Қиссаҳои  хуб  барои бачаҳои  хуб (Аз Гулистон  ва  Мулистон )

Гулистон  ва  МулистонЧанд  сухан ба бачаҳо ва волидайн

Бачаҳои хубу гиромӣ!

Китобе, ки рўи даст гирифтаед, ҷилди шашуми силсилаи «Қиссаҳои хуб барои бачаҳои хуб» аст ва нигорандааш Маҳдии Озарияздӣ (1922 – 2009) мебошад. Нависанда мунтахаби 15 қиссаи хубро аз «Гулистон» ва асарҳои шабеҳи он гирд овардааст. Қиссаҳо барои хонандаи тоҷик – яъне шумо содаву фаҳмо карда шудаанд.

Саъдии Шерозӣ шоир, насрнавис ва мутафаккири бузурги форс- тоҷик мебошад. Ў тақрибан соли 1204 дар шаҳри Шерози Эрон ба дунё омадааст. Саъдӣ дар синни 12-солагӣ аз падар ятим монда, маълумоти ибтидоиро дар Шероз гирифта, баъди Эронро забт кардани муғулҳо ба Бағдод рафт ва таҳсилро дар мадрасаи Низомия давом дод. Шайх Саъдии Шерозӣ соли 1292 аз олам гузаштааст. Ў дар тўли умраш ба Туркистон, Ҳиндустон, Африқои Шимолӣ, Арабистони Ҷанубӣ ва Осиёи Хурд сафар намудааст.

«Гулистон», «Бустон», «Таййибот», «Бадоеъ», «Хавотим» ва «Ғазалиёти қадим» аз ҷумлаи осори арзишманду муҳимми ўст.

«Гулистон» соли 1258 бо насри мусаҷҷаъ (оҳангин) ва омехта бо назм таълиф шуда, фарогири «дебоча» ва 8 боб аст.

Бештари матлабҳои «Гулистон» кўтоҳ ва ба шеваи ҳикоёту пандҳои ахлоқӣ навишта шудаанд.

Ин буд мухтасаре аз таърихи «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, ки барои шумо донистани он хуб аст. Бачаҳои азиз! Қиссаҳоро хонда, мазмуну муҳтавои онҳоро ҳифз кунед. Бидонед, ки падару модар ганҷи бебаҳоянд ва ба панду насиҳатҳои онҳо гўш бидиҳед: бо одобу ахлоқ ва дониши хуби худ боиси сарфарозии онҳо гардед.

        Волидайни азизу гиромӣ!

Қиссаҳои пандомўзу ибратбахши ин китоб барои рушду камоли фарзандони шумо муфиду муассир аст.

Муҳаммад Ғаззолӣ басе наку фармуда: «Бидон, ки фарзанд амонатест андар дасти модару падар ва дили вай пок аст, чун ҷавҳар нафис ва нақшпазир чун мум ва аз ҳама нақшҳо холист ва чун замин пок аст, ки андар вай афканӣ, бирўяд. Агар тухми хайр афканӣ, ба саодати дину дунё расад ва модару падар ва муаллим андар савоб шарик бошанд…».

Фарзанд, ки нахли умр ва ширинии ҳаёт аст, пас дар тарбияташ набояд сустию саҳлангорӣ кард. Барои тарбияти фарзанди солеҳ, пеш аз ҳама, таъмини фазои солими хонаводагӣ басо муҳимму муассир аст. Аз ин хотир, бояд барои тарбияти саҳеҳи фарзанд фазои солиму мусоидро фароҳам сохт. Дигар воситаи муҳимми рушду ташаккули фарзанд таълим буда, василаи асосии он китоб маҳсуб мешавад. Пас, лутфан, барои таъмини китоб бар фарзанди худ аз ҳеҷ кўшише дареғ надоред! Баъди оне ки фарзанд дастрасӣ ба китоб пайдо кард, лозим аст бо ў дар мутолиа ё баррасии тасвирҳо ва маълумоти китоб шарик бошед. Бо ин амал шумо метавонед майлу рағбати китобхониро дар фарзандон ба вуҷуд оваред. Муваффақ гардидани фарзанд ва сохтани ояндаи ў ба шумо бастагӣ дорад.

 

ҲАМНИШИНИ   БАДНОМ

Рўзе буду рўзгоре буд. Дастае аз роҳзанон роҳи корвонро баста дороии мусофиронро ғорат карда буданд. Вақте хабар ба шаҳр расид ҳоким дастур дод, лашкаре фароҳам оварданд ва атрофи маҳали воқеаро дар муҳосира гирифтанд ва роҳи омадурафтро бастанд ва андак – андак ҳалқаи муҳосираро тангтар карданд ва ҳар ояндаву равандаро зери назар гирифтанд, то оқибат дар миёни теппаҳо дастаи дуздҳоро гирифтанд. Ҳамаро даступо баста назди ҳоким оварданд.

Ҳоким ба қозӣ гуфт:

– Дуздонро дар ҷамъи мардум муҳокима кунед. Агар бегуноҳе дар миёни онҳо ҳаст, бишноседу озод кунед. Гуноҳкоронро азоби сахт бидиҳеду хабарашро ба ҳама ҷо бирасонед, то дигарон боҳушу роҳҳо амну амон бошад.

Қозӣ онҳоро муҳокима кард ва ҳама худро бегуноҳ медонистанд. Баҳонаҳо тарошиданд, вале молҳои корвонро тақсим карда буданд. Ҳар яке чизе аз он дошт ва ҳеҷ яке наметавонист узре биёварад. Ночор эътироф карданд, ки корашон роҳзанӣ аст. Аммо якеашон гуноҳро ба гардан намегирифту мегуфт:

– Ман аз эшон нестам ва корам дуздӣ нест. Шоирам, наққошам, нависандаам, ҳунармандам ва агар бахти бад маро бо ин ҷамоат пайванд додааст, маро бо дуздон дар як радиф набояд шумурд. Номае пур аз фазлу балоғат ва шеъру ҳикоят ва ҳадису ривоёт ба ҳоким навишт ва шикоят кард, ки қозӣ сухани маро намепазираду доди маро намедиҳад, ман дузд нестам ва аҳли донишу ҳунарам ва ҳоким бояд ба кори ман таваҷҷўҳи дигар дошта бошад.

Ҳоким мутаассир шуд, ҷавонро ҳозир карду гуфт:

Номаи бисёр хуб навишта будӣ, ки далели фаҳму маърифат аст, чӣ мегўӣ?

Гуфт:

    – Ман дузд нестам.

Ҳоким гуфт:

    – Чаро ҳамдасти дуздон будӣ?

Гуфт:

– Эшонро намешинохтам ва корашонро намедонистам. Ба онҳо хидмат мекардаму музд мегирифтам. Ҳисоб менавиштаму китоб мехондам ва мавъиза мекардам. Пурсид:

    – Қозӣ чӣ мегўяд?

Гуфт:

   –  Ў маро низ роҳзан мешумораду узрамро намепазирад.

Ҳоким дастур дод:

   –  Ҷавонро дар ҳузури ман муҳокима кунед.

Қозӣ дар ҳузури ҳоким муҳокимаро аз сар шурўъ карду аз ҷавон пурсид:

    – Медонистӣ, ки эшон роҳзананд?

Гуфт:

– Намедонистам ва аз вақте корвонро заданд фаҳмидаму аз ҳамроҳӣ бо ин ҷамоат пушаймон шудам.

Қозӣ гуфт:

Намегўям, ки ҳамнишинӣ далели ҳамкорӣ аст, вале чӣ гуна аз ин либоси дуздӣ пўшидӣ?

Гуфт:

     – Розӣ набудам бипўшам, вале чора набуд.

Пурсид:

    – Чанд вақт аст, ки инҳо корвонро заданд?

Гуфт:

–  Ду моҳ.

Пурсид:

    –  Он ҷое, ки корвонро заданд, куҷо буд?

Гуфт:

      – Дар миёни фалон шаҳру фалон ободӣ.

Пурсид:

Оё метавонӣ нақшаи ин роҳро дар коғаз бикашӣ, то дар роҳшиносӣ ба мо кўмак кунӣ?

Гуфт:

Метавонам. Ман ин роҳро монанди кафи даст мешиносам ва дар расми нақша ҳеҷ кас чун ман устод нест.

Қозӣ гуфт:

– Офарин! Оё метавонӣ шеъре бисозию пушаймонии худро аз ҳамроҳӣ бо дуздон васф кунӣ?

Гуфт:

Метавонам. Калима дар дасти ман монанди муми нарм аст ва метавонам бо як шеър шўре барпо кунам.

