Искандари Афродисӣ кӣ буд?
Искандари Афродисӣ (асри 2, Афродисия, Осиёи Хурд – асри 3, Руми Қадим), файласуфи машшоӣ ва барҷастатарин муфассиру шореҳи осори Арасту. Искандари Афродисӣ ҳамасри императорони Рум – Септимиус Северус (193-211) ва писари ў – Каракалла (211-217) буда, дар нимаи дуввуми асри 2 ва ибтидои асри 3 зистааст.
Императорони мазкур ҳудуди солҳои 198 ё андаки пас аз он Искандари Афродисиро барои тадрис ба Афина фаро хонданд ва ў барои сипосгузорӣ «Дар бораи сарнавишт» ном китоби худро ба онҳо тақдим кард. Искандари Афродисӣ дар манобеи юнонӣ бештар бо унвони «Муфассир» ва Арастуи Дуввум ном бурда шудааст. Навиштаҳои ў барои шореҳони баъдии осори Арасту аз манобеи муҳимму муътабари таърихӣ ба шумор мерафт. Дар даврони муосир низ тавсирҳои ў бар таълифоти Арасту барои пажўҳишгарони зиндагӣ ва осори ин файласуфи юнонӣ мушкилкушост.
Искандари Афродисӣ бисёре аз осори Арастуро тафсир кардааст, вале бештари шарҳу навиштаҳояш аз миён рафтаанд ва он чи аз онҳо боқӣ мондааст, дар маҷмўаи «Тафсирҳои юнонӣ бар осори Арасту» ёфт мешаванд. Шарҳҳову навиштаҳои дигари ў дар маҷмўаи «Заминаҳои арастуӣ» дар се ҷилд (Берлин, 1885 – 1903) мунташир шудааст. Дар ҷилди дуввуми маҷмўаи мазкур «Навиштаҳои хурд», «Дар бораи равон», рисолаи «Дар бораи ақл» (Берлин, 1887) ва мулҳақоту изофоти он, аз ҷумла «Масоили табиӣ 1» ва «Дар бораи сарнавишт» (Берлин, 1892) ба нашр расидаанд. Илова бар онҳо, тақрибан 35 навиштаи хурди Искандари Афродисӣ дар тарҷумаҳои арабии бадастомада, ки асли юнонии бархе аз онҳо аз миён рафтанд, боқӣ мондаанд. Муҳимтарини онҳо пораҳоеанд, ки Ибни Рушд дар тафсирҳои худ бар осори Арасту (бахусус бар «Мобаъдуттабиа»-и Арасту) овардааст.
Дар миёни муфассирони осори Арасту Искандари Афродисӣ вафодортарину дақиқтарини онҳо ба усул ва ақоиди ў буда, дар тафсирҳояш бо таваҷҷуҳи хосса таълифоти Арасту ва назариёти ўро дунбол кардааст. Ў ҳатто мухолифату ноҳамоҳангиҳои эҳтимолии андешаҳои Арастуро дарёфта, кўшидааст онҳоро ислоҳ кунад.
Искандари Афродисӣ дар он чӣ аз тафсирҳояш бар осори Арасту боқӣ мондааст, ба масъалаҳои мантиқ, мовароуттабиа ва ҳавошиносӣ пардохта, дар ду китоб: «Дар бораи равон» ва «Пажўҳишҳое дар бораи табииёт» таълимоти равоншиносӣ ва инсоншиносии Арастуро таҳлилу тафсир кардааст. Дар заминаи масъалаҳои ахлоқӣ низ дар баробари ақоиду эътирозҳои файласуфони равоқӣ (гурўҳе аз файласуфони Юнони Қадим), аз назариёти Арасту ва дар баробари афлотуниён аз назарияи қидами олами Арасту дифоъ кардааст. Муҳимтарин назариёти Искандари Афродисиро дар заминаи равоншиносӣ назарияи шинохт ва бештар доир ба ақл ва андешидан дар бар мегирад. Ў ҳаводору ҳимоятгари озодии иродаи инсон буда, дар асараш «Дар бораи сарнавишт» назарияи тақдиргароии равоқиёнро интиқод ва рад кардааст. Таълимоти Искандари Афродисӣ дар бораи равон (нафс) ва ақл пураҳаммият мебошад. Ў дар пайравӣ аз назарияи арастуӣ ба ҳамбастагии модда ва сурат, равону тани инсон қоил аст. Тибқи ақидаи Искандари Афродисӣ ҷавҳаре мустақил аз тан вуҷуд надорад; аъмоли равон низ ба сохтори тан ва ҳаракатҳои он вобаста аст. Тан ва омезаҳои он иллати вуҷуди равонанд. Азбаски равон сурат ва камоли тан аст, бо табоҳ шудани танравон низ табоҳ мешавад. Яъне, Искандари Афродисӣ намирандагии равонро инкор кардааст.
Дар навиштаҳои Искандари Афродисӣ ақл ба се гуна тақсим мешавад: 1. Ақли моддӣ ё ҳаюлоӣ. 2. Ақли хислатӣ ё билмалака. 3. Ақли кунишманд ё фаъол. Ў ақли моддӣ ё ҳаюлоиро гунае омодагӣ ва истеъдоди маҳз дар равони инсон донистааст, ки дорои ҳеҷ сурате нест ва вуҷуди воқеӣ надорад, аммо он метавонад ба ҳама чиз биандешад. Пас, ақли ҳаюлой ақли билқувва буда, ҳеҷ гуна феълияте надорад, неруи маҳзест, ки дар ҷараёни камол ёфтани равон метавонад суратҳо ва маъқулотро пазиро шавад.
Искандари Афродисӣ ақли хислатӣ ё билмалакаро гунае тавоноӣ барои идроки суратҳои маъқулот маънидод мекунад ва он неруе, ки дар худ дорад, чун малакаест, ки санъатгарону ҳунармандон доранд. Ақли ҳаюлоӣ ба шакли ақли билмалака даромада, метавонад биандешад ва касоне, ки камол ёфтаанд, онро соҳибанд. Искандари Афродисӣ муътақид аст, ки тавассути ақли фаъол ё кунишманд (гунаи севвуми ақл) ақли ҳаюлой ақли билмалака шуда метавонад. Ақли билфеъл ҳамон маъқули билфеъл ва ҳамон сурати маъқул аст; маъқули билфеъл низ ҳамон ақли билфеъл мебошад, зеро ҳангоме ки ақл сурати маъқулро мегирад ва онро аз модда ҷудо мекунад, онро ба шакли маъқули билфеъл дармеоварад ва худаш низ ақли билфеъл мешавад. Чунин ақли фаъол «ақл аз берун» номида мешавад, ки ҷузъе ё неруе аз равони мо нест, балки аз берун дар мо рўй медиҳад.
Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2019. – Ҷ.8. – С. 411.
Муаллиф: У. Камолов.
Таҳияи: Шаҳноза Садирзода
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