Ҳирот аз диди устод Бозор Собир

Бозор СобирИн мақола дар шумораи 12-уми соли 1964 “Шарқи сурх” чоп шудааст ва аслан як сафаргуфтаи Шоири халқии Тоҷикистон устод Бозор Собир аст. Аз мақола бармеояд, ки солҳое, ки шоир дар Афғонистон чун тарҷумони мутахассисони Шӯравӣ кор мекард, ба Ҳирот сафар кардаву баъдан аз диду боздидҳояш ин матлабро навишта, дар маҷалла чоп кардааст.

Мақола чун дидгоҳи як шоири мумтоз аз Ҳироти машҳур ва зиёрати оромгоҳои бузургоне чун Абдурраҳмони Ҷомӣ арзишманд аст.

ВАТАНИ ШОИР

Корвони пурборе, ки ба самти шарқ мерафт, дар паси хомаҳои рег аз назар ғоиб шуд. Фарёди ҷарас ва садои калмурғоне, ки соате пеш аз зўри ташнагӣ ва тафти самум маҷоли парвоз надоштанд, дигар шунида намешуд. Шом наздик буд. Биёбони паҳноварро боз сукуту хомўшии ҳамешагӣ фаро мегирифт.

Дар дашт ба ҷуз машинаи сабукраве, ки роҳ ба ҷануб гирифта буд, дигар чизе наменамуд. Машина бо суръат ба пеш мерафт. Ба куҷо? Охир, дар паси ин тал тали дигар ва дар паси ин саҳро, саҳрои дигар аст. Мана ҳоло Дашти Ҳавз оғоз мешавад. Даштест, ки атрофи  онро кўҳҳои кабуд иҳота карда, аз дур ба ранги хирқаи кўҳнае менамояд.

Аз дами гармсел ва шиддати гирдбодҳо анбуҳи мушхор ва гиёҳҳое ки   одатан дар биёбонҳо мерўянд, хушкида ба палоси рангпаридае мемонанд. Вақте ки ба Дашти Ҳавз мерасед албатта, ба худ андеша мекунед: аҷаб номи номуносиб. Дар ин ҷо аз об нишоне нест – ку? Шояд мусофире барои масхара доштан ба ин дашти бефарёд ҳамин тавр ном дода бошад? Кӣ медонад, шояд ин ном ифодае орзуе бошад? Агар устухонҳои бури шутурро, ки ҷо – ҷо хобидаанд, набинед,  гумон мекунед, ки ба ин хок то ба ҳол пои одамӣ нарасидааст.

Пас аз соате роҳ рафтан ва дидани бинои кўҳнаи гумбаздоре фикру андешаҳои нав сар мезананд. Работ. Маълум мешавад, шаҳр наздик аст. Бале, Работи Сангӣ ба шаҳр наздик аст. Инак, ободонӣ. Регзор оҳиста – оҳиста ба қафо мемонад. Мана деҳаи нахустин… Аз кулбаи сангине ки дар паҳлўи роҳ воқеъ гардидааст, садои мусиқӣ меояд. Ошиқи озурдае замзама мекунад:

Чӣ будӣ, хок ба роҳи ту будӣ ?

Ба фарқи ман қадамгоҳи ту будӣ ?

Чӣ будӣ косаҳои чашми ошиқ

Ба ҷои кафш дар пои ту будӣ ?

Савти сантур ва сатрҳои таронаи маҳҷурӣ дар шоми дашт канда – канда паҳн мешаванд.

Вақти шом шунидани мусиқӣ аҷаб як ҳаловате дорад. Тамоми вуҷуди касро эҳсосот фаро мегирад. Ба ҳар як зарби соз дили гарми худро ҳамсоз медонад. Мехоҳад дар сари болҳои нозуки орзуҳои ширин ба дуриҳо парвоз кунад, ба ҳар ҷо ки надидааст, расад ва ҳар он чӣ ки нашунидааст, шунавад. Ба ҳар чиз пазмон мешавад. Ҳатто ба шир – шири барги дарахтон ва чир – чири чирчиракҳо. Кўшиш мекунад он чи ки дар давоми умри худ дидааст, боз як бори дигар бубинад ва ба оғўш гирифта гўяд, ки эй раҳу пайраҳаҳо, эй деҳоту шаҳрҳо, эй боғу роғҳо ва эй сангистонҳо, ҳама ибтидои олами ҳастии ман, оғози ҷавонии пўрхурўш будед ва акнун боз роҳу оламе дар пеш аст…

Машина аз деҳа гузашта ба роҳи қирпўши шаҳр мебарояд. Садои сантур ба зўр шунида мешавад…

Мо дар ҳайати мутахассисони советӣ ба яке аз шаҳрҳои кишвари Авғонистони дўст ва ҳамсоя – шаҳри Ҳирот омада, меҳмони ҳиротиёни хушгуфтор шудем.

Шаҳри Ҳирот. Ин ҳамон шаҳрест, ки замоне шавкати он ифтихори мардуми Аҷам буд. Дар таърихи замон номи он дар қатори номҳои шаҳру кишварҳои мутамаддуни ҷаҳон: Рум, Искандария, Қустантания (Константинопол), Бағдод, Деҳлӣ, Чин ва ғайра сабт мешуд. Дар таърифи бурҷҳои саркаши он рисолаю қасидаҳо навишта ва суратҳо кашида мешуданд. Номи он ба ному номуси мардуми форсу тоҷик, ба ҳастию нестии ин мардум баробар буд. Аз чашми нохалафони аҷнабӣ маҳфуз доштани он, ин маҳфуз доштаи номи тоҷик, маҳфуз доштани зану фарзанди форс буд. Дар ҳифзи он чӣ қадар сарҳо, чӣ қадар гўшу биниҳое, ки бурида нашуданд…

Ҳирот. Ҳироти бостонӣ. Қадамгоҳи саромадони адаёти форсу тоҷик мавлоно Абдурраҳмони Ҷомию Навоӣ, Биноию Восифӣ, Ҳилолию Ҳотифӣ, Фаррухию Кошифӣ, Воизию Беҳзод, мактаби овозадори шеъру фалсафаи Аҷам. Замоне буд, ки духтари бухорӣ дар фироқи дидори ошиқ,  чашм ба роҳ гўш ба овози зангўлачаҳои заррини корвони ту буд. Ба ёди мушку гулоби ту ҳаловат мебурд. Тоҷирони Самарқанду Насаф аз камёбии қолию паранди ту беқарорӣ мекарданд, Шоҳ Бобур дар хумори сози овози ту умр ба сар мебурд…

Аз “Боғӣ шоҳӣ ” булбуле ҳамвора чаҳ – чаҳ мезанад. Насими анбарбез мевазад.

Садои “Тўпи полис”. Маълум мешавад соат ба шаш расидааст. Ин тўп рўзе шаш маротиба садо медиҳад. Мардум садои онро аввал дар соати шаши субҳ, сонӣ дар соатҳои 12 – 2 – 5 – 7 ва 11 мешунаванд. “Тўпи полис ” аз тўпҳои кўҳнаю вазнини туркисохт буда, дар самти ғарбии шаҳр, дар болои теппае гузошта шудааст, ки аз чаҳор тарафи он чаҳор посбон дидбонӣ мекунанд.

Аз ин тўп ба боло тир холӣ кардан маънию ифодаҳои зиёде дорад. Аввал ин ки вақтро муайян мекунад. Аз рўи садои он гашти соатҳо дуруст карда мешавад. Вале, чунон ки ҳиротиҳо мегўянд, маънии асосии садои он чунин аст: “Маҳфуз аст, хоки муқаддаси афғон”…

Ҳамин тавр мо ба сайри шаҳри Ҳирот мебароем. Мана, мо дар кўчаи марказии шаҳр. Ин роҳ сангфарш буда, аз ҳиссаи шарқӣ, то ҳиссаи ғарбии шаҳр ба дарозии чаҳор километр идома меёбад. Дар ду бари роҳ ҷўй кашида шуда, дарахтони ноҷу ва сарв шинонида шуда, дар ҳиссаи холигии байни он, ки роҳро ба ду қисм ҷудо мекунад, гулҳои настаран назаррабоӣ мекунанд. Дар ҳиссаи марказии шаҳр, ки ба номи “Парки Синамо” ёд мешавад, ин роҳро роҳи дигаре, ки аз шимол ба ҷануби шаҳр мебарад, бурида мегузарад. Аз ин чаҳор роҳӣ ба роҳе ки равон шавед, ба бозоре мебарад. Яъне дар чаҳор тарафи шаҳр чаҳор бозор буда ба номи Дарвоза машҳуранд: бозоре, ки дар сари роҳи Қандаҳор воқеъ гардидааст, Дарвозаи Қандаҳор, бозоре, ки дар қисми шимоли шаҳр воқеъ гардидааст, Дарвозаи Хушработ ва ду бозори дигар, ки дар баромадгоҳи шарқӣ ва ғарбии шаҳр мавҷуданд Дарвозаи Хуш ва дарвозаи Ироқ гуфта мешаванд.

Аз ду тарафи ин кўчаҳо биноҳое қомат рост кардаанд, ки бомҳои гунбазӣ дошта, сохт ва таърихи мухталифе доранд. Агар биноҳои ягона  кинотеатр, банк, аэропорт, меҳмонхона, ресторанҳо ба таври аврупоӣ сохта шуда бошанд, дар баробари онҳо биноҳое дида мешаванд, ки садҳо сол пеш сохта шуда, тираю афсурда менамоянд. Масалан, Бурҷи Паси Ҳисор қалъаест, ки 700 сол пеш сохта шудааст. Ин бурҷро мардум минбари шаҳр меноманд. Дар рўзҳои ҷашну идҳо занҳои сатрӣ, пирон ва кўдакон ба болои он баромада, маъракаҳои идонаеро, ки дар “Парки Синамо” мегузаранд, тамошо мекунанд. Дар ҳақиқат, он замоне минбари шоҳон буд ва инак минбари бечорагон аст. Ҳар як хишти шикастаи он дандони шикастаи асре ва ҳар як ҳуҷраи харобаи он чашми чўкидаю бенури замонест. Ин нишонаест аз нишонаҳои таърихи ҷангҳои зидди аҷнабиён. Дар муҳофизати ин кафи хок чӣ қадар нокомиҳое сар назадааст. Чӣ қадар ҷавонон ба ҷанг рафта, боз нагаштаанд. Оё халқ инро фаромўш кардааст? Оё фаромўш кардааст, ки аҷнабиён бурҷи Паси Ҳисорро косахонаи сари Шарқ меномиданд? Не! Мана, ба рўи санги мармар сухани вопасини он фарзандони безаволи худро чунин кандааст:

« – Шаҳидони ҷанги фарангем мо,

Ба хуни Ватан лоларангем мо».    

Дар Ҳирот сарою биноҳои зиёде ҳастанд, ки сохтмони онҳо ба шахсони таърихи тааллуқ доранд. Шумо дар рисолаҳои таърихӣ манзараи сохтмони масҷиди ҷомеъро, ки аз тарафи устод Беҳзод кашида шудааст, дидаед. Ин бинои хушнақшу нигор дар замони салтанти Ҳусайн Бойқаро бо талқину нишондоди мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ва амир Алишер Навоӣ сохта шудааст.

Бинои масҷиди ҷомеъ пас аз бинои меҳмонхонаи калони шаҳр, ки соле қабл бо кўмаки Иттифоқи Советӣ сохта шудааст, метавон гуфт, ки дўюмин бинои мўҳташами зебои ин вилоят аст. Бо хотамкорӣ ва нақшу нигори худ назире надорад.  Мегўянд, ки дар сохтумони он дар баробари баноёни забардасти Ҳинду, Чин, Арабу Аҷам шахсан худи Амир Алишери Навоӣ низ ширкат доштааст. Абёти масбути пештоқҳо бо интихоби Ҷомӣ ва бо дасти Навоӣ навишта шудаанд. Дар баробари ин дар сохтмони Хушработ, Работи Сангӣ ва дигар биною мақбараҳое ки фарсахҳо дур аз шаҳр дар сари роҳҳои самти Бухорою  Балх, Ҳинду Бағдод сохташуда, ки то кунун боқӣ мондаанд, ҳафтаю моҳҳо аз шаҳр баромада, аз наздик иштирок мекардаанд.  Афсўс, сад афсўс, ки ин сангҳои кабуди пойдеворҳои биноҳои мўҳташам забон надоранд. Вагарна мегуфтанд, ки шоирони баландпоя дар ин кор чӣ мақоме доштанд. Мувофиқ ба табъе гузошта шудаанд, ки назири он сатрҳои нозуку табнокинаш ашъори онҳо мебошанд.

Аз назди растаҳои бозор, дўкону магазинҳои меваю матоъфурўшӣ, чойхонаю ошхонаҳо гузашта,  ба қисмати шимолии шаҳр меравем. Роҳи сангфарши пуршабаҳе ки ба он равонаем, моро нахуст ба боғи Беҳзод,  сонӣ ба харобаҳои Ҳироти бостонӣ мебарад.

Инак, мо дар Боғи Беҳзод. Ин боғ, чунон ки дар боло ишора шуд, пас аз Боғи Шоҳӣ, ки дар тарафи шарқии шаҳр воқеъ гардидааст, боғи дуюм буда, танҳо ба занҳо мансуб аст. Дар рўзҳои дигар, махсусан дар рўзи ҷумъа,  бидуни занонон ба ин боғ наздик шудани мардон мамнўъ аст. Сар то сар дарахтзор ва гулзор. Латофат ва таровати хосае дорад. Ин ягона ҷоест, ки занону духтарони сатрӣ метавонанд озодона ҳаво гирфта, бо рўи кушод сайру гашт кунанд. Хониши мурғони озодро шунида, ҳаловат баранд. Базмҳо ороста, тамоми рўз сурудхонӣ кунанд. Албатта,  давраҳо ба ҳама ба як сурат намегузаранд.

Дар суфаҳои нашасте ки ҷо – ҷо бардошта шудаанд, ҳар гурўҳ мувофиқ ба мақоми худ ҷой мегирад. Аз рўи имконияти худ хон густурда, дами хуш мезанад.

Замоне дар паҳлўи ин боғи латиф боғи дигаре буд, ки ба номи Боғи Зоғон ёд мешуд. Агар ҳикоятҳои устод Восифиро хонда бошед донистаед, ки Боғи Зоғон ҷои суҳбатгузориҳои дўстон, ҷои маҳфилҳои адабии шуарои Хуросон буд.

Акнун аз он боғ нишони ягонае ки боқӣ мондааст, дарвозаи харобаи он аст. Гўё  рўзҳо,  моҳҳо, ҳафтаҳо,  солҳо ва асрҳо бо сеҳри ниҳоние ба хишт бадал шуда, дар чунин сурате боқӣ мондаанд.

Вақте ки аз Боғи Беҳзод бармегаштем, роҳбалад  оғои Фикрӣ, ки яке аз донандагони таърихи ин вилоёт аст, моро ба харобаҳои Ҳироти бостонӣ бурд.

Ана ин аст он шаҳре, ки шумо зодгоҳи адибони забардасти Хуросон мегўед. Аз он ба ҷуз ана ин чаҳор манора, мақбараҳои бузургон ва ин дашти харобот, ки шаҳр дар ин ҷо воқеъ гардида буд чизи дигаре боқӣ намондааст.

“Куҳан кунад ба замоне ҳамон куҷо нав буд.

 Ва нав кунад ба замоне ҳамон ки хулқон буд…”  

Ҳангоме ки ў ин байтро такрор мекард, дар чашмони камнури чўкидааш, ки аз зиллати пирӣ дарак медоданд, ашк ҳалқа мезад.

Мо аз назди манораҳои қадима гузашта ба боғе расидем, ки дар байни он иморати гунбаздори бошукўҳе меистод. Майдони ин боғ бештар аз чаҳор  гегтар буда, ба даври он ба баландии ду метр аз хишти пухта девор бардошта шуда буд. Дар болои дарвозаи калони он, ки аз тарафи роҳи Хушработ кушода мешуд, навишта шуда буд.

“Эй он ки аз ин роҳ мегузарӣ, хомўш бош, ки бузургон хуфтаанд” Оғои Фикрӣ ба даромадан ишорат карда гуфт:

– Оромгоҳи мавлоно Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ. 

Мо ба боғ дохил шуда, аз роҳраве, ки хишти пухта чида шуда дар ду бари он ҷўйчаҳо кашида шудаанд, гузашта ба зинаҳои мармарини оромгоҳи шоир наздик шудем. Оромгоҳ “Мақбараи мавлоно Ҷомӣ ” гуфта мешавад. Он аз хишти пухта сохта шудааст. Дар пештоқи баланди он ба рўи санги мармар байтҳои зайл канда шудаанд.

Эй, ки дар тоҷу нигин дорӣ рўй,

То ба кай тоҷу нигин хоҳад монд?

Мулки ҳастӣ ҳама тай хоҳад шуд,

На замону замин хоҳад монд.

То тавонӣ, ба ҷаҳон некӣ кун,

К – аз ҷаҳон бо ту ҳамин хоҳад монд.    

Ба фарши оромгоҳ, ки дар байни он мадфани шоир қарор ёфтааст, қолинҳои мазорӣ густурда, ба ҳар бурҷи он аз санги мармар суфачаҳои сохта, ба рўи он шамъҳо, гулдонҳо гузошта шуда, дар токҳои он оромгоҳ нусхаҳои қадимии девони шоир ва “Осори Ҳирот”, ки дар солҳои наздик ба табъ расидааст, гузошта шудаанд. Деворҳои оромгоҳ бо сагрезаҳои хушранг, ки дар равшании шамъ гўё дар оташ месўзанд, гулкорӣ карда шудаанд.

Марқади шоир аз санги мармар, гач ва хишти пухта сохта шудааст. Санги ёдгорие, ки ба болои санги калони марқад гузошта шудааст, аз мазори шайх Абдуллоҳи Ансорӣ, ки дар самти шарқии Ҳирот дар чаҳорбоғи Тахти Сафар воқеъ гардидааст, оварда шудааст. Дар рўи ин санги чун шиша софу равшан бо хати зебои настаълиқ соли таваллуд ва вафоти Мавлоно сабт шуда, сонӣ оварда шудааст: “Аксари кутуб ва расоили машҳури манзум ва мансур, ки рақамзадаи килки он ҳазрат қарор  ёфтаанд,  ҳама писандидаи бузургон ва хурдони Эрону Тўрон аст”. 

Сипас аз асарҳои ҷовидонаи шоир ва файласуфи бузургвор “Хирадномаи Искандарӣ”, “Юсуф ва Зулайхо”, “Саломон ва Абсол”, “Баҳористон” ва ғайра байтҳо оварда дар охир навишта шудааст:

Зи чарх офринҳо бар он килк бод! ”

Бар деворҳо низ аз тарафи хаттоти номдори эронӣ Мирзо Сафо, ки муддате дар Ҳирот зиндагӣ мекардааст, аз ашъори тобноки шоир байту ғазалҳои зиёде навишта шудаанд. Масалан, аз дарун дар болои дари оромгоҳ чунин мисраъҳо хонда мешаванд:

Чунин зӣ, ки гар бошадат Шарқ ҷой,

Кунандат талаб аҳли Ғарб аз худой.

На з – он сон ки дар Рай шавӣ ҷойгир,

Ба нафринат аз Рум хезад нафир.

Дар сохтмони ин оромгоҳи мўҳташам хаттотон,  харротҳо,  бинокорон ва устоҳои бисёре ранҷ бурдаанд. Чунон ки оғои Фикрӣ мегўяд, ин мақбара бори нахуст дар соли 1492 сохта шуда буд. Вале дар замони салтанати сафавиҳо, ки нисбат ба мардуми суннӣ адоват доштанд, мақбара  хароб  карда шуд. Азбаски писари худи шоир Зиёуддин Юсуф ва мухлисони ў аз рўй додани чунин воқеъа бармаҳал огоҳ буданд, пеш аз хароб кардани мақбара шабонгоҳ ҷасади адиби бузургворро бардошта ба ҷои дигар бурданд. Исмоили Сафавӣ хабари пайдо накардани ҷасади Мавлоно Ҷомиро шунида амр кард, ки мақбараи ў ба хок яксон карда шуда, бизооти нодири он ба сохтмони сарою қўшхонаҳои сафавиён масраф карда шавад.

Ҳокими дар Ҳирот будаи  сафавиён чунин кард. Оромгоҳи шоирро хароб карда, сангҳои ёдгории он бурда шуданд. Пас аз ором ёфтани бедодгариҳои сафавиён, ки ҳатто аз мурдаҳо қасос мегирифтанд, ҷасади шоирро боз ба ҷои пештараи худ оварда бошанд ҳам, дигар мақбарае сохта нашуд.

Солҳо мегузаштанд, аз сабаби ҷангҳои паёпаи насабӣ ва фитнагариҳои аҷнабиёни фарангӣ, ки хоҳони таназзули маданияти Шарқ буданд, касе бовар намекард, ки мақбараи ин шоир ва файласуфи шариф боз бардошта мешавад.  Вале дар айни муборизаҳои озодихоҳии халқи афғон ин кори хайр ба ҷо оварда шуд.

Дар аввалҳои асри XX мувофиқи қарордоди амир Ҳабибуллохон бо кўмаки ранҷбарон ва зиёиён оромгоҳои шоир ба он тарзе ки дар боло гуфтем, сохта шуд.

Ҳамин тавр, халқ нисбат ба ин шоири баландпояи худ муҳаббати худро дар намуди чунин як муҷассамаи ёдгорӣ дар гўшаи хоки ватан ва дар дили бебоку пурҳарорати худ боқӣ гузошт.

Эҷодиёти Мавлоно Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ маҳзани бебаҳои адабиёт ва маданияти Шарқ, саҳифаҳои таърихи дўстии бардавоми форсу тоҷик мебошад.

Таҳияи Лола Мавлонова Лола,
Муовини сардори шуъбаи матбуоти даврӣ.
Шарқи Сурх соли 1964 №12