Қозӣ гуфт:

– Боракаллоҳ! Оё метавонӣ достоне бинависӣ ва бархурди дуздонро бо корвон ва ваҳшати мусофирону гуфтушуниди ононро таъриф кунӣ?

Гуфт:

– Метавонам. Тарси мардуми қофила ва илтимоси онону бераҳмии ин дуздон худ як достони сўзнок аст?

Қозӣ гуфт:

Аҳсан бар ту. Аммо ин дуздон чи гуна зиндагӣ мекарданд, ки ҳеҷ кас эшонро намешинохт? Оё дар ин муддат ҷуз аҳли он қофила чўпоне, даштбоне, мусофири танҳое, саҳрогарде, деҳқоне, ғарибе ошное аз мардуми он ҷойҳо дар ҷойгоҳи ин дуздон дида намешуданд?

Гуфт:

–  Чаро, вале дуздон бо ин гуна ашхос коре надоштанд ва ин ашхос дастаи дуздонро мусофирони хушгузарон медонистанд.

Қозӣ гуфт:

Бо ин тартиб ту ки дуздонро шинохта будӣ, чаро дар муддати ин ду моҳ нақшаи роҳу ҷойгоҳи дуздонро накашидӣ ва достони дуздиро нанавиштӣ, чаро дуздонро расво накардию хабарро ба гўши роҳбонон нарасондӣ? Чаро аз эшон ҷудо нашудию фирор накардӣ?

Гуфт:

    – Дар ин фикр будам, вале тавфиқ ёрӣ надод.

Қозӣ пурсид:

    – Оё дар ин муддат ҳеҷ шеър нанавиштаӣ?.

Гуфт:

– Як шеър.

Гуфт:

   –  Бихон.

Ҷавон ғазалашро хонд.

Қозӣ ба ҳоким гуфт:

– Бар ман собит аст, ки ин ҷавон монанди боқии дуздон дузд аст ва гуноҳаш аз ҳама бештар аст, ки донотарину бофаҳмтарин ҳамкори эшон будааст. Шеъраш ҳам аз бедардию бехаёлӣ ҳикоят мекунад. Ба шеъру достон ва маонии баёнаш фирефта набояд шуд, зеро ки аз ҳамнишинӣ бо дуздон пушаймон нест. Агар дузд намебуд, ҳамнишини эшон намешуд ва агар пушаймон мебуд пеш аз дастгирӣ ба ҷойи ғазал шикоятнома месохт. Дарахтро аз мевааш мешиносанд ва одамро аз кораш ва касе, ки бо бадкорон ҳамнишин асту аз он розӣ аст, ҳамкору ҳамдаст ва ёру мададгори эшон аст. Агар аз корашон розӣ набуд, ҳатто агар дар дасти эшон асир буд, метавонист ба василаи чўпоне, деҳқоне, ояндаву равандае рози эшонро фош кунад. Ҳамнишинӣ далели ҳамҷўӣ аст.

Ҷавон гуфт:

     – Вале ман ҷома аз тани касе накандам.

Қозӣ гуфт:

     – Наметавонистӣ, вале аз пўшидани либоси дуздӣ парҳез накардӣ.

Ҷавон гуфт:

     – Бо эшон ҳамдил набудам.

Гуфт:

      – Дурўғ мегўӣ.

Гуфт:

      – Тавба мекунам.

Қозӣ гуфт:

Ҳоло чорае надорад, тавба пеш аз расвоӣ аст. Баъд аз гирифторӣ ҳама тавбакор мешаванд.

– Гуфт:

      – Бо ман ғараз дорӣ ва намехоҳӣ озод шавам.

Гуфт:

      – Ҳамон ғаразро дорам, ки бо дигар роҳзанон дорам.

Ҳоким гуфт:

Ба назар мерасад, ки ин ҳам маҳкум аст. Танҳо чизе, ки аз дигар дуздон бештар дорад суханварию ҳушёрӣ аст. Дареғ аз ҳушёре, ки бар роҳи каҷ меравад, агар бо роҳи рост мерафт, ба бузургию бузургворӣ мерасид.

 

         Аз китоби “Қиссаҳои хуб барои бачаҳои хуб” (Аз Гулистон ва Мулистон). Муаллиф Маҳдии Озаряздӣ. Душанбе “Ирфон”, 2024.

 

Силсилаи китобҳои “Қиссаҳои хуб барои бачаҳои хуб” – ро метавонед дар толори хониши адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ бихонед.

 

Таҳияи Зарина Зиёвуддинова, шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон.