Ҳимоияи рисолаи илмии як хонандаи фаъоли шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд

Алӣ АсадуллоздаАлӣ Асадуллозда, як нафар аз ҷумлаи хонандагони фаъоли шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-Дасгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтае қабл дар мавзуи “Такмили механизми рушди сармоягузориҳои инноватсионӣ дар соҳаи кишоварзӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон) рисолаи номзадӣ ҳимоя кард.

Номбурда мавзӯъро аз он ҷиҳат муҳим медонад, ки яке аз ҳадафҳои ҳукумати кишвар таъмини амнияти озӯқаворӣ бо ғизои солим дар шароити бозоргонӣ буда, ин рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад, ки аз ҷалби сармоягузории инноватсионӣ вобастагии муҳим дорад. Аз ин рӯ, дар раванди фаъолияти инноватсионии соҳа ҷалби маблағгузорӣ, афзоиши захираҳои сармоягузорӣ аҳамияти махсусро пайдо менамояд, ки ба такрористеҳсолкунии маҳсулоти озуқаворӣ мусоидат намоянд.

Алӣ Асадуллозода ба ин назар аст, ки фарқиятҳои бештари рушди иҷтимоӣ – иқтисодии минтақаҳои ҷумҳурӣ ва бозори он зарурат пеш овард, ки тадқиқоти илмию амалиро пурзӯр намуда, барои таъмини равиши методологӣ ва фаъолнокии сармоягузории инноватсионӣ  мусоидат намоянд.

Муаллифи рисолаи илмӣ мақсади таҳқиқоти хешро пешниҳоди асосҳои методологию назариявии мукаммалгардонии механизми сармоягузориҳои инноватсионӣ  ва асоснок кардани тавсияҳои амалии  рушди фаъолияти сармоягузорҳои  инноватсионӣ  дар соҳаи кишоварзӣ иборат донистааст. Ва барои расидан ба мақсади гузошташуда, ҳалли вазифаҳои зеринро муҳим медонад:

  • омӯзиши асосҳои назариявии моҳияти иқтисодии аҳамияти фаъолияти сармоягузориҳои инноватсионӣ бо дар назардошти хусусиятҳои раванди такрористеҳсолӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
  • нишон додани меъёр ва самараи рушди сармоягузории инноватсионӣ дар соҳа;
  • баррасии муқаррароти методологии рушди механизми ташкилӣ-иқтисодӣ дар фаъолияти сармоягузории инноватсионии соҳаи кишоварзӣ;
  • таҳияи равишҳои методии сармоягузории инноватсионӣ дар истеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ;
  • арзёбӣ ва такмили хидматрасониҳои иттилоотию машваратӣ дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва ғайра.

Дар диссертатсия санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо ва ҳисоботи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳисоботи солонаи корхонаҳои кишоварзӣ новобаста аз шакли моликияташон,  ХД(Ф) хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), ҷамъияти саҳомӣ, кооператсияҳои истеҳсолию тиҷоратӣ, ҳисоботи вазорату идораҳои дахлдор, инчунин, маводҳои конференсияҳои илмӣ-амалӣ, монографияҳо ва  маводҳои дигари  дар матбуоти даврӣ нашршуда, захираҳои иттилоотии Интернет, инчунин, коркардҳо ва ҳисобҳои муаллиф истифода шудаанд.

Ин кори илмӣ чӣ навгонӣ дорад?

Навоварии илмии таҳқиқот аз таҳияи асосҳои назариявӣ ва амалии илман асоснокшуда, ҷиҳати асосноккунии роҳҳои такмили механизми рушди  сармоягузориҳои дар соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити гузариш ба тамсилаи иқтисодиёти индустриалӣ-аграрӣ иборат мебошад.

Муаллиф дар муқаддимаи рисолаи илмӣ аҳамияти мавзӯи таҳқиқотро нишон додааст, ҳадаф ва вазифаҳои кор, навгонии илмӣ ва гуногунии масъаларо муайян кардааст.

Рисола аз се боб иборат буда, дар боби якум – «Ҷанбаҳои назариявии рушди фаъолияти сармоягузориҳои инноватсионӣ дар соҳаи кишоварзӣ» моҳияти иқтисодӣ ва арзиши фаъолияти сармоягузориҳои инноватсионӣ дар соҳаи кишоварзӣ, инноватсия ҳамчун унсури ҷудонашавандаи стратегии фаъолияти сармоягузорӣ ва механизми идораи фаъолияти сармоягузориҳои инноватсионӣ дар соҳаи кишоварзӣ таҳти омӯзиш ва хулосабарорӣ қарор дода шудааст.

Дар боби дуюмВазъи имрӯзаи фаъолияти сармоягузориҳои инноватсионӣ дар минтақаи камзамин» арзёбии вазъи рушди сармоягузориҳои инноватсионии кишоварзӣ ва дурнамои он, арзёбии ҳолати ҷорӣ ва тамоюлҳои истифодаи иқтидори инноватсионӣ, самтҳои стратегии рушди сармоягузориҳои инноватсионӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ  ва муаммоҳои рушди он таҳлил ва арзёбӣ гаштааст.

Дар боби сеюм – «Самтҳои асосии такмил додани механизми рушди фаъолияти сармоягузориҳои инноватсионӣ дар соҳаи кишоварзӣ» самтҳои такмил додани механизми ташкилии рушди фаъолияти сармоягузориҳои инноватсионӣ ва мудирияти барномавии мақсадноки рушди фаъолияти сармоягузориҳои инноватсионӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ пешниҳод гардидаанд.

Дар хулоса натиҷаҳо ҷамъбаст гардида, тавсия ва пешниҳодҳои мушаххас барои ҳалли масъалаҳои дар диссертатсия баррасигашта дарҷ шудаанд.

Хонандаи фаъоли худ Алӣ Асадуллозодаро барои дифои рисолаи номзадӣ муборакбод мекунем ва барояш комёбиҳои тоза хоҳонем.

Саодат Набиева