Иштироки гулдухтарони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар фестивали ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан”

18-уми июни соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии “Филармонияи давлатии ба  номи А. Ҷўраев” Фестивали ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” баргузор гардид, ки дар он тарроҳон аз шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ширкат намуда, намунаҳои либосҳои чакани худро ба намоиш гузоштанд.

Гуфта шуд, ки чакан намунаи либоси миллӣ, ҳунари дӯзандагии бонувони ҳунарманди тоҷик мебошад, ки асрҳо боз зан-модари тоҷикро зеб дода, боиси обрӯ ва эътибори бонувони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ гардидааст.

Дар фестивали мазкур тарроҳон аз гӯшаву канори мамлакат ба хотири заҳматҳояшон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки бонувони Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ дар ин фестивал бо рӯҳияи болида, либоси чакан ба бар намуданд ва дар ин тадбири фарҳангӣ фаъолона ширкат варзиданд.

Сайёра Каримова, Мутахассиси шуъбаи котибот