигори варзида” доир гардид.

Дар номинатсияи “Кумитаи иҷроияи ибтидоии фаъол” раиси Кумитаи ибтидоии ҳизбии “Китобдор”-и Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Ҷумахон Файзализода бо диплом қадрдонӣ гардид.

Ҷумахон ФайзализодаИнчунин,  барои саҳмгузорӣ дар тадбиқи ҳадафҳои созанда ва ҳамчун аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мавзуна Орумбекова – сардори шуъбаи менеҷмент ва маркетинги Китобхонаи миллӣ бо “Сипоснома“-и Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуд.

Бояд гуфт, озмунҳои мазкур бо мақсади тақвияти фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар самти риояи талаботи Оинномаи ҳизб, татбиқи ҳадафҳои барномавӣ дар доираи эълон гардидани соли 2025 ҳамчун “Соли тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ дар шаҳри Душанбе” ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, ҳадаф аз баргузории он таҳкиму тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ, ҳавасмандгардонии аъзои фаъоли ҳизб, кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилону таблиғотчиён ва кормандони масъули ҳизбӣ мебошад.

Дар фарҷоми ҳамоиш бо иштироки ҳунармандони маъруфи кишвар барномаи фарҳангии иборат аз шеъру таронаҳои ватандӯстона ва тарғибгаронаи ғояҳои миллӣ пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.

Мавриди ба ёдоварист, ки моҳи декабри соли 2024 низ  Директори Китобхонаи миллӣ ва ҳамзамон раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Китобдор” доктори имлҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода ғолиби озмуни ноҳиявии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон  аз рӯи номинатсияи “Беҳтарин раиси ташкилоти ибтидоӣ”  бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дониста шуда буд.

Бахши матбуот ва робита бо ҷомеа,
Китобхонаи миллӣ