Имтиёзи бештар ба довталабони Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

ХоварБино ба гузориши хабаргузории “Ховар”, ки ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон истинод мекунад, ба ҳама иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баъди баромадан ба даври чоруми озмун Сертификат дода мешавад.

Сертификат ба иштирокичён имтиёз медиҳад, ки онҳо то се сол аз рӯйи равияҳои гуманитарӣ ва педагогӣ бе имтиҳонҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои олии мамлакат ба таври ройгон дохил шаванд. Яъне, агар иштирокчиён хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 9-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11) бошанд, баъди хатм метавонанд ба муассисаҳои олии мамлакат ройгон дохил шаванд.

Ин ҳуҷҷат ба 434 довталаб аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла 74 довталаб аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 90 нафар аз вилояти Суғд, 90 нафар аз вилояти Хатлон, 90 нафар аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 90 довталаб аз шаҳри Душанбе барои расидан ба даври ниҳоии озмун дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар даври ниҳоии озмун ғолибони ҷойҳои 1, 2, 3 ва гирандаи Шоҳҷоиза имтиёз доранд, ки ба муассисаҳои олии мамлакат ба равияи дилхоҳашон ройгон ва бе супоридани имтиҳон дохил шаванд.

Ҳамчунин хонандагон ва донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимӣ дар гурӯҳҳои пулакӣ таҳсил менамоянд, ҳангоми дар даври ҷумҳуриявии озмун сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 ва ё Шоҳҷоиза гардидан ба гурӯҳи ройгони таҳсил гузаронида мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли ҳафтум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ дар байни аҳолии мамлакат баргузор мегардад.

Озмун байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, омӯзгорони ҳама зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат гузаронида мешавад.