Ҳикоёте аз “Маҷмаъ-ул-наводир”-и Арӯзии Самарқандӣ. “Бӯи ҷӯи Мулиён ояд ҳаме”

Чун овардаанд, ки Наср бинни Аҳмад, ки воситаи иқтидори Сомон буд ва авҷи давлати он хонадон айёми мулуки ӯ буд ва асбоби таманнеъ (қавӣ шудан) ва илали тараффеъ (боло рафтан) дар ғояти сохтагӣ (омадагӣ) буда, ҳазоин ороста ва лашкар ҷаррору бандагон фарбонбардор, зимистон ба дорулмулки Бухоро муқом кардӣ ва тобистон ба Самарқанд рафтӣ ё шаҳре аз шаҳрҳои Хуросон.

Магар як сол навбати Ҳарӣ буд ва фасли баҳор ба Боди Ғайс (Бодғис) буд, ки Боди Ғайс хуррамтарин чарохорҳо (чарогоҳҳо)-и Хуросон ва Ироқ аст: қариб ҳазор нов ҳаст пуробу алаф, ки ҳар яке лашкареро тамом бошад. Чун сутурон баҳор некӯ бихӯрданд ва батну тӯши хеш боз расиданд ва шоистаи майдони ҳарб шуданд, Наср бинни Аҳмад рӯй ба Ҳарӣ ниҳод ва ба дари шаҳри Мурғи Сапид фуруд омад ва лашкаргоҳ бизад. Ва баҳоргоҳ буд, шамол равон шуд ва меваҳои Молину Курух (шаҳрчаҳое дар наздикии Ҳирот) даррасид, ки амсоли он дар бисёр ҷойҳо ба даст нашавад ва агар шавад, бад-он арзонӣ набошад. Он ҷо лашкар баросуд ва ҳаво хуш буду бод сард ва нон фароху меваҳо бисёр ва машмумот (хушбӯиҳо) фаровон ва лашкаре аз баҳору тобистон бархурдории тамом ёфтанд аз умри хеш. Ва чун меҳргон даромад ва асир даррасид (меваҳо шаҳд баст) ва шоҳсифарам ва ҳамоҳим ва уқҳувон (номҳои гул)  думодум шуд . Инсоф аз намии (лаззати) ҷавонӣ бистаданд ва дод аз унфувони шабоб бидоданд.

Меҳргон дер даркашид ва сармо қувват накард ва ангур дар ғояти ширинӣ расид ва дар саводи Ҳарӣ саду бист лавн (навъ) ангур ёфта шавад, ҳар як аз дигаре латифтар ва лазизтар ва он ду навъ аст, ки дар ҳеҷ ноҳияти рубъи маскун ёфта нашавад: яке парниён ва дуввум, каланҷарии тунукпӯсти хурдтакси (майдахӯша)-и бисёроб, гуё ки дар  ӯ аъзои арзӣ нест. Аз каланҷарӣ хӯшае панҷ ман ва ҳар донае панҷ дармистак биёяд, сиёҳ чун қиру ширин чун шакар ва азаш (аз он) бисёр битавон хӯрд ба сабаби моийяте,  ки дар ӯст…

Чун амири Наср бинии Аҳмад меҳргону самароти ӯ бидид, азимаш  хуш омад. Наргис расидан гирифт. Кишмиш бияфканданд дар Молан ва мунаққӣ (мавизи покиза) баргирифтанд ва ованг бибастанду ганҷинаҳо пур карданд.

Амир бо он лашкар бад-он ду пора деҳа даромад, ки ӯро (яъне он деҳаҳоро) Ғавра ва Дарвоза хонанд. Сароҳое диданд ҳар яке чун биҳишти аъло ва ҳар якеро боғеву бӯстоне дар пеш бар маҳаб (ҷои вазиш)-и шамол ниҳода.

Зимистон он ҷо муқом карданд ва аз ҷониби Сиҷистон норанҷ овардан гирифтанд ва аз ҷониби Мозандарон туранҷ расидан гирифт. Зимистоне гузоштанд  дар ғояти хушӣ. Чун баҳор даромад, асбоб ба Бодғис фиристоданд ва лашкаргоҳ ба Молан ба миёни ду ҷӯй бурданд. Ва чун тобистон даромад, меваҳо даррасид, амири Наср бинни Аҳмад гуфт:

-Тобистон куҷо равем, ки аз ин хуштар муқомгоҳ набошад. Меҳргон биравем.

Ва чун меҳргон даромад, гуфт:

-Меҳргони Ҳарӣ бихӯрем ва биравем.

Ва ҳамчунин фасле ба фасл ҳамеандохт, то чаҳор сол бар ин баромад, зеро ки самим (ривоҷ)-и давлати Сомониён буд ва ҷаҳон ободу мулк бехасм ва лашкар фармонбардору рӯзгоре мусоид ва бахти мувофиқ.

Ҳикоёте аз “Маҷмаъ-ул-наводир”-и Арӯзии Самарқандӣ. Фоҷиаи Масъуди Саъди Салмон

Бо ин ҳама малул гаштанд ва орзуи хонумон бархост. Подшоҳро сокин диданд. Ҳавои Ҳарӣ дар сари ӯ ва ишқи Ҳарӣ дар дили ӯ. Дар иттинои сухан Ҳариро ба биҳишти адн монанд кардӣ, балки бар биҳишт тарҷеҳ ниҳодӣ ва аз баҳори Чин зиёдат овардӣ. Донистанд, ки сари он дорад, ки ин тобистон, низ он ҷо бошад.

Пас сафи он лашкар ва меҳтарони мулк ба наздики устод Абуабдулло ар- Рӯдакӣ рафтанд ва аз нудамо (наздикон)-и подшоҳ ҳеҷ кас мӯҳташамтар ва мақбулулқавлтар аз ӯ набуд.

Гуфтанд:

-Панҷ ҳазор динор туро хидмат кунем агар санъате бикунӣ, ки подшоҳ аз ин хок ҳаракат кунад, ки дилҳои мо орзуи фарзанд ҳамебарад ва ҷони мо аз иштиёқи Бухоро ҳамебарояд. Рӯдакӣ қабул кард, ки набзи амир бигрифта буду миҷози ӯ бишинохта. Донист, ки ба наср бо ӯ дарнагирад, рӯй ба назм овард ва қасидае бигуфт ва ба вақте ки амир сабӯҳ карда буд, даромад ва ҷои хеш бинишаст ва чун мутрибон фурӯдоштанд, ӯ чанг баргирифт ва дар пардаи ушшоқ ин қасида оғоз кард :

Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме,

Бӯи ёри меҳрубон ояд ҳаме.

Пас фурӯтар шавад ва гӯяд:

Реги Омӯю дуруштӣ роҳи ӯ,

Зери поям парниён ояд ҳаме.

Оби Ҷайҳун аз нишоти рӯйи дӯст,

Хинги моро то миён ояд ҳаме,

Эй Бухоро шод бошу дер зӣ,

Мир зи ту шодмон ояд ҳаме.

Мир моҳ асту Бухоро осмон,

Моҳ сӯи осмон ояд ҳаме .

Мир сарв асту Бухоро бӯстон,

Сарв сӯи бӯстон ояд ҳаме.

Чун Рӯдакӣ бад-ин байт расид, амир чунон мунфаил гашт, ки аз тахт фуруд омад ва бе мӯза пой дар рикоби хинг (асп)- и навбатӣ овард ва рӯй ба Бухоро ниҳод. Чунон ки ронин (шалвор ) ва мӯза то ду фарсанг дар паи амир бурданд ба Барвана ва он ҷой дар пой кард ва инон то Бухоро ҳеҷ боз нагирифт. Ва Рӯдакӣ он панҷ ҳазор динор музоаф (дучанд) аз лашкар бисатад.

Ва шунидам ба Самарқанд ба санаи панҷсаду чаҳор аз деҳқон Абуриҷоъи Аҳмад бинни Абдусамад ал- Обидӣ ки гуфт: “Ҷадди ман Абдуриҷоъ ҳикоят кард, ки чун бар ин навбат Рӯдакӣ ба Самарқанд расид, чаҳорсад шутур зери бунаи ӯ буд”. Ва алҳак он бузург бадин таҷаммул арзонӣ буд (меарзид), ки ҳанӯз ин қасидаро кас ҷавоб нагуфтааст, ки маҷоли он надидаанд, ки аз ин мазоиқ озод тавонанд берун омад ва аз азбгӯён (ширинбаёнон) ва латифтаъбони Аҷам яке амирушшуарои Муиззӣ буд, ки шеъри ӯ бар тиловату тароват бағоят аст ва дар равонӣ ба узубат (покизагӣ) ва ниҳоят. Зайнулмалик Абӯсаиди Ҳинду бинни Муҳаммад  Бинни  Ҳиндуи Исфаҳонӣ аз  вай дархост кард, ки: “он қасидаро ҷавоб гӯй”.

Гуфт:

-Натавонам.

Илҳоҳ кард. Чанд байт бигуфт, ки як байт аз он байтҳо ин аст:

Рустам аз Мозандарон ояд ҳаме,

   Зайнулмалик аз Исфаҳон ояд ҳаме.  

Ҳама хирадмандон донанд, ки миёни ин сухану он сухан чӣ тафовут аст. Ва кӣ тавонад гуфтан бад-ин азбе (гуворо), ки дар мадҳ ҳамегӯяд дар ин қасида:

Офарину мадҳу суд ояд ҳаме,

  Гар ба ганҷ андар зиён ояд ҳаме.

Ва андарин байт дар маҳосин ҳафт санъат аст: аввал мутобиқ, дуввум мутаззод, саввум мураддаф, чаҳорум баёни мусавод, панҷум узубат, шашум фасоҳат, ҳафтум ҷазолат. Ва ҳар устоде, ки ӯро дар илми шеър табаҳурре (огоҳӣ) аст, чун андаке фикр кунад, донад, ки ман дар ин мусайябам (ҳақ ҳастам). Вассалом.

МАНБАЪ: “Садои Шарқ”, соли 1970, №10. “Ҳикоёти наводир”.

Таҳияи Бунафша Абдуллозода,
мутахассис пешбари  шуъбаи
матбуоти даврӣ.