Иштироки намояндагони Китобхонаи миллӣ дар як семинари байналмилалии шаҳри Москва

Китобхонаи миллӣСеминари байналмиллалии илмӣ-амали дар мавзуи “Тармиму таъмири ҳуҷҷатхо бо шеваву усули наву куҳна -2026”, ки аз 6-уми то 10 уми апрел дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор шуда буд, ба кори худ поён дод. Дар он 350 нафар коршиносон аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчунин аз Марказҳои таъмиру тармими аснод намояндагони давлатҳои  Эфиопия, Юнон ва Чин ширкат карданд.

Дар семинари мазкур аз Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми директори Китобхона  Салима Раҷабзода ва мудири бахши таҳрир ва интишороти Муассиса Зокир Рабиев иштирок намуданд.

Ҳамкорони мо иттилоъ доданд, ки ин семинар дар Китобхонаи давлатии Русия дар якчояги бо Анҷумани китобхонавии Авруосиё VIII баргузор гардида, ҳадафи асосии он мубодилаи таҷриба ва баланд бардоштани маҳорати таъмиргарон (реставратон) ва нигоҳдорандагони китобхонаҳо, бойгониҳо ва осорхонаҳо мебошад.

Дар ин семинар ба иштирокдорон оид ба фаъолияти Марказҳои таъмиру тармими чаҳон, ки дорои таҷрибаи пешқадам ва фаровони илмӣ дар соҳаҳои афзалиятноки ҳифзи фондҳои  ҳуҷҷатӣ мебошанд, аз ҷумла методикаҳо, мавод ва таҷхизотҳоеро, ки дар амалияи худ истифода мебаран,д ба иштирокчиён муаррифӣ намуданд.

Инчунин дар баробари таъмиру тармим (реставратсия) баррасии ҳифзу нигоҳдории маводҳои чопии китобхонаҳо дар шароити муосири таъмиру тармими ҳуҷҷатҳо, баррасии ҳифзи мероси фарҳанги башарӣ, истифодаи техникаву технологияи муосир дар ин самт дарсҳои омӯзиши амалӣ, мастер-классҳо баргузор намудаанд.

Ҳамзамон ширкаткунандагон имкон пайдо карданд, бо намоиши байналмиллалии Марказхои таъмиру тармими ҳуҷҷатҳо шинос гарданд.

Ҳамоиши илмӣ-амалӣ бо дастгирии Вазорати фарҳанги  Федератсияи Русия ва Фонди (МФГС ) – Фонди байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ баргузор шуд.

Наргис Назарзода