Иржи Бечка. Дараҷаи омӯхтани Тоҷикистон ва Эрон дар Чехославакия

Иржи БечкаАввалин сайёҳони чех ва словак ҳанӯз дар асрҳои миёна ба мамлакатҳои Осиё ва Африқо сайру гашт карда, баъд аз ба ватан баргаштанашон тасаввуроти худро оид ба ин кишварҳо ба шакли китобҳо навиштаанд. Аксарияти ин сайёҳон ба зиёрати Байтулмуқаддас (Ерусалим) омада, баъзеяшон ба Ҳиндустон, Чин ва дигар мамлакатҳо мерафтанд. Вале аз ҳуҷаттҳои сайёҳони чех, ки оид ба Осиёи Миёна бошанд, то давраи мо омада нарасидааст.

Олимони чех аз асри XVIII сар карда дар бораи он асарҳое тадқиқот мегузарониданд, ки онҳо ба забонҳои арабӣ ва яҳудӣ навишта шуда будаанд ва ин тадқиқотҳо бо омӯзиши Тавроту Инҷил, китобҳои муқаддаси насронӣ алоқа доштанд.

Халқи чех ва словак, ки чанд аср дар зери асорати Австрия азоб мекашид, аз асри XIX сар карда,яъне пас аз бедории сиёсии худ  ба омӯхтани илму маданияти Шарқ шуғли калон пайдо мекунад.

Аввалин шахсе ки ба Эроншиносӣ машҳур шудааст, олим ва мутарҷими чех, дотсенти университети Прага Яромир Кошут (1854-1880) буд, ки ӯ, мутаасифона, дар синни ҷавонӣ фавт намуд. Кошут бо ҳамкории шоири машҳури замон – Ярослав Врхлитский2 ғазалҳои Ҳофизи Шерозиро тарҷима карда, дар бораи Ҳофиз чанд рисола низ менависад. Аз он вақт сар карда ғазал дар назми чех низ дохил мешавад.

Эроншиноси дигари чех Рудолф Дворжак3 (1860-1920) мебошад. Ӯ аз шогирдон ва пайравони Кошут буда, забонҳои чинӣ, арабӣ, яҳудӣ, туркӣ ва форсиро медонист. Дар ин соҳаҳо низ мақолаҳо навишта дар соли 1889 “Ҳусну дил”-и Фаттоҳии Нишопурӣ ва аз ашъори Рӯдакӣ, Кисоӣ ва Саъдӣ чанд намуна ба забони чехӣ тарҷима кардааст.

Ҳанӯз дар соли 1873 аввалин тарҷимаҳои  ашъори Абдурраҳмони Ҷомӣ дар саҳифаҳои маҷаллаи чехии “Лумир” пайдо мешаванд. Дар охирҳои асри XIX проффесор Юстин Прашек оид ба таърихи Эрони қадим тадқиқот гузаронида, дар ин соҳа ба забони чехӣ ва немисӣ чанд китоб таълиф менамояд, ки баъзе аз онҳо хеле ҷолиби диққат буда, то ҳол аҳмияти худро гум накардаанд. Яке аз асарҳои ба назар намоёни ин муаллиф “Таърихи халқи кадими Шарқ” мебошад.

Дар соли 1906 шогирди Дворжак – Йиндржих Энтлихер аввалин бор мунтахаби “Гулистон”-и  Саъдии Шерозиро ба чехӣ тарҷима мекунад ва оид ба ин асари Саъдӣ низ рисолае менависад.

Пас аз ин дар соли 1910 хонандагони чех бо аввалин тарҷимаи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ (ба миқдори 1200 байт) шиносо мешаванд, ки ин тарҷимаро Яромир  Броетски  доир ба шоир ва асари безаволи вай “Шоҳнома”, ки дар он замон аҳамияти калон дошт, монографияи худро ба қалам медиҳад. И. Энтлихер ва нависандаи машҳур М. Маерова дар соли 195 хонандаи чехро ба намунаҳои ашъори Ҳотифӣ, Низомӣ ва Хусрави Деҳлавӣ шиносо менамоянд.

