Имзои Ёддошти тафоҳум миёни Китобхонаҳои миллии Тоҷикистон ва Туркия

marketing-va-menechmentМиёни  Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Туркия Ёддошти тафоҳум имзо шуд. Ёддошти тафоҳумро директори Китобхонаи милии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода ва директори Китобхонаи миллии Туркия Танер Биёглу имзо карданд.

Ин санад аз 12 модда иборат буда, тибқи он тарафҳо метавонанд ҳамкориҳоро дар мубодилаи (китобҳо, маҷаллаҳо ва нашрияҳои) марбут ба фарҳанг, адабиёт ва таърихи давлатҳои хеш ба роҳ монда,  мубодилаи  мутақобилаи баъзе  корҳоро  дар CD ва DVD мутобиқи талаботи қонунгузории давлатҳои хеш ҳимоят мекунанд.

Ду ҷониб таҷрибаомўзии кормандони хешро дар риштаҳои гуногуни фаъолияти китобдорӣ  дастгирӣ менамоянд, ба рушди фаъолияти муштараки илмӣ, таҳқиқот ва таблиғоти мероси хаттии фарҳангӣ, интишорот ва китобдорӣ мусоидат намуда, инчунин дар чорабиниҳои фарҳангӣ, конфронсҳои касбӣ, семинарҳои такмили ихтисос, намоишгоҳҳо ва сафарҳои корӣ тадқиқотҳои муштараки марбут ба коллексияҳо дар ҳамбастӣ ширкат мекунанд.

marketing-va-menechmentТарафҳо омодаанд ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи технологияи нигоҳдорӣ ва  тармими ҳуҷҷатҳо  тавсеа бахшанд ва  истифодаи технологияҳои иттилоотиро  дастгирӣ кунанд.

Ҳамчунин тарафҳо ҳамкорӣ ва мубодиларо дар самти фаъолияти китобдорӣ бо  намояндагони китобхонаҳои ду ҷониб тибқи қонунгузории миллӣ ба роҳ мемонанд.

Дар Ёддошти тафоҳум омадааст, ки тарафҳо оид ба ҳаёти фарҳангии кишварҳо, аз ҷумла оид ба чорабиниҳои байналмилалие, ки дар давлатҳои Тарафҳо баргузор мегарданд, мубодилаи афкор намуда, иштироки намояндагони хешро дар чунин чорабиниҳои фарҳангӣ дастгирӣ мекунанд.

Ҳамкорӣ ба табодули нашрияҳо байни китобхонаҳои миллӣ ва ташкили сафарҳои кории коршиносон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷўҳи тарафайн, ҳамкорӣ дар бахшҳои ҳифзу нигоҳдорӣ, таҳқиқ ва таъмиру тармими китобҳои таҷассумгари мероси фарҳангӣ ва инчунин табодули нашрияхо ва сафарҳои кории мутахассисон, рушди ҳамкорӣ дар бахши маводи чопӣ ва электронӣ мувофиқи қонунгузории давлатҳои тарафайн аз ҷумлаи бахшҳои дигари ин Ёддошти тафоҳум аст.

marketing-va-menechmentДар санади имзошуда ҳамчунин омадааст, ки ду ҷониб ҳамкориро дар бахшҳои гуногуни мубодилаи китоб, нашрияҳои  даврӣ, нашрияҳои дигари марбут ба фарҳангу ҳунар ривоҷ дода, ҳамчунин иштироки намояндагони худро дар намоишҳои байналмилалии китоб, ки дар давлатҳои Тарафҳо баргузор мегардад, тибқи қонунгузории миллӣ таъмин менамоянд, ҳамкориро дар бахшҳои гуногуни омодасози мутахассисони соҳаи китобдорӣ ва табодули таҷрибаҳо дар соҳаи китобдорӣ ривоҷ медиҳанд.

Мавзуна Орумбекова, сардори шуъбаи мнеҷмент ва маркетинг.