ИЛМ: Пиёз ва сирпиёз. Аз ривояту афсонаҳо то ҳақиқат
Инсон ба истеъмоли пиёз ва сирпиёз бештар аз 6 ҳазор сол пеш шуруъ карда буд. Аммо муносибат бо онҳо дар ҳама давру замон гуногун буд. Масалан, коҳинони маъбадҳои Мисри бостон чунин меҳисобиданд, ки пиёз ва сирпиёз рустаниҳои тоза набуда, хеле бадбӯйянд ва онҳоро бо номҳои тавҳину таҳқиоромез ёд мекарданд.
Дуруст аст, ки ҳамон замонҳо сирпиёз дар Мисри қадим хӯроки хубе барои бардагон дониста мешуд ва онро ба ғизои созандагони аҳромҳои Миср ҳамроҳ мекарданд. Ашрофзодани Рум ҳеч вақт сирпиёз намехӯрданд, онро ройгон ба фақирон тақсим мекарданд.
Шоҳи Кастилия Алфонси IX ба ҳадде сирпиёзро бад медид, ки ҳатто дар асри XIV ордени “сирпиёзбадбинон” таъсис дод.
Ҳамзамон бо ин гладиаторҳои Рум (паҳлавонғулом, ки дар саҳнаи сирк бо ғуломони дигар ва ё бо ҳайвонҳои ваҳшӣ меҷангид) ва сарбозони артиши ин кишвар пеш аз ҷангҳо аз бандинаҳои сирпиёз камарбанд мебастанд, бар ин назар буданд, ки бо ин васила нерӯ ва ҷасорати худро таҳким мебахшанд. Сирпиёз ба рӯйхати таомҳои салибдорон, ширкаткунандагони ҷангҳои салибӣ дохил шуда буд; 450 бастаи пиёз ва сирпиёзро Магеллан ба киштии худ бор кард ва ба сайри ақсои олам баромад.
Пиёз ва сирпиёзро дар табобати касалиҳои вазнине чун арақа, исҳоли хунин бомуваффақият истифода мекарданд. Масале вуҷуд дорад, ки гӯё дар асрҳои миёна ҳангоми эпидемияи тоун одамоне, ки равған ва сирпиёз мемолиданд, ба ин беморӣ гирифтор намешуданд. Одамон чунин меандешиданд, ки пиёз ва сирпиёз на танҳо бемориҳоро шифо мебахшанд, балки инсонро аз ҳар гуна ҳамлаҳо наҷот медиҳанд (эътиқоде миёни мардум буд, ки вампирҳо бештар аз ҳар чизи дигар аз сирпиёз метарсанд).
Ҳоло комёбиҳои истифодаи пиёз ва сирпиёз дар тибби халқӣ шарҳи илмӣ дорад: дар ин ду сабзаҷоти тезутунд фитонсидҳо (моддаҳои бухоршавандаи рустаниҳо, ки микроорганизмҳоро маҳв мекунанд) зиёданд ва онҳо микробҳоро зудтар нобуд месозанд.
Ду дақиқа як пора пиёз ё сирпиёзро хоида, шумо аз ҳама микробҳое, ки дар даҳонатон ҷамъ шудааст, халос мешавед. Шавлаи тозаи сирпиёзӣ ҷароҳатҳоро шифо мебахшад. Дар ҷӯякҳо бошад, пиёз масалан картошка ё дигар сабзавоти дар канораш сабзидаро аз занбурӯғҳои паразит ҳимоя мекунад.
Ғайр аз ин пиёз дорои равғани эфир мебошад, ки ба вай бӯйи тез мебахшад. Онҳо моро маҷбур мекунанд, ки вақте пиёз пӯст меканем, ашк резонем. Фишор дар ҳуҷайраҳои бехпиёз баландтар аз 24 атмосфера мебошад. Табиист, ки дар камтарин таъсир ва ба он зарар расонидан қатраҳои хурди оби он ба ҳар тараф пош мехӯранд ва ба чашмони одам мерасанд.
Ва ниҳоят: пиёз дорои витаминҳои хеле зиёд аст. 80-100 грамм пиёзи сабз талаботи якшабонарӯзии одам ба витамини С-ро мепӯшонад.
Дар умум инсон шаш намуд аз оилаи пиёзиҳоро (Allium) парвариш мекунад ва мо ин ҷо танҳо дар бораи ду намуди он: пиёз ва сирпиёз нақл кардем.
Таҳияи Б.Шафеъ