Ғайр аз ин дар аввали асри XX дар бораи Осиёи Миёна ва халқҳои ин сарзамин китоби пурмазмуне навишта мешаванд, ки муаллифи он Эмануэл Файт4 мебошад. Файт шахсест, ки шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Тошканд ва ҷойҳои дигарро бори аввал дар солҳои навадум ва бори дуюм дар ибтидои асри бистум сайр кардааст. Файт ду китоб навиштааст, ки яке аз онҳо доир ба аҳволи иқтисодии Осиёи Миёна буда, дигаре ба этнография, тасвири аҳли Осиёи Миёна ва урфу одатҳои он бахшида шудааст. Китоби Файт, ки ҳаҷман калон ва хеле қобили диққат аст, мо дар бораи он мақолаи алоҳида хоҳем навишт.

Тарҷимаи шеърҳои Ҷомӣ бори дуюм дар соли 1911 дар рӯзномаи чехии “Виенна” нашр гардид, ки он ба қалами Ян Рибка5 дахл дорад. Баъд аз он ки оташи ҷанги ҷаҳони якум хомӯш гардида Чехословакия ба республикаи озод (то соли 1918 узви беҳуҳуи империяи Австрия буд) табдил ёфт, фаъолияти эронишиносии ҳозираи чехӣ, тарғиботчии назми форсу тоҷик гузаштааст. Адиби писандидаи назми форсу тоҷик ва дар ин соҳа олимӣ ҷаҳоншумуле мебошад. Ян Рибка дар ибтидо бештар ба филологияи турк машғулият дошт, вале ӯ то ҳоло тамоман ба тадқиқоти осори классикони адабиёти форсу тоҷик гузашааст. Адиби писандидаи ин марди фозил Низомии Ганҷавӣ буд. Ӯ на танҳо қисми зиёди асарҳои Низомиро бо ҳамкории шоирони машҳури чех  тарҷима кардааст, балки оид ба Боқӣ, Собит, Низомӣ, Лабибӣ, Фаррухӣ, Умари Хайём, вазни назму форси тоҷик ва ғайра як қатор рисолаҳои илмӣ навиштааст.

Дар солҳои бистум хонандаи чех бо сафарномаи табиб Иосеф Аул шиносо шуд, ки ӯ шаш сол (1915-1920) дар Осиёи Миёна, аз он ҷумла дар шаҳри Бухоро зиндагӣ карда, дар онҷо бо Пайрав Сулаймонии ҷавон муносибати дӯстӣ пайдо кардааст. Дар солҳои сиюм Аул аз ҳаёти Бухорои тоинқилобӣ романе навишта, бо унвони “Дарвеш дар саҳро“ нашр намуд.

Дар ибтидои солҳои бистум рубоиёти Умари Хайём ба забони чехӣ нашр мегардад, ки онро Иосеф Штибр тарҷима кардааст. Ҷолиби диққат аст, ки Иосеф Штибр рубоиёти Хайёмро бори аввал дар соли 1922 аз забони англисӣ тарҷима мекунад ва баъд аз ин забони форсиро омӯхта, дар соли 1947 тарҷимаи нави онро  ба нашр ҳозир менамояд.

Эроншинос ва арабшинос Феликс Тауэр6 яке аз шогирдони профессори Рудолф Дворжак ҳисоб меёфт. Ҳоло ӯ профессори Университети ба номи Карел IV (дар Прага) мебошад. Феликс Тауэр солҳои дароз дар соҳаи таърихи темуриён кор мекунад ва бахшида ба осори муаррихони форсу тоҷик, ки воқеаҳои ин давраро тасвир кардаанд, чанд аср навиштааст. Ӯ феҳрасти дастхатҳои таърихии форсу тоҷикро, ки дар китобхонаи Истамбул маҳфузанд, таълиф кардааст. Феликс Тауэр инчунин чопи танқидии “Зафарнома”-и Низомуддини Шомиро ба нашр ҳозир намуд. Ба ғайр аз ин, як қатор дастхатҳои дигаре, ки бо таърихи Мовароуннаҳр дахл доранд, ба табъ расонидааст. Феликс Тауэр низ мутахассиси машҳури “Ҳазору як шаб” мебошад. Ӯ тарҷимаи ин асарро бо тавзеҳоти хуб дар нуҳ ҷилд ду маротиба нашр кунонид.

Милош Бротски – писари Яромир Бротски яке аз шогирдони устод Рибка ба шумор меравад. Ӯ муаллифи мӯътабари як қатор мақолаҳои буда, (масалн, мақолаҳои ӯ оид ба Лабибӣ ва Фаррухӣ), яке аз тарҷимаҳои рубоиёти Умари Хайёмро низ ба анҷом расонидааст. Вале М. Бротски хеле бармаҳал вафот кард.

Дар байни ду ҷанги ҷаҳонӣ як қатор асарҳои қаҳрамони халқи Чехославак Юлиус Фучик ба миён омаданд. Фучик дар вакти саёҳати Осиёи Миёна дар Душанбе бо асосгузори адабиёти советии тоҷик Садриддин Айнӣ ошно гардид ва устодро бисёр эҳтиром мекард. Фучик баъд аз ватан баргаштан, бо китобҳои репортажии худ хонандагони тараққипарвари Чехославакияро ба ҳаёти Тоҷикистони Советӣ ва муборизаи халқи он барои ҳаёти нав ошно кард.

Вазъияти Осиёи Миёна ва муборизаи он бар зидди босмачиён дар асари журналисти Чехословакия коммунист Эгон Эрвин Киш тасвири худро ёфт. Китоби Киш “Осиёи бо решааш тағйир ёфта”, монанди осори Юлиус Фучик ба чанд забон , аз ҷумла бо забони русӣ, тарҷима шудааст.

Дар солҳои сиюм ду китоби Ян Мали нашр гардид. Яке “Сайёҳ дар империяи Темур” (Прага, 1929) ва дигаре “Дар водиҳои Дарвоз” (1941) ном дорад. Ян Мали дар солҳои 1913 ва 1914 ба сифати ҷамъкунандаи ҷинсҳои нодири набототу ҳашарот ва маъдан қисми зиёди Тоҷикистони имрӯзаро тай намудааст. Китобҳои Мали пур аз ҳусни таваҷҷуҳ нисбат ба халқи тоҷик аст. Ӯ маданияти бой ва сифатҳои олии одамони ин кишварро бо эҳтиром ба қалам меорад…

Матни комили ин мақола дар шумораи 2-ми маҷаллаи “Садои Шарқ” соли 1965 чоп шудааст. Хонандагон бо мақола метавонанд дар толори хониши шуъбаи матбуоти даврӣ ошно шавад. Матлаби хубест барои касоне, ки ба омӯзиши таърихи адабиёти тоҷик ва тарҷумаи осори классикони форсу тоҷик дар Аврупо машғуланд. 

ЭЗОҲ:

  1. Иржи Бечкаховаршинос, тарҷумон, доктори илмҳои адлия ва фалсафа, узви Иттифоқи нависандагони ҶТ. Солҳои 1915-2004 зистааст. Аз маъруфтарин шарқшиносони Аврупост, ки Тоҷикистонро хуб медонист.
  2. Ярослав Врхлицкы (Эмил Фрида) – шоир, дроманавис, тарҷумони чех, сарвари ба ном мактаби «космополитӣ» дар адабиёти чехӣ. 17 ё 18-уми феврали соли 1853 зода шуда, 9-уми сентябри соли  1912 фавтидааст.
  3. Рудолф Дворжакадабиётшинос ва шарқшиноси аҳли Ҷумҳурии Чех, доктори фалсафа. Аз бунёдгузорони шарқшиносӣ дар Ҷумҳурии Чех, аввалин профессори забонҳои шарқ дар Донишгоҳи Карлов. 12-уми ноябри соли 1860 ба дунё омада, 1-уми феврали соли 1920 дар Прог фавтидааст.
  4. Эмануэл Файтнависандаи аҳли Австрия, Чехословакия, гардишгар, омӯзгор, қавмнигор. Доктори фалсафа, профессори ҷуғрофия. Солҳои 1854-1929 зистааст.
  5. Ян Рибкаховаршинос, туркшинос, эроншиноси аҳли Чех. Солҳои 1886-1968 зистааст.
  6. Феликс Тауэршарқшинос, нависандаи аҳли ҷумҳурии Чех. 20 январи соли 1893 ба дунё омада, 17 январи соли 1981 дар Прог дида аз олам бастааст.

Таҳияи Мадина Раҳмонова,
сармутахассиси шуъбаи
матбуоти даврӣ