Ирим дар боварҳои мардумӣ. Оё шумо дар ин бора медонед ва риоя мекунед?

«Ирим», «ирум», «эрум», «ириму ҷирим», як навъи бовар ва эътиқоди мардум аст. Таърихи  пайдоиши «ирим» қадимӣ буда, ба тасаввуроти асотирию динӣ, таҷриба ва ихлоси инсон иртиботи қавӣ дорад.

Калимаи «ирим» аз забони ўзбекӣ ба тоҷикӣ гузашта, байни ўзбектаборон ба маънои бовару эътиқод, фоли нек ё бад ва миёни мардуми тоҷик (бештар дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва водии Ҳисор) ба маънои «ҳазар кардан», «худдорӣ кардан» аз амале, ки пайомадҳои нохуб дорад, ба кор меравад. Шахси муътақид ба ин боварро «иримчӣ» мегўянд. Масалан, баъзеҳо «ирим» карда, рўзҳои чоршанбе ба аёдати беморон намераванд ё аз иҷрои баъзе аъмол худдорӣ мекунанд. Зеро чоршанберо рўзи як навъ робита бо арвоҳ ва баргузории маросимҳои марбут ба бовару эътиқод («мушкилкушо», «алавпарак», зиёрати мазорҳо, фолбинӣ) мепиндоранд ва иҷрои баъзе корҳоро дар ин рўз мамнўъ медонанд.

Иримчӣ бовар дорад, ки агар вақти намози шом ба ҳамсоя шир диҳад, ба говаш ягон нохушие рух медиҳад. Инчунин, одамон аз қадим аз анҷом додани баъзе амалҳо дар шаб худдорӣ мекарданд.

Эрониёни қадим шабро замони ҳукмронӣ ва гашту гузори махлукҳои аҳриманӣ (дев, парӣ, аҷина, албастию ҷонварони шабгард) тасаввур мекарданд ва ҳар ҳодисае, ки шаб рух медод, аз таъсири рўҳҳои аҳриманӣ медонистанд.

Шаб сиёҳу торик аст ва одамони қадим шабона наметавонистанд кореро дуруст анҷом диҳанд. Масалан, онҳо шабона дар роҳҳои ноҳамвор пешпо хўрда меафтиданд, ба дарахте бармехўрданд ва сабаби инро аз халалрасонии рўҳҳои бад мепиндоштанд. Аз ин ҷост, ки ҳоло низ баъзе тоҷикон шабона ба касе пул намедиҳанд, дасторхонро намеафшонанд, хона намерўбанд, либос намешўянд, дар торикӣ аз зери дарахтони сербарг (чормағз, чинор) намегузаранд ва ғайра. Ҷеғ задании хурўс ва уллос кашидани сагро низ шабонгаҳ фоли бад мешуморанд. Чуғзу бум (мурғҳои соҳибчанголи шабгард)- ро парандагони шумхабару бадфол тасаввур мекунанд. Баъзеҳо ин ё он амалро «барои иримаш», маҳз барои ҳифзи суннати пешиниён ва дур будан аз оқибатҳои нохуб иҷро мекунанд. Масалан, суннат аст, ки ба хонаи мусибатдида 2-3 рўз ҳамсояҳо хўрок мебаранд, зеро тайи ин муддат дар он хонадон таом намепазанд. Дар азохона зарфи шахси хўроковардаро холӣ баргардондан ҷоиз нест. «Барои иримаш» ба зарф 2-3 барги сабзи алаф ё дарахтро меандозанд.

«Барои иримаш» вақти фурўхтани чорпо бандашро бармегардонанд; аввали оши маросимиро ба мардҳо медиҳанд; бо дидани моҳи нав се бор ҷастухез мекунанд ва амсоли ин.

Аксари «ирим»-ҳо ва бовару ақоиди куҳан, ки реша дар хурофот дошта, дорои асоси шаръӣ ва илмӣ нестанд, тадриҷан аз байн мераванд.

Бозчоп: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2019. – Ҷ.-8. – С. 345-346. Муаллиф: Д. Раҳимов

Таҳияи Фирӯза Восиева,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ.