Ҳикматҳои асари «Робинзон Крузо»-и Даниэл Дефо

Ба хотири самаранок ва манфиатнок гузаронидани таътили тобистонаи хонандагон Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 –уми  августи соли 2026 даври навбатии маҳфили «Хонандаи имрӯз — созандаи фардо»-ро дар доираи мавзӯи «Сайре дар олами адабиёти ҷаҳон» баргузор намуд.

Қобили зикр аст, ки баргузории чунин маҳфилу чорабиниҳои маърифатӣ дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешаванд.

Дар маҳфили навбатии «Хонандаи имрӯз — созандаи фардо», ки мавзӯи он «Сайре дар олами адабиёти ҷаҳон» буд, шоҳасари адиби маъруфи англис Даниэл Дефо «Робинзон Крузо» мавриди мутолиа, таҳлил ва баррасии иштирокдорон қарор гирифт.

Маҳфилро сардори Шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагон Шаҳноза Дониярова бо маҳорати баланди касбӣ баргузор намуда, дар он довталабони китобдӯсти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» фаъолона иштирок карданд.

Дар ҷараёни барарсии асари машҳури ҷаҳонии «Робинзон Крузо» тавассути суолҳои гуногун ва муҳокимаи озод хеле ҷолиб таҳлил гардид. Аз оғози асар то анҷоми он аз ҷониби роҳбари маҳфил суолҳо пешниҳод шуда, иштирокдорон на танҳо воқеаҳои асарро нақл мекарданд, балки андеша ва хулосаи шахсии худро низ баён менамуданд.

Аз ҷумла, ба иштирокдорон чунин суолот пешниҳод гардиданд:

  • Робинзон Крузо дар чӣ гуна оила ба дунё омада буд?
  • Чаро ӯ тарки хона кард?
  • Ӯ чӣ тавр ба ҷазира афтод?
  • Васоили рӯзгорро аз куҷо ба даст овард?
  • Дар ҷазира гандум чӣ гуна рӯид?
  • Робинзон бо кадом усул орд тайёр кард?
  • Ӯ чӣ гуна ва дар куҷо изи одамизодро мушоҳида намуд?
  • Ҷумъақулро чӣ тавр пайдо кард?
  • Бо Ҷумъақул чӣ гуна муошират намуд?
  • Робинзон Крузо дар ҳавлии худ кадом ҷонварҳоро нигоҳ медошт?
  • Падари Ҷумъақул чӣ тавр наҷот дода шуд?
  • Робинзон дар ҷазира чанд маротиба ва чӣ гуна кӯшиши киштисозӣ кард?
  • Ӯ бо капитане, ки барои бозгашт ба ватан ба ӯ кумак кард, дар чӣ гуна шароит вохӯрд?
  • Ҳангоми тарк кардани ҷазира Робинзон бо худ кадом ашёҳоро гирифт?
  • Ӯ пас аз ин қадар соли ғурбат чӣ гуна ба ватан баргашт?
  • Шумо аз мутолиаи ин асар чӣ хулоса бардоштед?

Ғайр аз ин, боз чандин зерсаволи дигар пешниҳод гардид, ки хонандагон ба онҳо бо шавқу завқ ва фаъолияти баланд посух доданд.

Дар баррасии асар иштироки Муҳтадӣ Муҳиддинзода, донишҷӯи соли аввали Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Ҳусайнҷон Раҳмонов, хонандаи синфи 10-уми ноҳияи Муъминобод, Абубакр Негматов, хонандаи синфи 6-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва Муҳаммад Назирзода, хонандаи синфи 5-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №128-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, махсусан назаррас буд.

Ҳангоми баёни хулосаҳои шахсии худ аз мутолиаи асар аксари иштирокдорон таъкид намуданд, ки «Робинзон Крузо» намунаи равшани рӯҳи шикастнопазири инсон дар муқобили шебу фарози зиндагӣ мебошад. Асар ба хонанда дарси мардонагӣ, шуҷоат, ҷасорат, меҳнатдӯстӣ, сабру таҳаммул ва инсондӯстиро меомӯзонад. Робинзон бо иродаи қавӣ ва меҳнати пайваста тавонист дар шароити душвор зиндагии худро ба роҳ монад ва барои наҷот ёфтан аз мушкилот роҳҳои гуногунро пайдо кунад.

Дар анҷоми маҳфил Шаҳноза Дониярова таъкид намуд, ки насли ҷавон барои тақвият бахшидани дониш, васеъ намудани ҷаҳонбинӣ ва ташаккули шахсияти фарҳангӣ бояд дар баробари мутолиаи адабиёти миллӣ ба осори адибони ҷаҳон низ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намояд. Зеро шиносоӣ бо осори адабиёти ҷаҳонӣ имконият медиҳад, ки хонандагон аз таҷрибаи зиндагӣ, андешаҳои ахлоқӣ ва ҳикматҳои гаронарзиши адибони маъруф баҳра гиранд.

Иштирокдорон низ аз баргузории маҳфил ва иштироки фаъол дар ин нишасти адабӣ изҳори хушнудӣ намуда, чунин вохӯриҳоро барои боло бурдани шавқи китобхонӣ, рушди ҷаҳонбинӣ ва такмили донишу маърифати худ муҳим арзёбӣ карданд.

Маврид ба ёдоварист, ки гардонандаи маҳфил ва сардори  шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагони Китобхонаи миллӣ Шаҳноза Дониёрова худ ва як фарзандаш ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” буда, соли гузашта яке аз шогирдони ӯ дар ҳамин Озмун соҳиби Шоҳҷоза гардида буд.

Инобат Бобоева
мутахассиси бахши матбуот ва робита бо ҷомеа