Имзои Созишнома миёни ду китобхона дар Новосибирск

Ҷумахон ФайзализодаИмрӯз миёни Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ”-и  Дастгоҳи  иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии илмии буҷавии федералии   Китобхонаи оммавии, илмӣ-техникии шуъбаи  Академияи илмҳои Россия дар минтиқаи Сибир созишномаи ҳамкории  фаъолияти  таҳқиқоти илмӣ,   илмию ташкилӣ,   фарҳангӣ ва табодули таҷриба дар заминаи  технологияи китобдорӣ ба имзо расид.

Созишномаро Директори Китобхонаи миллӣ Файзализода Ҷумахон Хол ва директори Китобхонаи оммавии, илмӣ-техникии шуъбаи  Академияи илмҳои Россия дар минтиқаи Сибир Лизунова Ирина Владимировна имзо карданд.

Ҷумахон ФайзализодаИн созишнома аз 4 банд иборат буда, ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифз, тармим  ва рақамикунонии мероси китобии  таърихӣ ва фарҳангии ду кишвар; такмили технологияи таъминоти иттилоотии тадқиқотҳои фундаменталии  илмӣ ва амалӣ; таъмини дастрасӣ ба пойгоҳои  иттилоотӣ: муттаҳид намудани кўшишҳо дар инкишофи нерўи иттилоотӣ, илмию кадрӣ, таъмини пайвастаи  омўзиш, баланд бардоштани сатҳи таълими умумӣ ва фарҳангии мутахассисони китобхонаҳо; мубодилаи иттилооти библиографӣ бо дархости  шарики хориҷиро дар бар мегирад.

Созишнома дар айни замон ба муҳлати 5 сол имзо шуд ва он метавонад бо ризояти ду ҷониб оянда барои 5 соли дигар тамдид шавад.