Имзои як санади ҳамкории дигари Китобхонаи миллӣ бо китобхонаҳои хориҷи кишвар

Миёни Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази иттилоотӣ-китобхонавии   ба  номи Адиб Собири Термизии вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ўзбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ин санади ҳамкорӣ дирӯз дар ҷараёни имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон аз ҷониби Директори Китобхонаи миллӣ Ҷумахон Файзализода ва Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Узбекистон Озодбек Назарбеков имзо шуд.

Дар ин Ёддошти тафоҳум аз ҷумла омадааст, ки бо ишора ба зарурати барқарорӣ ва густариши равобити байни Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази иттиолотӣ- китобхонавии ба номи Адиб Собири Тирмизии вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ўзбекистон  ва инчунин бо назардошти муҳиммияти ҳамкорӣ барои рушди соҳаи иттилооти китобхонавии марбут ба маориф, илму фарҳанг  ва ҷиҳати  густариши  табодули иттилоот ба мувофиқа расиданд, ки  тибқи қонунгузории миллии кишварҳои худ ва созишномаҳои  байналмилалие, ки тарафҳо  ширкаткунандаи онҳо мебошанд ва низ тибқи муқаррароти Ёддошти тафоҳуми мазкур дар соҳаи иттилооти китобдорӣ, фарҳанг ва илм  ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ аз 9 модда иборат буда, баргузории таҳқиқоти дуҷониба  дар соҳаи китобхонашиносӣ, китобшиносӣ, таъмир ва нигаҳдории фонди китобхона ва иттилооти техникӣ, интиқоли ҳуҷҷатҳои электронӣ, табодули таҷрибаи касбӣ ва дастовардҳои илмӣ дар тамоми соҳаҳои вобаста ба фаъолияти оинномавии ҳарду ҷониб (феҳристнигорӣ ва мукаммалгардонӣ, фаъолияти библиографӣ ва иттилоотӣ, нигаҳдорӣ ва мукаммалгардонии фонд, худкорсозӣ), табодули дастурҳои методӣ ва библиографӣ, ки аз ҷониби мутахассисиони марбутаи тарафҳо омода шудааст, табодули асарҳои нависандагони тоҷик, ки бо забони ўзбекӣ ва нависандагони ўзбек, ки бо забони тоҷикӣ нашр шудаанд, таҳия ва мубодилаи  пойгоҳҳои библиографӣ доир ба кишваршиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ўзбекистон, мубодилаи мутахассисон, такмил ва баргузории давраҳои таҷрибаомўзӣ оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи  ҳар ду ҷониб, ташкили намоишгоҳҳои виртуалии китобхонаҳо ва ғайраро дар бар мегирад.

Ин тафоҳумнома ҳамчунин барои баргузор намудани конфренсияҳои муштарак,  чорабиниҳои омўзишӣ ва боздидҳои мутақобил аз китобхонаҳо бо мақсади табодули таҷриба ва созмондиҳии кори тарафҳо ҷиҳати ҷорӣ намудани дастовардҳои пешқадам ва технологияҳои нав дар фаъолияти иттилоотии китобхонавӣ, амалисозии ташаббусҳои муштараки  таҳқиқотӣ, интишоротӣ ва иқдомоти дигар, ки ба густариши фазои ягонаи иттилоотӣ ва фарҳангӣ мусоидат мекунад, роҳ мекушояд.