Интишороти Китобхонаи миллӣ “Корномаи Ардашери Бобакон (Идома)
Ба номи Яздон.Ба ному нерӯ ва ёрии офаридагор Ҳурмузди ройманду фараҳманд. Тандурустӣ ва дарозумрии ҳама некону растакорон, ба вижа он ки барояш навишта мешавад.
ДАР ФИРЕФТА ШУДАНИ КАНИЗАКИ АРДАВОН БАР АРДАШЕР ВА ГУРЕХТАНИ АРДАШЕР БО ОН КАНИЗАК СӮИ ПОРС
Ардавонро канизаке буд шоиста, ки ӯро аз дигар канизакон арҷмандтару гиромитар дошт ва ҳар парасторӣ, ки Ардавонро буд, он канизак мекард.
Чун рӯзе Ардашер ба сутургоҳ нишаста танбур, мезад ва сурудхониву хуррамӣ мекард, ӯ Ардашерро дида шефта гашт. Пас аз он бо Ардашер дӯстӣ ва хушӣ мекард. Пайваста ҳар шаб чун Ардавони баргаштабахт мехуфт, он канизак пинҳонӣ ба назди Ардашер мешуд ва то наздики бомдод бо Ардашер мебуд ва пас боз ба пеши Ардавон меомад.
Рӯзе Ардавон доноёну ахтаршуморони дарборро ба пеш хосту пурсид, ки чӣ мебинед аз хусуси замони шоҳони ҳар кишвар ва чигунагии мардумони ҷаҳон ва аз хусуси ману фарзандону мардони мо. Ахтаршуморони солор дар посух гуфт, ки Дувоздаҳон афтода ва ситораи Ҳурмузд (Муштарӣ) боз аз ҳама боло омада ва вай аз Баҳрому (миррих) Аноҳид (Ноҳид-Зуҳра) ба сӯи Ҳафтранг (Дубби Акбар) ва Шерахтар (Асад) наздик шуда ва ба Ҳурмузд ёрӣ диҳанд. Чунин намояд, ки солоре ва ё подшоҳе нав ба пайдоӣ ояд ва басе фармонравонро бикушаду ҷаҳон боз ба шоҳии ягона оварад. Сардори дигаре аз эшон низ пеш омаду гуфт, ки чунин пайдост, ки ҳар марди бандае, ки аз имрӯз то се рӯз аз назди худованди хеш бигрезад, ба бузургиву подшоҳӣ расад ва бар худованди хеш комрону пирӯзгар бувад.
Канизак он сухан, ки ба Ардавон гуфтанд, шаб чун назди Ардашер омад, пеши Ардашер бозгуфт. Ардашер чун он сухан бишнид, аз он ҷой андеша ба гурехтан ниҳод. Ӯ ба канизак гуфт, ки агар туро андеша бо ман росту ягона аст, пас дар ин се рӯзи баргузида, ки доноёну ахтаршуморон гуфтанд: ҳар ки аз назди худованди хеш бигрезад, ба бузургиву подшоҳӣ, расад, омода бош биравем, то ҷаҳон бигирем. Агар яздонфарри Эшоншаҳр ба ёрии мо расад, раҳо ёбем ва ба накӯиву хуррамӣ расем. Ва чунон кунам, ки аз ту фаррухтар дар ҷаҳон кас набувад. Канизак пазируфт ва гуфт, ки пазирам ва ҳар чӣ фармоӣ, чунин кунам. Чун наздики бомдод буд, канизак аз ҷои хеш ба назди Ардавон шуд. Шаб чун Ардавон хуфта буд, аз ганҷи Ардавон шамшери ҳиндиву зини заррин ва камарбанде бо нишони сари меш ва кулоҳи заррину ҷоми заррин бо басе гуҳару дираму динор ва ҷавшану зинафзори оростаи бисёр ва басе чизҳои дигар ситонду ба пеши Ардашер овард.
Ардашер ду асп аз борагони Ардавонро, ки рӯзе ҳафтод фарсанг мерафтанд, зин кард, бар яке худ ва бар дигар канизак нишаст ва роҳ ба Порс гирифту ба шитоб ҳамерафт.
Чунин гӯянд, ки шаб ба деҳе омад. Ардашер тарсид, ки мабодо мардуми деҳ бинанду шиносанд ва гирифтор кунанд, на аз деҳ, аз канори деҳ бигзашт. Ӯ омад ду зан нишаста дид. Он занон бонг карданд, ки матарс Ардашери кайи Бобакон аз нажоди Сосону пайванди Дорошоҳ. Чун ки аз ҳар бад бирастӣ ва касе туро натавонд гирифтан ва туро подшоҳии Эроншаҳр бисёр сол бояд кардан. Биштоб ба дарё ва чун дарё ба чашм бубинед, ҳеҷ мапоед. Чун чашмат ба дарё афтад, бебим бошӣ. Ардашер хуррам шуд ва аз он ҷой бошитоб бирафт.
ДАР ОГОҲ ШУДАНИ АРДАВОН АЗ ГУРЕХТАНИ АРДАШЕР БО КАНИЗАК ВА ШИТОФТАНИ Ӯ АЗ ПАСИ ЭШОН
Чун рӯз шуд, Ардавон канизакро хост, лек канизак дар ҷой набуд. Сутурбон омад ва ба Ардавон гуфт, ки Ардашер бо ду аспи шумо дар ҷой нест. Ардавон донист, ки канизаки ӯ бо Ардашер гурехтааст. Ва чун огоҳӣ аз ганҷ бишинид, ошуфта шуд ва ӯ ахтаршуморон солорро бихосту гуфт, ки зуд бош ва бингар, то он гунаҳгор бо он нопоки фосиқ куҷо шуд ва кай шояд гирифтан.
Ахтаршуморон солор тақвим гирифт ва дар посух ба Ардавон гуфт, ки Моҳ аз Кевон ва Баҳром рафта ва бо Ҳурмузду Тир пайваста ва фармонравой миёни осмон бар партави Миҳр истодааст. Ва чунин пайдост, ки Ардашер гурехта ва ӯро рӯй ба сӯи Порс аст. Агар то се рӯз гирифтан нашояд, пас аз он гирифтан натавон.
Ардавон дарҳол сипоҳе чаҳор биорост ва роҳ ба Порс паи Ардашер гирифт. Чун имрӯз буд, ба ҷое расид, ки роҳи Порс аз он ҷой мегузашт. Ӯ пурсид, ки он ду савор, ки ба ин сӯй омаданд, кай гузаштанд? Мардум гуфтанад, ки бомдод чун хуршед тег бароварда буд, чун боди бузург бигузашганд ва аз паси эшон баррае бас нерӯманд ҳаме давид, ки аз он накӯтар будан нашояд. Бидонем, ки то кунун бисёр фарсанг замин рафтаанд ва шумо гирифтан натавонед. Ардавон ҳеҷ намонд ва биштофт. Чун ба ҷое омад, аз мардуми он пурсид, ки он ду савор чӣ гоҳ бигзаштанд? Эшон гуфтанд, ки нимрӯз буд чун боди бузург ҳамерафтанд ва ҳамвора бо эшон баррае низ мерафт. Ардавон тааҷҷуб кард ва гуфт, ки нигар! Савори дугонаро донем, аммо он барра чӣ шояд будан? Ва ӯ аз дастур пурсид. Дастур гуфт, ки он фарри подшоҳист, ки ҳанӯз ба ӯ нарасида. Бояд зуд савор шавем ва шояд пеш аз он ки он фарр бад-ӯ расад, битвонем гирифтан. Ардавон бо саворон зуд биштофт.
Рӯзи дигар 70 фарсанг рафтанд ва ононро гурӯҳи корвоне пеш омад. Ардавон аз эшон пурсид, ки он ду саворро дар куҷо дидед? Эшон гуфтанд, ки миёни шумову онон 21 фарсанг замин аст. Моро чунин намуд, ки бо яке аз он саворон баррае бас бузургу чобук ба асп нишаста буд. Ардавон аз дастур пурсид, ки он барра бо ӯ ба асп чиро намояд . Дастур гуфт: Ҷовидон бодо! Ба Ардашер фарри каён расид ва ба ҳеҷ чора ӯро гирифтан натавон. Пас хештану саворон ранҷ медиҳед ва аспон маранҷонеду табоҳ мекунед. Чораи Ардашер аз дигар роҳ бихоҳед…
(Идома дорад)
“Корномаи Ардашери Бобакон” соли 2014 дар ҷилди аввали “Мероси хатии Бостон” нашр шудааст. Ин китобро Китобхонаи миллӣ аз силсилаи “Тоҷнома”, Тоҷикон дар масири тамаддун” чоп карда буд. Шакли электронии китоб инҷост: “МЕРОСИ ХАТИИ БОСТОН”
Таҳияи мутахассиси Маркази “Тоҷикшиносӣ”
Шаҳноза Орипова