“Ирфон” фаъолияти худ дар соли 2022-ро дар шакли китоб нашр кард

  Ахиран нашриёти “Ирфон” нақшаи чопи китобҳои худро дар соли ҷорӣ интишор дод, ки он «Нақшаи мавзўии нашри китобҳо барои соли 2022» ном гирифтааст.

   Дастури мазкур маводи чопии Муассисаи нашриявии «Ирфон»-ро дар заминаи нақшаи корӣ, нақшаи мавзўии нашри китобҳо барои соли 2022, номгўй китобҳои дар анбор маҳфузбуда, руйхати муаллифони китобҳое, ки аз МН «Ирфон» тамға дар соли 2021 ба даст овардаанд ва низомномаи дарёфти рақамҳои ISBN ва тамғаи (гриф) муассисаро дар бар мегирад.

   Дар он инчунин ёддошт барои мутасаддиёни таъмини китоб ба китобхонаҳо ва мағозаҳои китоб дар тамоми минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (новобаста аз шакли моликият) ва намунаи шартномаи хариду фурўши китоб ва гирифтани тамғаи нашриёт гирдоварӣ шудаанд.

   Дастури мазкур маълумоти муфассал дар бораи ҳар як китоби чоп мегардидаи нашриёти “Ирфон”-ро бо таври муфассал шарҳ медиҳад. Баҳри ғанӣ намудани фонди китоби худ Китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба почтаи электронии: irfon_company@mail.ru  дархосту  пешниҳодоти худро худро ирсол намояд.

Ҷамил ВАЛИЕВ – корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон.