Интишороти Китобхонаи миллӣ “Корномаи Ардашери Бобакон (Идома)

XII

Дар огоҳ шудани Ардашер аз кори Кирм

ва чора намудани ӯ Кирмро

Ардашер чун бад-ин оин дид, сипоҳ аз он ҷой биканду бирафт. Сипоҳи Кирм аз паси Ардашер шитофт ва дар тангҷое бар эшон чунон кард, ки сипоҳи Ардашер гузаштан натавонист ва Ардашер худ  танҳо ба канори дарё шуд.

Чунин гӯянд, ки фарри каён, ки дур буд, андар замон пеши Ардашер истод ва андак-андак мерафт, то он ки Ардашер аз он ҷои бадгузар аз дасти душманон  бегазанд берун омада, ба деҳе, ки Монд хонанд, расад. Шаб ба хонаи ду бародар, ки якеро Бурзу якеро Бурзодур ном буд, омад ва ба онон гуфт, ки ман аз сарварони Ардашерам,  ки аз  корзори Кирм ба сутӯҳ омадаам. Имрӯз паноҳгоҳ бифармоедам додан, то аз сипоҳи Ардашер огоҳӣ ояд, ки ба кадом сарзамин афтодаанд. Эшон бо басе ошуфтагӣ ба Ардашер гуфтанд, ки нафрин бод ба рӯҳи бадкирдори бедин, ки ин бутпарастро чунин  чираву тавоно кард, ки ҳама мардуми атрофро аз дини Ҳурмузду амаҳраспандон гумроҳ кард ва подшоҳе бузург, марде чун  Ардашерро низ бо  сипоҳаш  аз дасти  он душманони дурӯғманиш – бутпарастон сар ба сутӯҳӣ овард.

Онон аспи Ардашерро гирифтанд, ба сарой бурданд ва ба охур бастанд, некӯ ҷаву коҳу юнҷа доданд ва Ардашерро ба нишастгоҳу ҷои  писандида бурда нишонданд. Ардашер бас андӯҳгин буд ва пайваста меандешид. Онҳо дуо карданд, аз Ардашер хостанд, ки дуо куну хӯриш бихӯр ва андӯҳу тимор мадор, чун ки Ҳурмузду амаҳраспандон чораи ин чиз бихоҳанд ва ин балоро чунин нагузоранд. Чунки аз ситамгарии Заҳҳоку Афросиёби Тур ва Искандари Румӣ низ Яздон хуш набуд ва эшонро аз шӯҳрати фарри хеш чунон нобинову нопойдор кард, ки ҷаҳон ошност. Ардашерро ба он сухан пиндор хуш шуд, дуо карду хӯриш хӯрд. Эшонро май набуд, обҷав пеш оварданд ва  ситоиши додаи офаридагор карданд. Ардашер ба некиву диндӯстӣ ва ягонагиву фармонбардории онон бегумон шуд ва рози хеш ба Бурзу Бурзодур ошкор сохт ва гуфт, ки ман худ Ардашерам. Акнун бубинед, ки чораи ин Кирм ва ёрони ӯ чӣ  гуна бояд хост? Эшон дар посух гуфтанд, ки агар моро тану ҷон ва ганҷу дороиву зану фарзанд ба ёди шумо – шоҳони Эроншаҳр супурдан бояд, биспорем. Мо медонем, ки чораи ин бадзод чунин бояд хост, ки ту худро чун марди бегона ороста кунӣ ва ба гузари буни диз хештан ба бандагиву парастиши ӯ супорӣ ва ду марди шогирди диногоҳро низ ба он ҷой бибарӣ ва пинҳонӣ парастишу ситоиши Яздону амаҳраспандон ба ҷой орӣ. Чун ҳангоми хӯрок хӯрдани он Кирм шуд, чунон кунӣ, ки он миси гудохта, ки бо худ дорӣ ба даҳони он бадкирдор бирезӣ, то бимирад. Он рӯҳи бадро бо парастишу ситоиши Яздон шояд куштан. Ардашер он сухан писандиду некӯ дошт ва ба Бурзу Бурзодур гуфт, ки ман ин кор бо ёрии шумо тавонам кардан. Онҳо гуфтанд, ки ҳар кор, ки шумо фармоед, тану ҷон супорем.

XIII

Дар куштани Ардашер Меҳраки Нӯшзодонро ва машвара бо Бурзу Бурзодур ва куштани ӯ Кирми Ҳафтубодро

Ардашер аз он ҷой боз ба Ардашерхвара омад ва бо Меҳраки Анӯшакзодон корзор карду Меҳракро бикушт ва шаҳру ҷову ганҷу дороӣ ҳама аз хеш кард. Пас барои бо Кирм корзор кардан кас фиристод. Бурзу Бурзодурро ба пеш хост ва ба  эшон  машвара кард. Бас дираму динор ва пушок бо худ гирифт ва хештан бо ҷомаи хуросонӣ ороста дошту бо Бурзу Бурзодур ба наздики дизи Кулор омад ва гуфт, ки ман марде хуросониам ва аз ин шоҳи пирӯзманд иҷоза мехоҳам, ки ба даргоҳи ӯ ба  парастиш биоям.

Бутпарастон Ардашерро бо он ду мард пазируфта, ба хонаи Кирм ҷой карданд.

Бад-ин оин Ардашер се рӯз парастишу фармонбарории Кирм ба   ҷой овард ва он дираму динору ҷомаро ба парастандагони ӯ дод. Чунон кард, ки ҳар ки дар он диз буд, аҷаб дошту офаринаш кард. Пас Ардашер гуфт, ки беҳтар бувад, то Кирмро се рӯз аз дасти худ хӯрок диҳам. Парастандагону хидматгорон пазируфтанд. Ардашер кас фиристод ва сипоҳе аз чаҳорсад марди ҳунарманду ҷонсупор ба даври он ҷой ва ба кӯҳу ҷойҳои шикофта фармуд, то пинҳон кунанд. Ҳамчунин фармуд, ки рӯзи осмон (27-уми моҳ) чун аз дизи Кирм дуд бинед, чобукиву ҳунармандӣ ба кор баред ва ба буни диз биёед. Худ он рӯз миси гудохта дошт. Бурзу Бурзодур парастишу ситоиши Яздон карданд. Ҳангоми хӯриш шуд, Кирм чун ҳар рӯза бонг кард. Ардашер пеш аз он бутпарастону хидматгронро ба чошт масту бехуд карда буд  ва худ бо чокарони хеш ба пеши Кирм шуд ва он хуни гову гӯсфанд, ки ҳар рӯз медоданд, пеши Кирм бурд ва чун Кирм даҳон боз дошт, то хун бихӯрад, Ардашер миси гудохта ба даҳони Кирм рехт. Чун мис тани Кирм расид, ба ду бишкофт. Аз ӯ чунон бонг баромад, ки мардумони диз ҳама он ҷо омаданд ва аз диз ошӯб афтод. Ардашер даст ба сипару шамшер зад ва дар  он диз задану куштори  гарон кард. Фармуд, ки оташ кунед, то дуд ба он саворон падидор шавад. Чокарон чунин карданд. Савороне, ки дар кӯҳ буданд, чун дуд дар диз диданд, ба буни диз битохтанд ва ба ёрии Ардашер омаданд. Ба дари диз расиданду бонг карданд, ки пирӯз бод Ардашери шоҳаншоҳи Бобакон, ки шамшер ба кор бурдааст. Мардумони диз ҳар чӣ буданд, кушта шуданд ва  Ҳангоми шитобу корзор аз диз партофта шуданд ва дигарон зинҳор хоста ба бандагиву фармонбардорӣ омаданд.

Ардашер фармуд, то дизро кананд ва вайрон кунанд. Ӯ он ҷо рустое, ки Кулорон хоҳанд, бунёд кард ва оташи Варахрон дар он ҷой биншонд ва ганҷу дороиву зару сим аз он диз ба ҳазор уштур бор  кард ва ба Дубор фиристод. Бурзу Бурзодурро баҳраву подоши бузург ба оини садоқат бахшид ва дар он ҷо рустоеро низ ба  фармонравоии  онон дод. Пас аз он ки Ардашер Кирмро кушг, боз ба Гур омад ва   сипоҳу ғунд ба Кирмон ба корзори боризон фиристод.

XIV

Дар чигунагии Ардашер бо духтари Ардавон ва захр

додани ӯ ба Ардашер

Ардашер ду писари Ардавонро ба хештан дошт ва дуи дигар ба  гурез назди шоҳи Кобул рафта буданд. Онҳо ба хоҳари хеш, ки зани Ардашер буд, нома навишта пайғом фиристоданд, ки рост аст, ки шумо  занонро гӯянд.  Чун  ту  марги  хешовандону нажоди хеш, ки ин гунаҳгори  душмани Яздон носазо ба марг бикушт, фаромӯш кардӣ. Туро меҳр ба он бародарони мустаманд, ки ба озору сахтӣ ва биму тарсу нанг овора ба шаҳри дигарон гирифторанд ва он ду бародари бадбахти ту, ки ин паймоншикан ба банди зиндон ба ҷазо фиристод ва гирифтори марганд, нест. Ва ту ҳамаро аз ёд бурдӣ ва ба он паймошикан  ҳампиндор гаштӣ ва туро хеҷ тимору андӯҳи эшон ва мо нест. Мабод он ки пас аз имрӯз ба зане дар ҷаҳон  беандоза бовар кунад.

Акнун, агар туро каме меҳри мо бувад, чораи мо  бихоҳ  ва  кини падару хешовандон ва гуҳари хеш фармӯш макун. Ин  заҳр, ки мо бо марди бегумони хеш назди Шумо фиристодаем, аз  он мард бигир ва агар тавонӣ пеш аз хӯрок ба он гунаҳгори паймоншикан бидеҳ, то дар ҳол бимирад ва ту он ҳар ду бародари бастаро аз банд раҳо кунӣ ва мо  низ ба шаҳру буму ҷои хеш боз оем ва равони ту биҳиштӣ шавад. Ва бо ин ту номи ҷовидона ба хештан карда бошӣ ва дигар занони ҷаҳон аз  кирдори неки ту номитару гиромитар шаванд.

Духтари Ардавон чун он нома бад-ин оин бидид ва он заҳрро, ки барояш фиристода буданд, андешид, ки чунин бояд кард ва он чаҳор бародари бадбахт аз банд бояд сохт.

Рузе Ардашер аз нахчир  гуруснаву ташна ба хона омад. Ӯ дуои пеш аз хӯрок кард кард ва духтарон заҳр бо писту (талқон) шир омехт ва ба дасти Ардашер дод, ки пеш аз дигар хӯрданиҳо бифармой хӯрдан, чун ба гармиву хастагӣ некӯ бувад. Ардашер  гирифту хӯрдан хост. Чунин гӯянд, ки оташи нерӯмандӣ Фарнбаи  пирӯзгар чун хурӯси сурх париду пар ба пист зад ва он ҷом бо пист аз дасти Ардашер бар замин афтод. Ардашер бар замин афтод. Ардашер ва он зан ҳар ду чун ин диданд, мот бимонданд. Гурбаву саг, ки дар хона буданд, он хӯрок хӯрданд, ба ҷой бимурданд. Ардашер  донист, ки он заҳр буд, ки ба куштани вай ороста шуда.

Андар замон мӯбади мӯбадонро ба пеш хост ва пурсид, ки ҳирбад! Он ки ба ҷони подшоҳон қасд кард, ба чӣ доредаш?  Чӣ бояд кардаш? Мӯбади  мӯбадон гуфт, ки ҷовидон  бодову комрон! Он ки ба ҷони подшоҳон қасд кард, сазовори марг кард, сазовори марг аст. Ардашер фармуд, ки ин нопоки ҷодуи девзодро ба охури аспон бирбар ва куштан фармой! Мӯбади мӯбадон чун ин сухан бишнид, баргашт ва боз ба пеши Ардашер рафту  гуфт, ки ҷовидон бодо! Ин зан обистан аст. Замон бипоӣ, то он гоҳ ки бизояд, дар ғайри он куштан нашояд. Чи агар ӯ сазовор ба  марг аст, он  фарзанд, ки  аз пушти  Шумо  худованд дар шикам дорад, сазовор ба марг набояд дошт ва бикушташ. Ардашер, ки дар хашм буд,  гуфт: хеҷ замон мапой ва ӯро бикуш!

Мӯбади  мӯбадон донист, ки  Ардашер бас дар хашм аст ва пас аз он ба пушаймонӣ расад. Вай он занро накушт ва ӯро ба хонаи худ бурду  пинҳон кард. Ба зани худ гуфт, ки ин занро гиромӣ дор ва ба касе чизе магӯй.

(Давом дорад)

“Корномаи Ардашери Бобакон” соли 2014 дар ҷилди аввали Мероси хатии Бостон нашр шудааст. Ин китобро Китобхонаи миллӣ аз силсилаи Тоҷнома, Тоҷикон дар масири тамаддун чоп карда буд. Шакли электронии китоб инҷост:  МЕРОСИ ХАТИИ БОСТОН

Таҳияи мутахассиси Маркази Тоҷикшиносӣ”
Шаҳноза Орипова