Иштироки кормандони Китобхонаи миллӣ дар ҷаласаи Бахши абонементи байни китобхонаҳои кишварҳои узви ИДМ

абонементи байни китобхонаҳоКормандони шуъбаи абонементи байникитобхонавӣ ва таҳвили ҳуҷҷатҳои электронии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи гузашта дар ҷаласаи Бахши абонементи байни китобхонаҳо ва Дастрасӣ ба ҳуҷҷатҳои кишварҳои узви ИДМ ширкат карданд.

Ин ҷаласа аз ҷониби Анҷумани китобхонавии Русия созмон дода шуда буд ва он  ҳузурӣ ва онлайн баргузор шуд. Дар кори он  70 нафар аз китобхонаҳои мухталифи кишварҳои ИДМ тариқи онлайн иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш  мудири бахши АБК- и Китобхонаи миллии Русия  аз шаҳри Санкт Петербург О.Н. Гурбанова оид ба мушкилоти фаъолияти бахши мазкур тибқи моддаҳои Кодекси граждании Федератсияи Русия, ҳуқуқҳои муалиф, нусхаи электронӣ ва таърихи ислоҳи онҳо (пешниҳоди лоиҳаи тағиру иловаҳо, муҳокимаи он дар Думаи Давлатӣ ва ғайра) суханронӣ кард.

Аз Китобхонаи давлатии Русия Н.В. Козлова оид ба таҷрибаи фаъолияти толори хониши виртуалӣ, кори Антиплагиат-и китобхона ибрози назар намуд.

Китобхонаи давлатии илмӣ-техникии Русияро дар ин нишаст О.А. Середа намояндагӣ кард ва атрофи ҷустуҷӯи библиографӣ чун қисми ҷудонашавандаи хидматрасонии АБК ва ДҲ ҳарф зад.

Аз Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тува ба номи Пушкин А.С.  оид ба фаъолияти китобхонаҳо дар замони ҷаҳонишавӣ ва бумисозии фарҳанги миллии халқҳои камшумор назароти худро иброз доштанд.

Зебунисо Давлатова