Интишороти Китобхонаи миллӣ “Корномаи Ардашери Бобакон (Идома)
Ба номи Яздон.Ба ному нерӯ ва ёрии офаридагор Ҳурмузди ройманду фараҳманд. Тандурустӣ ва дарозумрии ҳама некону растакорон, ба вижа он ки барояш навишта мешавад.
ДАР ДИДАНИ БОБАК СОСОНРО БА ХОБ ВА ДОДАНИ ДУХТАРИ ХЕШ БАД – Ӯ
Ба Корномаи Ардашери Бобакон чунин навишта шуда, ки пас аз марги Искандари Румӣ Эроншаҳрро 240 кадхудой буд. Исфаҳону Порс ва навоҳии наздики он ба дасти Ардавон солор буд. Бобак марзбону шаҳриёри Порс ва аз гумоштаи Ардавон буд. Ардавон ба Истахр менишаст. Ва Бобакро ҳеҷ фарзанди номбардор набуд. Сосон шубони Бобак буд ва ҳамвора бо гӯсфандон ва аз нажоди Дорои Дороён. Ва дар фармонравоии Искандар ба гурезу ниҳон буд ва бо шубонони курд бирафт. Бобак намедонист, ки Сосон аз нажоди Дорои Дороён будааст.
Бобак шабе ба хоб дид, ки чӣ гуна хуршед аз сари Сосон битобад ва ҳама ҷаҳон рӯшной кунад. Ду дигар шаб чунин дид, ки чӣ гуна Сосон ба пиле оростаи сафед нишаста ва ҳар ки дар кишваранд, перумони Сосон истода ва бад ӯ намоз баранд ва ситоишу офаринаш кунанд. Се дигар шаб низ чунин дид, ки чӣ гуна Оташи Фарнбай ва Гушнаспу Бурзин-Миҳр ба хонаи Сосон ҳаме фурӯзанд ва рӯшноӣ ба ҳама ҷаҳон ҳаме диҳанд.
Бобак чун ин дид, тааҷҷуб кард. Ӯ доноёну хобгузоронро ба пеш хост ва он хоб, ки ҳар се шаб дида буд, пеши эшон боз гуфт.
Хобгузорон гуфтанд, ки он ки ин хоб дидааст, ӯ аз фарзандони он мард касе ба подшоҳии ҷаҳон расад, чи хуршеду пили оростаи сафед чирагиву тавоноиву пирузӣ ва Оташи Фарнбай диндонишии меҳмардону муғмардон ва Оташи Гушнасп артишдорону сипоҳбадон ва Оташи Бурзин-Миҳр шубонону барзгарони ҷаҳонанд. Ва ҳама ин подшоҳи ба он мард ва ё фарзандони он мард расад.
Бобак чун он он сухан бишнид, касе фиристод ва Сосонро ба пеш хосту пурсидаш, ки ту аз кадом гуҳару нажодӣ? Аз падарону ниёгони ту касе подшоҳиву сардорӣ карда? Сосон аз Бобак пуштибониву зинҳор хост, ки газанду зиёнам макун! Бобак пазируфт ва Сосон рози хеш, чунон ки буд, пеши Бобак гуфт.
Бобак шод шуд ва фармуд, ки тан ба обзан (ҳаммом) кун. Ва фармуд, то як даста ҷомаву мӯзаи шоҳвар оваранд ва ба Сосон доданд, ки бипӯшад. Сосон чунин кард. Ва Бобак Сосонро фармуд, ки чанд рӯзе ба хӯришу дороии некӯ ва сазовор парвариш ёбад. Пас ӯ духтари хеш занӣ додаш.
ДАР ЗОДА ШУДАНИ АРДАШЕРИ БОБАКОН
ВА ЧИГУНАГИИ Ӯ БО АРДАВОН ДАР НАХЧИРГОҲ
Сарнавишт бояд буда, ки дарҳол он духтар обистан шуду Ардашерро бизод. Бобак чун танумандиву чобукии Ардашер бидид, донист, ки он хоб, ки дида буд, рост будааст. Ва ӯ Ардашерро ба фарзандӣ пазируфт, гиромӣ дошту парвардаш. Чун ба синну ҳангоми фарҳанг расид, ба дабириву аспсаворӣ ва дигар ҳунарҳо чунон парвариш ёфт, ки дар Порс номӣ шуд. Чун Ардашер ба синни шонздаҳсолагӣ расид, ба Ардавон огаҳӣ омад, ки Бобакро писарест ба фарҳанг ва аспсаворӣ варзидаву шоиста. Ва ӯ ба Бобак нома кард, ки мо шунидаем, ки Шуморо писарест ба фарҳанг ва аспсаворӣ басе варзида. Орзуи мост, ки ӯро ба даргоҳи мо фиристӣ ва назди мо ояд, то бо фарзандону шоҳзодагон бошад ва ӯро ба фарҳанге, ки ҳасташ, подош фармоем.
Бобак чун аз он ки Ардавон комгортар буд, дигар чора кардан ва он фармон рад кардан натавонист. Ӯ дар ҳол Ардашерро биорост ва бо даҳ бандаву басе чизҳои сазовору аҷиб ба пеши Ардавон фиристод.
Ардавон чун Ардашерро дид, шод шуд ва гиромӣ дошташ. Фармуд, ки ҳар рӯз бо фарзандону шоҳзодагони вай ба нахчиру чавгон шавад. Ардашер чунин кард. Ба хости Яздон дар чавгону аспсавориву шатранҷу нард ва дигар ҳунарҳо аз ҳама эшон чираву набардозмуда буд.
Рӯзе Ардавон бо сарварону Ардашер ба нахчир шуда буд. Гӯре дар дашт бигзашт ва Ардашеру писари меҳтари Ардавон аз паси он гӯр битохтанд. Ардашер дарарсид ва тире ба гӯр чунон зад, ки гӯр ба ҷой бимурд. Ардавону саворон расиданд ва чун ин заниш бад-ин оин диданд, тааҷҷуб карданд. Пурсиданд, ки инро кӣ кард? Ардашер гуфт, ки ман кардам. Писари Ардавон гуфт, ки не, ман кардам. Ардашер хашм гирифт ва ӯ ба писари Ардавон гуфт, ки ҳунару мардонагӣ ба ситамгариву бешармӣ ва дурӯғу бедодгарӣ ба хештан кардан натавон. Ин дашт накуст ва гӯр бисёр, ману ту дубора озмоиш кунем ва некӯиву далериву чобукӣ аз худ падид оварем.
Ардавон аз ин тааҷҷуб кард ва пас аз он Ардашерро нагузошт бар асп нишинад. Ӯ Ардашерро баохури сутурон фиристод ва фармуд, ки нигар, то шабу рӯз аз наздики сутурон ба нахчиру чавгон ва фарҳангистон нашавӣ! Ардашер донист, ки Ардавон ин аз рашку бадкомӣ гӯяд.
Ва ӯ андар замон достон чунон буд, нома ба Бобак навишт. Бобак чун нома бидид, андӯҳгин шуд ва дар посух, ки ба Ардашер кард, навишт, ки ту нодонӣ кардӣ, чун ба чизе, ки аз он зиён нашояд будан, бо бузургон ситеза бурдӣ ва сухан бо овози дурушт бад-ӯ гуфтӣ. Акнун тавба гӯй ба гуноҳ, ба дуои патитӣ (дуои патитӣ – суханони тавба аз Авасто). Бидон чун доноён гуфтаанд, ки душман ба душман он натавонад кард, ки марди нодонро аз кирдори хеш расадаш. Инро низ гуфтанд, ки аз он кас, ки ҷуз вай натавонӣ, мустаманд мабош. Ва ту худ донӣ, ки Ардавон бар ману ту ва бас мардумони ҷаҳон ба тану ҷон ва дороӣ подшоҳест комронтар. Акнун андарзи ман ба ту, сахттар, аст ин, ки ягонагиву фармонбарорӣ кун ва шукӯҳи хеш ба нобудӣ маспор!
(Идома дорад)
“Корномаи Ардашери Бобакон” соли 2014 дар ҷилди аввали “Мероси хатии Бостон” нашр шудааст. Ин китобро Китобхонаи миллӣ аз силсилаи “Тоҷнома”, Тоҷикон дар масири тамаддун” чоп карда буд. Шакли электронии китоб инҷост: “МЕРОСИ ХАТИИ БОСТОН”
Таҳияи мутахассиси
Маркази “Тоҷикшиносӣ”
Шаҳноза Орипова