«“Имову ишора». Китоби дуюм барои касоне, ки лоланду ношунаво

Қисми дуюми китоби “Имову ишора”, ки аз ҷониби Саттор Қувватов ва Зикрия Раҳмонов навишта шудааст, соли 2019 рӯи чопро дидааст. Тавре аз номаш пайдост, китоб ба касоне пешниҳод шудааст, ки лоланду ношунаво ва танҳо ишораҳоро мебинанду матлабро дарёфт мекунанд. Забони муошират миёни онҳо ҳамин имову ишора аст.

Муаллифон дар сасухан ба хонанда муроҷиат кардаву гуфтаанд, ки ин китоб барои омўзиши забони ишора муҳим буда, шуморо ба дунёи ношунавоён мебарад. Аз ин китоб метавонед калимаҳои заруриро пайдо намуда, барои муошират бо ношунавоён истифода баред.

Дар ин китоб калимаҳои тозаи тоҷикӣ оварда шудааст, ки шумораи онҳо 515 ишораро ташкил медиҳад. Калимаҳо аз китоби «Фарҳанги забони тоҷикӣ» гирифта шудаанд. Лаҳзае, ки шумо бо ношунавоён бо ишора муошират мекунед онҳо худро хушбахт ҳис намуда, дўсти наздики шумо мешаванд. Забони ишора забони ношунавоён буда, хусусиятҳои хосси худро доранд. Бердиёров нақши забони ишораро дар як шеъри худ хуб арзёбӣ намудааст:

Байни забону гўшам ангушт тарҷумон аст,

                    Ин тарҷумон бароям ҳам гўшу ҳам забон аст.

                    Сад роз нокушода зери забони нохун,

                    Дар нутқи нохуни ман сад достон ниҳон аст.

                    Гаҳ шаҳд менигорад, гаҳ шўр мегуморад,

                    Ангушти панҷаи ман ҳам кому ҳам забон аст.

                    Гаҳ роҳ мекушояд, гаҳ рўҳ мефизояд,

                    Ин рўҳшиноси раҳдон раҳсарвари ҷаҳон аст.

                    Пиндору гуфту кирдор, пайдо з-ишорати ўст,

                    Қаҳру ситезаву лутф сармашки панҷагон аст.

                    Эҳсоси дарди лолон ҳар кас наметавонад,

                    Хандандаро натобад, чашме ки хунчакон аст.

.Хонандагони азиз китоби “Имову ишора”-ро метавонанд дар толори хониши шуъбаи шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд бихонанд.

Таҳияи С.Яъқубова, сармутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд.