Имзои Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Китобхонаҳои миллии Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ
Имрӯз дар шаҳри Сеул миёни Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.
Созишномаро аз ҷониби Китобхонаи миллӣ директори он, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода, ки ҳамакнун ҷиҳати анҷоми як сафари корӣ дар Ҷумҳурии Корея ба сар мебарад, имзо намуд.
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни ду китобхона санади муҳимест, ки роҳро барои ҳамкориҳои барои ҷонибҳои судманди фарҳангӣ, табодули китобу таҷриба боз мекунад.
Дар имзои Ёддошти тафоҳум миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Кореяи Ҷанубӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кореяи Ҷанубӣ Киром Салоҳиддин Амриддинзода ширкат дошт.
Гуфтанист, ки дар Китобхонаи миллӣ Гўшаи фарҳангии Корея бо мақсади тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи судманди дўстона байни Ҷумҳурии Корея ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таблиғи фарҳанги Корея таъсис дода шудааст. Он тибқи Ёддошти тафоҳум миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Фонди Институти Подшоҳии Сеҷони Ҷумҳурии Корея дар шаҳри Душанбе соли 2013 ба муддати 5 (панҷ) сол ба роҳ монда шуда буд.
Баъдан, бори дуюм моҳи июли соли 2019 дар ҳошияи сафари Сарвазири Ҷумҳурии Корея ба Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ёддошти тафоҳум байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъсис додани Гўшаи Корея» ба имзо расид, ки айни ҳол амал мекунад.
Аз Гӯшаи фарҳангии Корея на танҳо хонандагони тоҷик, балки меҳмонони зиёде аз хориҷ дидан мекунанд ва бо фарҳанги мардуми Корея аз наздик шиносоӣ пайдо менамоянд. Гўшаи зикршуда ҳамвора аз фаъолияти худ ба роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ҳисобот пешниҳод мекунад ва дар мавриди гузаронидани нишастҳоиҳои фарҳангиву китобдорӣ доимо бо шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ дар иртибот аст.
Зимни як боздиди худ аз Китобхонаи миллӣ Сафири ин кишвар дар Тоҷикистон ҷаноби Квон Донг Сок гуфта буд: “Ин аввалин бор аст, ки ман вориди Китобхонаи миллии Тоҷикистон шудам ва ҳоло мебинам, ки ин чӣ бинои озодаву зебост ва боҳашамат. Ба қарибӣ мо 30 – солагии робитаҳои дипломатӣ, фарҳангиву иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кореяро таҷлил менамоем.
Бар ин муносибат хостем ба Китобхонаи миллӣ оем ва барои боз ҳам густурдатар ба роҳ мондани фаъолияти дуҷонибаи ҳамкориҳои фарҳангӣ талошҳои бештар кунем. Хеле хуш аз он шудам, ки дар Китобхонаи миллӣ Корея Гӯшаи фарҳанг дорад ва аз тариқи он хонандагони тоҷик бо фарҳанги кишвари мо ошно мешаванд. Умедворам ин ҳамкориҳо дар оянда низ таҳким меёбанд”.
Б.Шафеъ