Ҳикоёти пандомӯз аз «Ҳазору як шаб”. “Карами Баромика”
Ва аз ҷумлаи ҳикоятҳо ин аст, ки Яҳё ибни Холид ва Абдуллоҳ ибни Молики Хузоъӣ хусумати пинҳонӣ бо ҳам доштанд, вале ошкор намекарданд ва сабаби душманӣ дар миёни эшон ин буд, ки халифа Ҳорунаррашид Абдулоҳ ибни Моликро басе дўст медошт, ба ҳадде, ки Яҳё ва фарзандони Яҳё мегуфтанд: «Абдуллоҳ халифаро афсун кардааст!».
Алғараз, дергоҳе ҳол бад-ин минвол рафт ва ҳасаду хусумат дар дили эшон барҷой буд. Иттифоқан, халифа мансаби вилояти мамлакати Арманро ба Абдуллоҳ вогузор фармуд ва Абдуллоҳҳро ба сўйи Арман бифиристод ва чун Абдуллоҳ дар мақарри вилоят ҷой гирифт, аз аҳли Ироқ марде худованди фазлу ҳунар, ки бас бебизоату парешонҳол буд, мактубе музаввар (дурӯғ, сохта, ботазвир) аз забони Яҳё ибни Холид ба Абдуллоҳ ибни Молик сохта, ба сўйи Абдуллоҳ сафар кард. Чун ба дари хонаи Абдуллоҳ расид, мактуби музавварро ба яке аз ҳоҷибони ў бидод. Ҳоҷиб китоб гирифта, назди Абдуллоҳ бурд. Абдуллоҳ мактуб кушода, бихонд. Чун дар он мактуб тааммул кард, донист, ки он мактуб музаввар аст. Он гоҳ он мардро бихост. Он мард ҳозир гашта Абдуллоҳро дуо кард. Абдуллоҳ ба ў гуфт:
– Чаро бо ин ҳама ранҷу тааб мактуби музавварро аз барои ман овардӣ? Валекин андеша макуну ташвиш як сў неҳ, ки ман саъйи туро беҳосил накунаму туро ноумед нагардонам.
Он мард гуфт:
– Худо умри туро тўлонӣ гардонод, агар омадани ман бар ту гарон аст, дар манъи ман ҳоҷат ба баҳона нест, ки замини Худо васеъу рўзидиҳанда зинда аст ва мактубе, ки овардаам, аз Яҳё ибни Холиди Бармакӣ мебошад.
Абдуллоҳ гуфт:
– Ман ба вакили худ, ки дар Бағдод дорам, чизе бинависам ва ўро маъмур кунам, ки аз ҳоли ин мактуб ҷўён шавад. Агар ин мактуб саҳеҳу ғайримузаввар бошад, яке аз билоди худро ба ту бидиҳам ва ё ин ки дувист ҳазор дирам бо як асбу як шутур ва хилъате шойгон ба ту бидиҳам ва агар мактуб музаввар бошад, бигўям, туро дувист тозиёна бизананд ва занахи (манаҳ) туро битарошанд.
Пас Абдуллоҳ фармуд, ўро ба ҳуҷрае бурда, мояҳтоҷи ўро дар он ҳуҷра омода созанд, то кори ў маълум шавад. Он гоҳ Абдуллоҳ ба вакили худ бад-ин мазмун мактуб навишт, ки: «Марде ба назди ман омада, мактубе бо худ биёвард ва сухани ин мард ин аст, ки мактуб аз Яҳё ибни Холиди Бармакист. Вале ман суизан бурда, мактубро қабул накардам. Акнун туро фарз аст, ки ин муҳмал (аҳаммият надодан) нагузорӣ ва худ рафта, ҳақиқати ҳол маълум кунӣ ва ба зудӣ ҷавоб аз барои ман бифиристӣ, то росту дурўғро бидонам». Чун мактуби Абдуллоҳ дар Бағдод ба вакили ў бирасид, дарҳол савор гашта, ба хонаи Яҳё ибни Холид бирафт. Дид, ки Яҳё бо надимону хосон нишаста. Ўро салом доду мактуб ба пеши рўйи ў биниҳод. Яҳё мактуб бихонд. Ба вакил гуфт:
– Фардо ба назди ман ой, то ҷавоб бинависам.
Чун бирафт, Яҳё рўй ба надимон карда, гуфт:
– Чист подоши он, ки мактуби музаввар аз номи ман ба сўйи душмани ман барад?
Пас ҳар кадом аз надимон сухане гуфтанд ва ҳар яке як гуна уқубат сазо диданд. Яҳё ба эшон гуфт:
– Ҳамагӣ ба хато андар шудеду сухан носанҷида гуфтед ва аз пастии ҳиммату хиссати (хасисӣ, бахилӣ)фитрат, ки шуморост, маро бад-ин кор ишорат кардед. Шумо қурбу манзилати Абдуллоҳро ба халифа донистаед ва душманию ҳасад, ки миёнаи ману ўст, ба шумо маълум аст. Алҳол Худованди таоло ин мардро сабаби дафъи душманӣ ва воситаи сулҳ миёнаи ману ў карда ва хусумате, ки солҳо дар дилҳои мо мебуд, ба воситаи ин мард ба ошноию муҳаббат бадал хоҳад шуд. Пас, маро фарз аст, ки он мардро тасдиқ кунам ва мактубе ба Абдуллоҳ бинависам, ки ба икрому эҳтироми он мард бияфзояд.
Чун надимон ин сухан бишуниданд, Яҳёро дуо гуфтанд ва аз караму ҷавонмардии ў шигифт монданд. Он гоҳ Яҳё варақаву давот бихост ва мактубе ба сўйи Абдуллоҳ бинавишт, бад-ин мазмун: «Бидон, ки мактуби ту ба ман расид ва ман ўро хондаму ба саломати ту шодмону хурсанд гаштам ва ин ки ту гумон кардаӣ, ки он мард мактуби музаввар аз ман ба сўйи ту оварда, ҳошалиллоҳ, на чунин аст, балки китобу хитоб аз ман аст ва таманнои ман аз караму эҳсон ва фитрати накўи ту ин аст, ки ба андозаи хоҳиши он мард ўро бинавозӣ ва ҳурмати ў нигоҳ дорию ўро ба мақсуд расонӣ ва ба иноятҳои худ махсус кунӣ, ки ҳар эҳсон ба ҷойи ў кунӣ, дар ҳақиқат ба ҷойи ман кардаӣ ва ман миннатпазиру шукргузор ҳастам». Пас мактубро хатм карда, ба вакил бисупурд ва вакил мактубро ба Абдуллоҳ фиристод. Чун Абдуллоҳ мактуб бихонд, аз мазмуни мактуб фараҳноку мубтаҳиҷ шуд ва он мардро ҳозир овард. Ба ў гуфт:
– Кадом як аз он ду чиз, ки ваъда карда будам, дўсттар дорӣ?
Он мард гуфт:
– Зар дар назди ман беҳтарини чизҳост.
Пас Абдуллоҳ дувист ҳазор дирам ва ду асби тозию бист ҷомаи фохиру даҳ тан мамлук ва порае гавҳарҳои гаронбаҳо ба он мард ато фармуд ва ўро ба шодию сурур ба Бағдод равона кард. Чун он мард ба Бағдод расид, пеш аз он ки ба хонаи худ равад, ба саройи Яҳё ибни Холид рафта, иҷозати духул хост. Ҳоҷиби Яҳё рафта ба ў гуфт:
– Ё мавлоно, ба дари хона мардест боҳишмат, ки мамлукони бисёр дорад ва ҳамехоҳад, ки ба назди ту ояд.
Яҳё ҷавоз (иҷозат) бидод. Чунон мард дар ҳузури Яҳё ҳозир шуд, замин бўса дод. Яҳё ба ў гуфт:
– Ту кистӣ?
Он мард гуфт:
– Эй хоҷа, ман онам, ки аз ситами рўзгор мурда будаму ту маро зинда кардӣ ва ман онам, ки мактуби музаввар аз ҷониби ту ба сўйи Абдуллоҳ ибни Молики Хузоъӣ бурда будам.
Яҳё ба ў гуфт:
– Ў бо ту чӣ кор кард ва туро чӣ ато кард?
Он мард гуфт:
– Маро чандон чиз бидод, ки бениёз шудам ва ҳамаи атиятҳову мавҳибатҳои ўро овардаам, ба дари хона аст ва фармон аз они туст.
Яҳё гуфт:
– Кори ту бо ман беҳтар аз корест, ки ман бо ту кардам ва туро бар ман миннатест бузург, ки душманию хусумате, ки миёнаи ману он марди муҳташам буд, ба садоқату маваддате бадал шуд. Ман низ туро чандон мол, ки Абдуллоҳ додааст, бидиҳам!
Пас, Яҳё фармуд, аз барои он мард молу асбу хилъат, чандонки Абдуллоҳ дода буд, бидоданд. Он мард бо моли бисёру неъмати фаровон боз гашт ва ба он ду ҷавонмард санохон буд.
«Ҳишом ва кўдак”
Ва низ ҳикоят кардаанд, ки Ҳишом ибни Абдумалик ибни Марвон рўзе аз рўзҳо ба нахҷиргоҳ оҳуе бидид ва аз пайи он равон гашт. Дар он асно чашмаш ба кўдаке аз кўдакон бияфтод, ки гўсфанд ҳамечаронид. Пас Ҳишом порае аз ғуломонро фармуд, ки:
– Ин кўдакро гирифта, назди ман биёред!
Он кўдак сар бар карда, ба Ҳишом гуфт:
– Рутбати баргузидагон нашинохтӣ ва ба ман ба чашми ҳақорат назар кардиву маро хурд шумурдӣ. Гуфтори ту чун гуфтори мулук бувад, вале туро кирдор ба кирдори чорпоён ҳамемонад.
Пас Ҳишом ба ў гуфт:
– Вой бар ту, магар маро намешиносӣ?
Он кўдак гуфт:
– Шинохтам, вале бас беадаб ҳастӣ, ки пеш аз он ки ба ман салом диҳӣ, бо ман сухан гуфтӣ.
Ҳишом гуфт:
– Вой бар ту, ман Ҳишом ибни Абдулмалики Марвонам!
Кўдак ба ў гуфт:
– Худо туро фузунӣ надиҳад ва туро ба мақсад нарасонад! Сухан гуфтани ту бештару ҳурмат доштани ту камтар аст.
Пас, ҳанўз кўдакро сухан ба анҷом нарасида буд, ки ғуломҳо аз ҳар сў омаданд ва ҳар як аз эшон мегуфт:
– Ассалому алайка, айюҳалхалифа!
Ҳишом ба эшон гуфт:
– Ин сухан кўтоҳ кунеду ин кўдак нигоҳ доред!
Он гоҳ ғуломон кўдакро гирифтанд. Чун он кўдаки араб бисёрии лашкар бидид, ба эшон сухан нагуфт ва аз эшон чизе напурсид, балки сар пеш андохта, биёмад, то ба Ҳишом расида дар баробари ў биистод ва чашм ба замин дўхта, салом надоду сухан нагуфт.
Яке аз ходимон гуфт:
– Эй пасттарини кўдакони араб, чаро ба халифаи замон салом накардӣ?
Он писар хашмгин ба сўйи ў нигоҳ карда гуфт:
– Ё бардаъаталҳимор (полони хар), маро тўли тариқу вомондагӣ аз ин боз дошт, ки халифаро салом кунам.
Ҳишомро ғазаб афзун гашта, гуфт:
– Эй кўдак, имрўз туро иқбол баргаштаву марг расидааст.
Кўдак гуфт:
– Эй Ҳишом, ба Худо савганд, агар маро рўзе мондаву рўзии ман ба сар нарасида бошад, сухани ту бар ман зиён нарасонад!
Он гоҳ ҳоҷиб ба он кўдак гуфт:
– Эй палидак, туро рутбат ба он поя аст, ки бо халифаи замон ба (ҳавои) даҳон сухан гўйи?!
Он кўдак басуръат посух бидод, ки:
– Ҳамвора ба меҳнат гирифтор ойӣ ва аз ранҷу таъаб дур нашавӣ! Магар нашунидаӣ, он чи Парвардигор фармуда: «Йавма таътӣ куллу нафсин туҷодилу ъан нафсиҳо»2.
Дар он ҳангом Ҳишом сахт хашмгин шуда, сайёфро фармуд:
– Сари кўдак ба назди ман ор, ки ў адаб нигоҳ надошт ва сухан бисёр гуфт!
Сайёф кўдак бигирифт ва ба натъаш (суфра) бинишонду теғ баркашида, дар сари ў биистод ва аз Ҳишом дастурӣ хост. Ҳишом ба куштанаш бифармуд ва дубора иҷоза хост. Ҳишом ҷавоз дод. Чун бори севум дастурӣ талабид, кўдак донист, ки агар ин бор сайёф ҷавоз ёбад, хоҳадаш кушт. Он гоҳ чунон хандид, ки дандонҳои навоҷидаш ошкор шуданд. Ҳишомро аз хандаи ў хашм афзун гашту гуфт:
– Эй кўдак, гумон дорам, ки девона ҳастӣ, магар намебинӣ, ки акнун аз дунё хоҳӣ рафт ва аз зиндагонӣ ҷудо хоҳӣ шуд! Дар ин ҳолат туро ханда аз баҳри чӣ буд?
Кўдак гуфт:
– Айюҳалхалифа, агар дар аҷал таъхир бошад, ҳеҷ чиз аз барои ман зиён надорад, валекин, эй халифа, байте чанд маро ёд омад, онҳоро бишунав, ки дар куштани ман фурсат фавт нахоҳад шуд.
Ҳишом гуфт:
– Абёт бихон, вале ба ихтисор бикўш!
Кўдаки араб ин абёт бархонд:
Яке саъва дар чангули ҷирабоз
Ҳамегуфт бо лобаву бо ниёз:
Ало, эй ки бар мурғакон меҳтарӣ,
Бибахшой бар кўдаки лоғаре,
Макун зўрмандӣ, ки набвад савоб,
Ки бо пашша зўр озмояд уқоб.
Ҳишом табассум карда, гуфт:
– Ба ҳаққи қаробате, ки маро бо Расул ҳаст, агар ин кўдак нахуст ин суханонро мегуфт, ба ҷуз хилофат он чи ки аз ман мехост, дареғ намедоштам. Эй ходим, даҳони ўро пур аз гавҳар кун!
Он гоҳ ходим ҷоизае бузург аз зару мол бад-ў дод. Кўдак ҷоиза гирифта бозгашт ва аз пайи кори хеш рафт.
Манбаъ: “Ҳазору як шаб”. Ҳикоёти пандомӯз. Душанбе, соли 2024.
Ин ва даҳҳо ба ин монанд китобҳо барои кӯдаконро хонандагон метавонанд дар толори хониши шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон мутолаа намоянд.
Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахасисси шуъбаи адабиёти
кудакон ва наврасон.