Илми катибашиносӣ дар олам ва Тоҷикистон

Илми катибашиносӣДар истилоҳи аврупоӣ эпиграфика фанни ёрирасони улуми таърих ва забоншиносӣ доир ба шинохт ва таҳқиқи катибаҳо. Матни дар маводди сахт (санг, филиз, сафол, шишаю устухон, чарму пўст, матоъ ва ғайра) навишташударо маводди эпиграфӣ меноманд.  Кашф, таҳқиқ, рамз ва шинохти расмулхати онҳо ба доираи катибашиносӣ дохил мешавад. Тибқи суннат катибашиносӣ навиштаҷоти рўи сиккаҳо,   муҳрҳо, папирус, пўст ва коғазро намеомўзад.

Моҳияти асосии катибашиносиро ошкор кардани иттилооти таърихӣ дар бар мегирад. Матнҳои эпиграфӣ дар таҳқиқу омўзиши рўйдоди сиёсӣ, динӣ, мазҳабӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ манбаи муҳимми таърихӣ ба шумор мераванд.

Таърихи пайдоиш ва рушди катибашиносӣ дар Аврупо ба давраи Эҳё тааллуқ дорад. Равишҳои таҳқиқии катибашиносӣ дар асрҳои 18–19 шакл гирифтанд. Катибашиносӣ дар аввали асри 20 ба соҳаи алоҳидаи илм табдил ёфт. Дар асри 18 натиҷаи таҳқиқи катибашиносии матнҳои қадимаи юнонӣ ва лотинӣ чоп шуданд.

Омўзиши машҳуртарин ёдгориҳои эпиграфии Шарқ, аз ҷумла, катибаҳои Бесутун ва Тоҷикистон дар асри 19 оғоз ёфт. Дар ҳудуди Тоҷикистон ёдгориҳои гуногуни эпиграфии бохтарӣ,  суғдӣ, юнонӣ, паҳлавӣ, хитоӣ, туркии қадима ва асримиёнагӣ, ҳиндӣ, сурёнӣ, ибрӣ, арабӣ, форсии қадиму миёна ва славянӣ кашф шуданд.

Нахустин муҳақиқони катибаҳои Тоҷикистон А. Л. Кун, В. В.Бартолд, А. А. Семёнов, М. С. Андреев, Л. Половсев, К. А. Инострансев буданд. Як қисми катибаҳои Тоҷикистонро дар давраи Шўравӣ И. Ю. Крачковский, В. А. Крачковская, А. А. Фрейман, В. А. Лившис, Е. А. Давидович ва Ғ. Ғоибов таҳқиқ кардаанд.

Дар рушди илми катибашиносии тоҷик академик А. Мухторов (ҷамъоварӣ ва шинохти сангҳои катибодори болои қабр) ва Л. Додхудоева (катибаҳои сангҳои қабрҳои Самарқанд) саҳм гузоштаанд. Машҳуртарин катибаи кашфкардаи А. Мухторов катибаи Бобур аст.

Бунёдгузори катибашиносии осорхонаи Тоҷикистон А. Қ. Шарифзода мебошад. Ў аз соли 2001 ба таҳқиқи катибаҳои тоҷикӣ-форсӣ, арабӣ ва юнонии Тоҷикистон машғул буда, нахустин бор катибаҳои куфии меҳроби Искодар (асри 10), мақбараи Ҳазрати Шоҳ (асри 10), катибаҳои мақбараи Муҳаммад Башоро (асри 14), гаҳворасанги мармарии қабри Амир Муҳаммад ибни Амир Шайх Абдуллоҳ (асри 16, аксаш дар асъори миллӣ (10 сомонӣ) тасвир шудааст) ва катибаҳои ёдгориҳои меъмории асрҳои 19-20 Тоҷикистонро таҳқиқ кардааст.

Осорхонаи миллии Тоҷикистон солҳои 2010-2015 бо мақсади кашф, таҳқиқ ва ҷамъоварии ёдгориҳои эпиграфии Тоҷикистон экспедитсияҳои алоҳида баргузор кард. Ба таҳқиқи катибаҳои суғдии Тоҷикистон ҳоло олими рус П. Б. Луре машғул аст.

Нашрияҳои машҳур оид ба катибашиносӣ: «L Anneepigraphique» (Порис, аз 1888) «Epigraphia Indica» (Калкутта; Деҳлӣ, аз 1888), «Epigraphische Studien» (Бонн, аз 1967), «Zeitschrift fur Papyrologie und Epigraphik» (Кёлн, аз 1967) «Гу вэнсзи янсзю» (Пекин, аз 1979), «Эпиграфика Востока» (Руссия, аз 1947)

Боз чоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ. 9. – С. 633.

Муаллиф: Ф. Абдулҳамид
Таҳияи Моҳрухсор Сархатова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.