Ҳикоёти таърихӣ. Баҳроми Гўр

Баҳроми ГўрГуфтаи Мунзар дар бораи кайфари бехирадӣ рост баромад: дере нагузашт, ки Яздигурдро дар Тўс, дар сари чашмаи Сав, аспи ёбоӣ лагад карда кушт. Ба тоҷу таҳти холӣ чандин даъвогар баромада, фитнаю ошўб сар карданд.

Барои чорасозӣ ҳокимони вилоятҳо, мубадон, паҳлавонони лашкар аз қабили Густаҳм, Қоран, Милод, Пирўз ва дигар бузургони кишвар дар пойтахти Эрон-шаҳри Истаҳр гирд омада анҷуман сохтанд. Аксари онҳоро Яздигурди ситамгар хор дошта буд. Онҳо машварат карданд, ки ба ҷойи ў киро бояд ба подшоҳӣ нишонд. Гушаспи дабир гуфт.

– Шоҳ Яздигурд фақат куштану хор кардану дарду ранҷ додани мардумонро медонисту бас. Эрон аз вай нопоктар шоҳеро надидааст. Аз насли вай мо касеро ба подшоҳӣ намехоҳем. Ҳама бо дабир ҳамраъй шуданд:

Бихўрданд савгандҳои гарон

Ҳар он кас, ки буданд аз Эрон сарон,

К-аз ин тухма касро ба шоҳаншаҳӣ

Нахоҳем бо тахту тоҷи меҳӣ.

Пас, Хусрав ном тавонгареро, ки аз асилзодагон буд, ба подшоҳӣ бардоштанд.

Баҳроми Гўр ба даъвои таҳти падар аз Яман бо лашкари Мунзар ба Эрон  омад, аммо бузургони Эрон, чунонки қарор дода буданд, ўро ба подшоҳӣ нахостанд.

Баҳром сӣ ҳазор лашкари теғзани яманиро дар зери фармон дошт, метавонист таҳти подшоҳиро бо зўрӣ ишғол кунад, лекин  ў теғкашию хунрезиро раво надида, ризояти ҳамватанонашро бо роҳи сулҳу салоҳ ҳосил карданӣ шуд. Аз бузургон анҷуман сохта, назди онҳо сухан ронд ва қавл дод, ки баръакси падараш шоҳи додгар хоҳад буд ва аз роҳи хираду ростӣ ва инсофу мурувват ҳаргиз берун нахоҳад рафт. Сухан гуфтанаш, тамкину виқораш, чеҳраи кушодаш писанди бузургон афтод: ба самимияти гуфтораш, сидқу сафои қавлаш шак набуд.

ШЕРҶАНГ

Лекин бузургон, он ҳама мубадон, ҳокимони вилоятҳо, сарони сипоҳ Хусравро бар тахт нишонда, ба вай савганд хўрда буданд, савганди худро чӣ гуна мешикананд? Акнун агар ба Баҳром раъй диҳанд, байни тарафдорони ду шоҳ ҷангу ҷидол мехезад, зеро:

Гурўҳе ба Баҳром бошанд шод,

Гурўҳе  зи Хусрав бигиранд ёд.

Ва он гоҳ харҷу марҷ  сар мезанаду кишвар хароб мегардад.

Қарор дода шуд, ки мушкилиро ба воситаи шерҷанг осон кунанд ва шерҷанг расми қадимӣ буд:  тахтро бароварда ба  майдон гузоштанд ва тоҷро ба гўшаи он овехтанд. Паҳлавон Густаҳм ду шери жаёни занҷирбанд дошт, ҳардуро оварда ба ду пояи тахт дароз бастанд, аз ду даъвогари подшоҳӣ Хусраву Баҳром ҳар кӣ бо шерон ҷангида онҳоро мағлуб кунаду бар тахт нишинад, подшоҳӣ аз они ўст.

Хусрав аз он ду шери бадҳайбатро диду гуфт:

-Баҳром ҷавон аст ва ман пир, тоби чанголи шерон надорам, шоҳзодаи ҷавон ба подшоҳӣ аз ман сазовортар аст.

Ба ин равиш Хусрав аз подшоҳӣ даргузашт ва Баҳромро дигар ҳоҷати ҷангидан бо шерон набуд, аммо вай ҷангиданӣ шуд, мехост ба эрониён шаҳоматаш ва ҳунарашро нишон диҳад. Мубади мубадон ўро аз хатар ҳазар карданӣ шуд:

Бад-ў гуфт мубад, ки: «Эй подшо,

Хирадманду бодонишу порсо!

Ҳаме ҷанги шерон кӣ фармоядат?

Ҷуз аз подшоҳӣ ҷӣ афзоядат?

Ту ҷон аз пайи подшоҳӣ мадеҳ,

Танатро ба хира табоҳӣ мадеҳ!»

Баҳром ҷавоб дод, ки:

-Ба ҷанги шерон бо ихтиёри худ меравам, ба оқибаташ ҳеҷ кадоми шумо гунаҳкор нестед.

Ҳамоварди ин наррашерон манам,

Харидори ҷанги далерон манам.

Шоҳзодаи зардуштмазҳаб дар об сару тан шуст ва сипас сар ба хок ниҳода ба худояш –Ҳурмурзд намоз кард ва:

-Эй Яздони пок, дар подшоҳӣ нияти ман додгустарӣ ва пок кардани ҷаҳон аз бадиҳост, ту дар  ин ҷанг маро тобовар ва бар наррашерон тавоно гардон, – гўён илтиҷо намуда, ба ақидаи худаш аз гуноҳон пок шуду гурзи говсарро бардошта сўйи шерон равон гардид.

Шерон аз ҳаракоти ў ба қасди бадаш пай бурда ғурриданд, яктошон бо як ҷаҳиши пурғазаб занҷирашро  канда ба Баҳром хуҷум овард. Баҳром бо гурз ба сари ў зад, шер аз дард боз бадтар хашм гирифта, ҳамлаи нав кард, ин бор гурзи гарон сари ўро кафонда хун шоронд. Даранда аз по афтод ва шери дуюм ҳам аз ду зарба дар замин ёзид. Баҳром бар тахти оҷ нишаста, тоҷро бар сараш ниҳод. Аз издиҳоми дарбориён, бузургон, лашкариён хурўши таҳсину офарин баланд гардид. Ба сари паҳлавон дурру гавҳар афшонданд…

Ба тасаввур чунин меояд, ки Фирдавсӣ достонро то ин ҷо расонда, аз навиштан хаста шуду барои ҳавои тоза гирифтан берун баромад: аввали зимистон буд, ҳаво хунук, аз осмони тирагун барф меборид. Шоири бенаво барои зимистон захира надошт, ўро ғами зиндагӣ, ғами пардохтани хироҷи подшоҳӣ гирифт. Қаҳрамони шерафкани шоир шод буду тантана мекард, аммо худи шоир ношод буду парешонҳол. Байтҳои зерин худ ба худ бар забони  шоир омаданд ва ў ба хона баргашта онҳоро бевосита дар поёни қиссаи Баҳром ҳамчун давоми он навишт:

Баромад яке абру шуд тирамоҳ,

Ҳаме барф борид аз абри сиёҳ,

На дарё падид асту не дашту роғ,

Набинам ҳаме бар ҳаво парри зоғ.

Ҳавосил фишонад ҳаме ҳар замон,

Чӣ созад ҳаме ин баланд осмон?

На мондам намаксуду ҳезум, на ҷав,

На чизе падид аст то ҷавдарав.

Бад-ин тирагирўз ҳавли хироҷ!

Замин гашт аз барф чун кўҳи оҷ.

Ҳама корҳо шуд сар андар нашиб,

Магар даст гирад ба чизе ҳабиб.

ВАФО БА АҲД

Гўянд, шоҳ Баҳроми Гўр ба аҳду қавли худ-одил будану ба роҳи хираду ростӣ рафтан вафо кард. Мубадону кордонони покдилро ба дарбораш оварда, бо масдиҳати онҳо кор бурд. Амалдоронаш ва дигар хосу омро ба диёнату парҳезкорӣ- ба пайравии таълимоти пайғамбар Зардушт даъват менамуд.

Мардумонеро, ки аз зулми падараш ба ҳар гўшаю канор гурехта буданд, аз нав гирд оварда, ба ҳамаашон амнияти ҷону ҳол дод. Ба деҳқонону косибон бақияи хироҷи подшоҳиро бахшид. Ба ҳокимони ҳамаи вилоятҳо фармон фиристод, ки дар ҳаққи ҳеҷ кас ситам раво надоранд ва беваю бечорагонро дастгирӣ кунанд. Ба бедодгарикунандагон ҷазоҳо муқаррар кард. Аз хазина рӯзии сарбозонро дода, онҳоро шод гардонид. Нақди хазинаро шумурданд, як саду навад ҳазор дираму динор баромад. Бо фармони шоҳ ҳамаашро ба мубадону дигар мардумони муҳтоҷ тақсим карда доданд. Халқ аз Баҳромшоҳ розӣ буд ва офаринаш мехонд:

Бад-он гаҳ, ки шуд подшоҳӣ -ш рост,

Фузун гашт шодию андуҳ бикост.

Ҳама базму нахчир буд кори ўй,

Дигар аспу майдону чавгону гўй.

 

Манбаъ: “Ҳикоёти таърихӣ”.
Душанбе, “Адабиёти бачагона”, 2013.

Таҳияи Д.Рӯзиева, сармутахассиси шуъбаи абонементи

байникитобхонавӣ ва таҳвили  ҳуҷҷатҳои электронӣ