Ироқи Аҷамро медонед куҷо буд?

Ироқи АҷамИроқи Аҷам. Кўҳистони Ироқ, Ҷибол, номи асримиёнагии вилояти кўҳистонии Эрони Ғарбӣ буд. Дар шимол бо Озарбойҷони таърихӣ, кўҳҳои Албурз, дар шарқ бо Мозандарон ва Хуросон, дар ғарб бо Ироқи Араб, кўҳсори Зогрус ва дар ҷануб бо Хузистон ҳамсарҳад буд. Дар ҳудуди Моди Қадим ҷойгир буд.

Шаҳрҳои бузурги он Ҳамадону Кирмоншоҳ ва Қум буданд. Аз ҳудуди он рўди Корун мегузашт.

Аз даврони Салҷуқиён ин ноҳияро Ироқи Аҷам гуфтаанд, то бо Ироқи Араб, ки суфлои Байнаннаҳрайн аст, иштибоҳ нашавад, бад-он ҷиҳат, ки дар нимаи дуввуми асри 5-и ҳиҷрӣ Салҷуқиён дар тамоми ғарби Эронзамин тасаллут ёфтанд ва истилои онҳо то Байнаннаҳрайн густариш ёфта, аз мавзеи хилофат лақаби «Султону-л-Ироқайн» ба онҳо эъто шуд.

Пас аз ҳамлаи муғул ва ислоҳоти маъмурӣ-ҳудудии Ризошоҳи Паҳлавӣ номи Ҷибол дигар истифода нашуд.

Мактаби ироқӣ ё худ сабқи ироқӣ (сабки адабие, ки охири асри 10 ва ибтидои асри 12 дар адабиёти форс-тоҷик ташаккул ёфтааст) дар Ироқи Аҷам интишор шудааст, зеро пас аз ҳамлаи муғулҳо (асри 13) шоиру нависандагон аз Хуросон ба он ҷо ҳиҷрат намуданд.

Бозчоп: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2019. – Ҷ.8. – С. 378. Муаллиф: А. Раҷабов.

Таҳияи Ҳусния Назарова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.