«Ҳикояҳо дар бораи хушбахтӣ»
Инсон хушбахт будан мехоҳад. Новобаста ба синну сол ҳамеша талош мекунад, ки хушбахт гардад. Яке хушбахтиро дар тани солиму хотири ҷамъ мебинаду дигаре дар дороӣ ва рӯзгори бекамбудӣ. Савумӣ мегӯяд «аз қарзҳоям халос шавам, хушбахт мегардам»-у чорумӣ дар ҳасрати мошину телефони нав аст. Ба бархе барои хушбахт будан падару модар намерасаду ба баъзеи дигар дӯсту бародар. Барои афроде аз хонаи иҷора халос шудан хушбахтисту барои деҳқоне мусоид омадани обу ҳаво…
Дар ин росто, моро мебояд қаноатпеша бошем ва ба доштаҳо шукр гӯем, то ки хушбахтиро эҳсос намоем. Қаонатманд аз хонаи иҷора, аз мошини куҳна, аз номусоидии ҳаво, аз ҳамсояи нохуб ва он чизе, ки дорем. Яқин аст, ки агар дар хонаи иҷора хушбахтию оромиро ҳис накунем, дар хонаи шахсӣ низ рӯҳбаланд намешавем, чунки боз хонаи беҳтар мехоҳем.
Маҷмуаи «Ҳикояҳо дар бораи хушбахтӣ» пораҳои зиндагии шахсони гуногунанд, ки роҳи расидан ба хушбахтиро арзёбӣ карда, ба хонанда таъсири амиқ мерасонанд. Барои мисол, ҳикояҳои маҷмуа нишон медиҳанд, ки хушбахтӣ метавонад дар як табассуми пиразане ниҳон бошад. Хушбахтиро вақте метавон эҳсос кард, ки ба кӯдаке суроғаи ҳоҷатхонаи боғро нишон медиҳед. Аз қайди ҳар ҳарфи қаноатмандӣ дар дафтари хотираҳо хушбахтӣ зоҳир мегардад. Хушбахтӣ дар бахшиш пурсидану бахшидан аст. Хушбахтиро баъзеҳо дар иҷрои корҳое дармеёбанд, ки дар аввал барояшон душвор ё нохушоянд буд. Боварӣ ба худу ояндаи дурахшон ҳам инсонро хушбахт мекунад. Ва ҳатто, баъзан вақт зинда мондану нафас кашидан ҳам боиси хушбахтӣ мегардад.
Ин маҷмуаи ҳикояҳоро Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ гирдоварӣ ва мураттаб кардааст. Хонандагон имкон доранд онро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Анӯшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд