Инъикоси ҳамоиши «Се даҳсолаи шарикии китобхонаҳои ИДМ: вазъ ва стратегияи рушд» дар “ХОВАР”

Хабаргузории давлатии “Ховар” аз ҳамоиши «Се даҳсолаи шарикии китобхонаҳои ИДМ: вазъ ва стратегияи рушд», ки рӯзҳои 29-30 сентябри соли равон дар Китобхонаи миллӣ доир гардид, гузориши муфассале интишор додааст. Ин хабаргузорӣ ба нақл аз хабарнигори худ мегӯяд, дар робита ба эълон гардидани «Душанбе — пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021» ва  Истиқлолияти давлатии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 30 сентябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Се даҳсолаи шарикии китобхонаҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: вазъ ва стратегияи рушд» Конференсияи байналмилалии китобдорон баргузор гардид.

Дар конференсия директорон ва масъулони китобхонаҳои миллии Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Молдова, Федератсияи Русия ва дигар созмонҳои марбут ба фаъолияти китобдории узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ иштирок намуданд.

Зимни конференсия директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода изҳор дошт,  ки ҳамкорӣ бо китобхонаҳои миллии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз самтҳои муҳими фаъолияти байналмилалии Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. То инҷониб ба хотири рушди ҳамкорӣ дар ҷодаи китобу китобдорӣ ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расидаанд, ки дар доираи он якчанд корҳои муҳими соҳавӣ анҷом дода шуданд.

Мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода аз сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи китобу китобдорӣ ёдовар шуда, изҳор дошт, ки дар даврони истиқлолият дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ биноҳои муосири китобхона ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ мавриди истифода қарор гирифтанд, ки аз таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳа дарак медиҳанд.  Ҷиҳати шинохти ҳувияти миллӣ, баланд бардоштани эҳсоси худшиносиву худогоҳии аҳолӣ бо дастгирии махсуси Сарвари давлат чопи силсилаи «Тоҷнома» — тоҷикон дар масири тамаддун» ба роҳ монда шудааст.

Матни комили ин гузоришро метавонед ин ҷо бихонед:

«Се даҳсолаи шарикии китобхонаҳои ИДМ: вазъ ва стратегияи рушд». Таҳти ин унвон дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ доир шуд