Ҳикояҳои Антон Чехов дар қироати Субҳон Ҷалил

Субҳон ҶалилСубҳони Ҷалил-рӯзноманигор ва ровии саршиноси кишвар дар родиои Азия+ гуфтори вижаеро аз рӯи ҳикояҳои нобиғаи насри ҷаҳон Антон Павлович Чехов роҳандозӣ кардааст, ки қарор аст рӯзҳои назди пахш шавад. Субҳони Ҷалил барои амалӣ шудани ин ибтикораш китоби “Панҷоҳ ҳикоя”-и Чеховро, ки соли 2022 мунташир шуда буд, интихоб кардааст.

Мутарҷими ин китоб донишманди шинохта Обид Шакурзода аст ва ҳикояҳо бо як забони зебову дилнишин ва нигоҳ доштани сабки анвишти Чехов ва гӯиши тоҷикии мутобиқшуда ба гӯиши мардумии русӣ омода шудааст.

Ҳикояҳои Антон Чехов барои хонандаи тоҷик ноошно нестанд. Аз ин пештар ҳам мутарҷимони зиёде талош кардаанд ҳикоёти адиби оламшумулро ба тоҷикӣ баргардон ва манзури хонандаи тоҷик созанд. Ин маҷмӯаҳо дар солҳои мухталиф аз ҷониби ноширону мутарҷимони гуногун бо сабку салиқа ба худашон хос рӯи чоп омадааст. Аммо тарҷумаи Обид Шакурзода  нигоҳи хос  ба ҳикояҳои ин нобиға аст, ки боз ҳам бо як сабки хосу то кунун барои хонандаи тоҷик камошно манзур шудааст.

Шодӣ Шокирзода, ношир ва донишманди тоҷик дар сарсуханаш ба ин китоб навишта буд, ки  А. П. Чехов баъд аз Шекспир дуюмин адибест, ки осораш дар ҷаҳон бештар чоп мешавад. Асарҳои машҳури драмавии ў «Се хоҳарон», «Боғи олуболу», ва «Моҳихўрак» солҳост, ки дар театрҳои машҳури дунё ба саҳна гузошта шуда, ба тамошобинон ғизои бузурги маънавӣ медиҳад. Рўзгор ва осори А. П. Чехов барои хонандагони тоҷик низ беш аз сад сол боз ошност ва нахустин намунаи осори ў ҳанўз дар солҳои бистуму сиюми қарни  XX, ҳамзамон бо таъсиси нахустин рўзномаву маҷаллаҳои тоҷикӣ тарҷума ва чоп мешуданд. Дар даврони шўравӣ «Куллиёти осор»-и нависанда дар чаҳор ҷилд ба нашр расида буд. Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар низ иддае аз адибони тоҷик, минҷумла Абдуғаффори Партав ва Маҷид Салим низ намунае аз осори А. П. Чеховро тарҷума ва чоп кардаанд.

Ҳамакнун китобе,, ки пешорўи хонандагони азиз қарор дорад, тавре аз унвонаш бармеояд, фарогири панҷоҳ ҳикояи ин нависандаи бемонанди рус ва ҷаҳон мебошад, ки бо ибтикори нависанда, мутарҷим ва муҳақиқи пуркору пухтакори ҳамзамони мо устод Обиди Шакурзода бо сабку услуб ва нигоҳи тозае аз забони асл ба тоҷикӣ тарҷума шудааст. Ҳарчанд ҷаноби Шакурзода бо камоли тавозуъ ва хоксорӣ худро тарҷумони касбӣ намеҳисобад, бо мутолиаи ин навъи осори ў дармеёбем, ки ў дар ин ҷода шахси тасодуфиву ҳаваскор нест. То ин дам чанд китоб бо ҳиммату кўшоии Шакурзода ба забони тоҷикӣ тарҷума ва чоп шудаанд ва тарҷумаҳояш, бахусус, аз осори А. П. Чехов бо забони салису равон, ширадору пурмаънӣ, бо хираду закои каммонанд ва лутфу зарофати саршори чеховиёна баргардон шудаанд ва кас гумон мекунад, ки онҳоро худи Чехов ба забони тоҷикӣ таълиф намуда бошад…

Бовар дорем ҳикояҳои ин нобиғаи беназир дар қироати Субҳони Ҷалил шуниданиву дилкашу пазируфтанӣ хоҳанд буд.

Б.Шафеъ